30 соли бо барори «Садои мардум»

30 Декабр 2020, Чоршанбе

Якуми январи соли 2021 аз таъсиси нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Садои мардум» 30 сол пур мешавад. Бо ин мақсад имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷамъи вакилони мардумӣ ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 30 солагии таъсисёбии ин нашрияи серхонандаи кишварро табрик намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки «нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сари вақт ва ҳамаҷониба инъикос намудани фаъолияти шӯроҳои намояндагони халқ, нақши онҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии кишвар, инъикоси қонунҳои қабулгардида ва ибрози назари вакилони мардумӣ ба табъ расида, аз оғози фаъолияти худ то имрӯз аз арзишҳои милливу давлатӣ дифоъ намуда, баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва шукуфоии диёр саҳми арзишманд мегузорад».
Бо мақсади сазовор истиқбол намудан аз ҷашни 30 солагии нашрияи парлумонии «Садои мардум», ки ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Раиси Маҷлиси намояндагон ба сардабири нашрия – Асозода Самариддин ифтихорномаҳои Маҷлиси намояндагонро тақдим намуд.
Самариддин Асозода низ дар навбати худ ба Раиси Маҷлиси намояндагон, вакилони мардумӣ ва хонандагони нашрия изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки «ҳайати эҷодии «Садои мардум» талош менамоянд, ки нашрия барои ҳамеша садои дили шумо ва мардуми азизи кишвар бошад».
Ҷиҳати қадршиносӣ аз заҳмати ҳайати эҷодии нашрия 15 нафар кормандони «Садои мардум» низ бо ифтихорномаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ёдрас мешавем, ки нашрияи «Садои мардум» 1 январи соли 1991 таъсис шуда, аввалаин сармуҳаррири он рӯзноманигори варзида Муродулло Шерализода буданд.

Илова кунед