Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон

04 Январ 2021, Душанбе

Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 9 январи соли ҷорӣ мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон сурат мегирад. Тибқи ин дастур вакилони мардумӣ ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуда, доир ба масъалаҳои рӯзмараи мардум бо онҳо дидору гуфтугӯҳои корӣ анҷом медиҳанд.
Зарфи 9 рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон дар назди интихобкунандагони худ баромад намуда, роҷеъ ба дастовардҳои корӣ, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст суханронӣ менамоянд. Инчунин вазъи сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат манзури нтихобкунандагони кишвар қарор мегирад.
Вакилони мардумӣ дар ҳар як нишаст дар баробари андашаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ, ҳамзамон ба саволу дархости интихобкунандагон посух мегӯянд.

Илова кунед