Муовини раиси Маҷлиси намояндагон Қодир Қосим бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон мулоқот намуд

05 Январ 2021, Сешанбе

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодир Қосим дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон мулоқот анҷом дод..
Қодир Қосим перомуни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии мамлакат, фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард.
Ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот таваҷҷуҳи сокинонро ба мавсими зимистонгузаронӣ, захира намудани маводи ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар  қитъа замин, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз ҷалб кард.
Дар мулоқот раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода зикр намуд, ки бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон корҳои азими созандагӣ роҳандозӣ гардида, мардуми ноҳия дастовардҳои даврони истиқлолро барои таҳкими давлатдории миллӣ ва ободу пешрафта гардонидани  мамлакат хуб медонанд ва қадр менамоянд.

Илова кунед