Вакили Маҷлиси намояндагон Мироҷ Абдуллоев бо сокинони Муъминобод оид ба масоили муҳим мулоқоту суҳбат намуд

05 Январ 2021, Сешанбе

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо иштироки раиси ноҳия Лутфия Шарифзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев ва сокинони ноҳияи Муъминобод вохӯрии судманд доир гардид.
Мироҷ Абдуллоев зимни мулоқот бо интихобкунандагон муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва самаранок истифода бурдани ҳар порча замин шарҳ дод.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 1 то 9 январ мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо мақсади миёни мардум бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи мақсадноки неруи барқ, гирифтани пеши роҳи масрафи беҳуда ва истифодаи ғайриқонунии  он  ҷараён дорад.

Илова кунед