Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолзанон ва кормандони Маркази саломатии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуданд

05 Январ 2021, Сешанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Уроқова ва Ғиёсиддин Ашӯров бо фаъолзанон ва кормандони Маркази саломатии шаҳри Ҳисор  вохӯрӣ намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ин ҷамъомадҳо дар бораи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқие, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 қабул шудаанд, маълумоти муфассал дода, изҳор намуданд, ки қонуну санадҳои қабулшуда вобаста ба сиёсат, иқтисод ва иҷтимоиёти ҷомеа ба рушди ҷомеаи демократӣ, манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо нигаронида шудаанд.
Ҳамчунин доир ба ҳолатҳои пешомадаи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ бар асари паҳншавии бемории COVID-19 дар ҷаҳон, тағйирёбии иқлим, сард омадани зимистони соли 2021 ва пайомадҳои манфии он ба ҷаҳон ва давлати мо дар асоси таҳлилҳои коршиносони сатҳи байналмилалию нишондиҳандаҳои оморӣ сухан гуфтанд.
Вакилон таъкид карданд, ки моро зарур аст аз неруи барқ оқилонаю сарфакорона истифода намуда,  аз воситаҳои алтернативии гармидиҳӣ истифода карда, ба масрафи беҳудаи он роҳ надиҳем.
Намояндагони халқ инчунин оид ба масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи зарурии маводи хӯрокӣ барои зимистон, танзими нархи маҳсулот дар бозору мағоза, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирӣ аз хатари экстремизму терроризм ва дигар амалҳои номатлуб, бемориҳои сироятӣ, хифзи шаъну эътибори мамлакат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо бо иштирокчиёни ҷамъомадҳо суҳбат намуда, ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.
Вакилон ҳамзамон риояи талаботи қонунҳои миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар зиндагӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
 

Илова кунед