Маҳмадтоир Зокирзода бо фаъолону ҷавонон, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Сангвор мулоқот намуд.
07 Январ 2021, ПанҷшанбеҶиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша-чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо фаъолону ҷавонон, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ин ҷамъомад арзу сипоси Пешвои миллат ба мардуми кишварро ҷиҳати иштироки фаъолона дар давраи интихоботи Президентӣ ба сокинони ноҳияи Сангвор расонид ва оид ба муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат доир ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмиру бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бунёди гармхонаҳо, захираи озуқа дар ҳар як оила, риояи қоидаҳои санитарию эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҷараёни омодагиҳо ба мавсими зимистон, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо ва фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба саволҳои сершумори иштирокчиёни вохӯрӣ посухҳои муфид дод.

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсила вохӯриҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияҳои минтақаи Рашт идома дорад.