Соҳибкорон ҳимоя ва дастгири меёбанд

24 Феврал 2020, Душанбе

Имруз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шуро баргузор гардид.

Дар Шуро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии ин масъала таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии Қонуни амалкунанда ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тахия гардидааст.

Вобаста ба ин, ба моддаҳои 1,5,7,14 ва 24 Қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳамчунин ба моддаи 11 сархати ҳафтум бо мазмуни        «-  суғуртакунонӣ», ба моддаи 17 сархати шашум бо мазмуни «- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст» илова карда шуда, қисми 2 моддаи 20 дар таҳрири зерин оварда мешавад.

«2. Барномаҳои мақсадноки дастгирии давлатии соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда мешаванд.

Лоиҳаи Қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон баҳри такмили он 55 таклифу дархостҳо пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи Шуро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баҳрабардори қарор гирифта, аз руи масъалаҳои баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Илова кунед