Масъалаҳои сиёсати хориҷии кишвар дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 Март 2020, Сешанбе


Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон нақши бағоят муҳим мегузоранд. Аз мазмуну муҳтавои ҳар як Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки тамоми дастуру супоришҳо ва талошҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватани азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудаанд.

 

Яке аз самтҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки дуруст ва мақсаднок ба роҳ мондани сиёсати хориҷии кишвар ба таъмини манфиатҳои миллату давлат ва боло рафтани мақому манзалат ва нуфузу эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.

 

Бешубҳа, имрӯз дар асоси сиёсати бобарори хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосгузори он Сарвари хирадманду дурандеш ва сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосси худро касб намудааст.

 

Ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ зиёда аз 193 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтанд ва Тоҷикистон имрӯз бо беш аз 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатиро роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандро тақвият мебахшад. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба зиёда аз 350 санадҳои байналмилалӣ, аз қабили муоҳидаҳо, паймонҳо, хартияҳо ва эъломияҳо аъзо шуда, бо мамлакатҳои мухталифи дунё беш аз 2100 санадҳои дутарафаро ба имзо расонидааст, ки онҳо асоси ҳуқуқии робитаву ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин менамоянд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати соҳибихтиёр эълон гардиданаш, имконияти васеъ пайдо намуд, ки сиёсати дохиливу хориҷии хешро мустақилона ва озодона бидуни мудохилаи дигар мамлакатҳо мувофиқи манфиату иродаи халқи Тоҷикистон муайян намояд ва бо давлатҳои хориҷӣ равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба роҳ монда, робитаву муносибатҳоро боз ҳам тавсеаву рушд ва густариш диҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол бо як қатор созмону ташкилотҳои байналмилалӣ аъзо гардида, ҳамкориҳои судманди гуногунҷабҳаро ба роҳ мондааст. Аз қабили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, инчунин, дигар созмонҳо ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 30-юми апрели соли 2001 роҷеъ ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз карда буданд, ки «мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, ҳимояи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини амнияти мамлакат аз таҳдидҳои эҳтимолии беруна, аз ҷумлаи вазифаҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо хоҳанд буд. Мо бояд сиёсати хориҷии худро тавре амалӣ созем, ки он ба ҳалли шароит ва талаботи нави дар назди давлат қарордошта мусоидат намояд».

 

Дар ҳамин Паём Сарвари давлат зарурати таҳияи Консепсияи нахустини сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб намуданд ва баҳри таҳияи он масъулин муваззаф шуданд. Бо дарназардошти аҳамияти бағоят муҳим доштани Консепсияи мазкур Президенти мамлакат дар Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми апрели соли 2002 бори дигар ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, таъкид сохтанд, ки лоиҳаи омодашудаи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти имрӯза ва дурнамои пешомадҳо дар муҳлати кӯтоҳтарин таҷдид гардад.

 

Ҳамин тавр, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми сентябри соли 2002 аввалин Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки дар он самтҳои сиёсати хориҷии мамлакат муайян карда шуданд.

 

Пешвои миллат дар робита ба Консепсияи мазкур дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми апрели соли 2003 махсус қайд намуданд, ки Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси нишондодҳои Паёми соли 2002 бори нахуст дар таърихи навини кишварамон тасдиқ гардид, заминаи хуби ҳуқуқӣ гузоштааст. Дар он манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ҳимояи онҳо, самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар, вазифа ва салоҳияти мақомоти давлатӣ дар ин самт ба таври возеҳ муайян карда шудаанд.

 

Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ усули сиёсати «дарҳои кушода»-ро пеша намудааст, ки мақсад аз он ҳифз ва таъмини манфиатҳои миллату давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва равобиту ҳам­кориҳои неку судманди гуногунҷабҳа бо кулли кишварҳо мебошад, ки ин сиёсат маҳз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат эълон гардидааст. Ҳамон гуна ки Президенти мамлакат дар Паём (4-уми апрели соли 2003) иброз намуданд: «Асоси фаъолияти хориҷии имрӯзаи кишвари моро сиёсати дарҳои кушода, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ташкил медиҳад. Саъю кӯшиш ва талошҳои пайвастаи мо, ки ҳадаф аз он аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ дар симои Тоҷикистон дида тавонистани шарик ва ҳамкори боэътимод буд, натиҷаҳои хуб ба бор оварданд. Ва имрӯз мо метавонем бо қаноатмандӣ гӯем, ки дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва мулоқотҳои дуҷонибаи кишварҳо фикру мавқеи Тоҷикистон қадру қимати арзанда дорад. Акнун Тоҷи­кис­тон аз тарафи аҳли олам ҳамчун давлате шинохта шудааст, ки бемайлон бо роҳи демократия ва иқтисоди бозорӣ пеш меравад».

 

Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2006 Сарвари давлат оид ба сиёсати хориҷии давлати мустақили Тоҷикистон дар шароити ҳассос ва мураккабу зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир изҳори андеша намуда, тазаккур доданд, ки «сиёсати хориҷии мо идомаи мантиқии стратегияи комплексӣ ва бисёрҷабҳаи давлат ва сохторҳои дахлдори он дар тӯли солҳои истиқлолияти кишвар буд, ки таъ­мини манфиатҳои миллӣ, пеш аз ҳама озодӣ, истиқлол, амният, субот, шароити мусоиди пешрафту тараққӣ ва рушди Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили низоми навини робитаҳои байналмилалӣ ҳадафи марказӣ ва усулии он мебошад.

 

Таъкидан хотирнишон месозам, ки татбиқи стра­тегияи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос, мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони оғози асри XXI ҷараён мегирад, ки равандҳо ва тамоюлоти он ба мазмуни таҳаввули ҳастии иҷтимоии кишвар ва мардуми мо таъсири амиқ ва рӯзафзун доранд ва хоҳанд дошт».

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҷаҳонишавӣ ва имкониятҳои бузургу  пешрафти он, таъсири мусбати ҷаҳонишавӣ ба ҷомеаи инсонӣ, инчунин, таҳдиду хатарҳои он дидгоҳу назар ва андешаву афкори аз лиҳози илмиву амалӣ асосноки худро иброз намуда, аз ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар даъват ба амал меоваранд, ки дар ин ҷараён ҳушёру зирак бошем ва баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушду тараққӣ додани кишвар пайваста заҳмату кӯшиш намоем. Чуноне ки Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми апрели соли 2012 таъкид доштанд: «Раванди ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз тамоюли ҳоким бар равобити байналмилалист, аз ҳамаи мо ҷустуҷӯи эҷодгарона ва дарёфти дақиқи василаву воситаҳои татбиқи манфиатҳои миллиро тақозо дорад. Таърих гувоҳ аст ва ҳамаи мо шоҳидем, ки вазъи олам дар оғози истиқлоли кишвар ва ҳолати имрӯзаи он аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд.

 

Аз истиқрори зоҳирии олами дуқутба то шӯру ғавғои ҷаҳони имрӯза, аз раванди ғолибан ором ва бетағйири асри гузашта то таҳаввулоти босуръат ва баъзан ғайричашмдошти олами муосир, аз мавқеъҳои ғайри қобили тағйир то ҷойивазкунии марказҳои қудрат дар арсаи дунё, рақобати онҳо барои манбаъҳои ашёи хом ва сарватҳои табиӣ – ҳамаи ин равандҳои зудтағйирёбанда ва мутазод муайян намудани стратегияи сиёсати хориҷиро ҷиҳати рушд ва василаҳои тактикии татбиқи он барои кишваре мисли Тоҷикистон ба андозае душвор ва мушкил мегардонад. Вазифаи ҷонии ҳар яки мову шумост, ки дар ин замина заҳмат кашем ва беҳтарин роҳу тариқаҳои рушди устувори кишварро дақиқ муайян намоем ва имконоти сиёсати хориҷии кишварро ба он равона созем».

 

Бояд қайд кард, ки ҷаҳонишавӣ, ки ҳоло кишварҳо ва ҷомеаи инсонӣ бо он рӯ ба рӯ гардидааст, оқибату натиҷаҳои мусбат ва манфии зиёде дорад. Мусаллам аст, ки оқибатҳои манфии он бештар ба кишварҳои хурд ва рӯ ба тараққӣ таҳдиди бевосита менамоянд. Аз ин лиҳоз, дар ин раванди мураккаб ҳар як миллату халқият ва давлатҳоро зарур аст, ки боҳушу зирак бошанд ва ҷиҳати пешгирии зарару оқибатҳои манфии ҷаҳонишавӣ тадбирҳои судманду зарурӣ андешанд.

 

Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми апрели соли 2014 Сарвари давлат дар хусуси ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, давлатҳои аъзои ИДМ, Аврупо, мамлакатҳои олами араб, Иёлоти Муттаҳидаи Америка маълумот дода, рушду таҳким ва густариш додани ҳамкориҳои манфиатбахш ва судманди гуногунҷабҳаро бо ҳамаи мамлакатҳо ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ таъкид сохтанд.

 

Дар ҳамин Паём Президенти мамлакат дар шароити зудтағйирёбандаи авзои сиёсии ҷаҳон, таҳдиду хатарҳо ва мушкилоти глобалии замони муосир, аз ҳамаи кишварҳои олам даъват ба амал оварданд, ки ҳамкориҳои густурда ва мутақобилан судмандро дар пешгирӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда роҳандозӣ намоянд. Тавре Сарвари давлат иброз намуданд: «Низоми нави ҷаҳонӣ бояд аз ҷангу низоъҳо, фишору зӯроварӣ, терроризм, ифротгароии сиёсиву динӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом бояд комилан орӣ бошад ва бар ҳамкориҳои густурда, баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёбад. Танҳо дар чунин шароит ва тавассути саъю кӯшишҳои якҷоя метавон дар баробари мушкилоти глобалии замони муосир, аз ҷумла, пайомадҳои тағйирёбии иқлими сайёра, фалокатҳои техногенӣ ва экологӣ ба таври шоиста истодагарӣ кард».

 

Бо дарназардошти ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва рушду инкишофи давлат зарурати такмили қонунгузорӣ ба амал меояд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат дар Паём (23-юми апрели соли 2014) ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои марбута супориш доданд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд. Илова бар ин, тақозо гардид, ки Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад.

 

Ҷиҳати иҷро намудани талаботи Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23-юми апрели соли 2014 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» (31-уми декабри соли 2014, №1173) ва «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (23-юми июли соли 2016, №1326) қабул ва аз ҷониби Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон имзо гардиданд.

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» асосҳои ташкиливу ҳуқуқии фаъолияти дипломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад тартиби ба имзо расонидан, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, ҳамроҳшавӣ, бақайдгирӣ, интишор, иҷро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

 

Илова бар ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2015, №332 «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид. Консепсияи мазкур санади сиёсиест, ки принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян ва танзим менамояд. Зарурати таҳия ва қабули Консепсияи мазкур аз мушаххас намудани ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқти­содиву фарҳангии кишвар ва ташаккули симои нави геополитикӣ дар ҷаҳону минтақа бармеояд. Консепсия таҳия ва роҳандозии чунин сиёсати хориҷиро пешбинӣ мекунад, ки он ба мутобиқ намудани рушди кишвар ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат намояд, имкониятҳои муносиби навро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи хатарҳову чолишҳои имконпазир ба амнияти миллии он фароҳам оварад, заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар асоси воқеъбинӣ ва мутавозинӣ таъмин кунад.

 

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои сиёсати дохилӣ, инчунин, оид ба сиёсати бобарори хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 изҳори ақида намуданд.

 

Пешвои миллат дар ин Паём дар хусуси аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» хотиррасон шуда, иброз намуданд, ки «дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст».

 

Қобили зикри хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба обро дар чаҳорчӯбаи рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад. Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чаҳор ташаббуси ҷаҳонии мо дар соҳаи об аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд ва хушбахтона, имрӯзҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла:

 

       1.«Соли байналмилалии оби тоза – соли 2003».

  1. «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015».
  2. «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об – соли 2013».
  3. «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028».

Ҳамчунин, дар Паём (26-уми декабри соли 2018)  Сарвари давлат аз барқарор гардидани муносибати дӯстона бо кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя – Ҷумҳурии Ӯзбекистон сухан карда, ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистонро рӯйдоди таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум унвон гардид. Дар иртибот ба ин, тазаккур дода шуд, ки «ба ин дастовард мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар муваффақ гардидем, ки дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нуҳ моҳ беш аз дуюним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд».

 

Дар ҳамин Паём Президенти мамлакат бори дигар бо қаноатмандӣ хотирнишон сохтанд, ки «соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо – Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳаллу фасл карда, ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем».

 

Дар Паём (26-уми декабри соли 2018) барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои созанда ва дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва дигар шарикони анъанавӣ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохтору мақомоти дахлдори кишвар вазифадор карда шуданд.

 

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон, алалхусус, оид ба масъалаҳои муносибатҳо бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ сухан карда, тазаккур доданд, ки «имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст. Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем.

 

Мо минбаъд низ ин сиёсатро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорем».

 

Ҳамчунон, дар ҳамин Паём Пешвои миллат таъкидан хотиррасон  намуданд, ки бо мақсади тавсеаи бештари равобиту ҳамкориҳо бо ҳамаи кишварҳои шарик доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам ва расидан ба ҳадафҳои мутақобилан судманд, инчунин, таъмини манфиатҳои Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳем кард.

 

Ҳамин тавр, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати хориҷии мамлакат мавқеи намоён ва нақши барҷаста гузоштанд, зеро пас аз ироаи ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равобиту муносибатҳои неку судманд бо кишварҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ хубтару беҳтар мегарданд ва ин санади сарнавиштсоз ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, таъмини манфиатҳои халқу давлати Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо, инчунин, баҳри баланд бардоштани мақому манзалат ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.

 

Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон


Илова кунед