Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод

08 Январ 2021, Ҷумъа

Дар ноҳияи Тоҷикобод мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон  баргузор  гардид.  
Дар ҷамъомади мазкур  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода перомуни дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ рӯзи 15 декабри соли 2020 баён доштанд, ба таври муфассал суханронӣ намуда, муҳтавои Муроҷиатномаи Сарвари давлатро оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор ва  худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот шарҳу тавзеҳ дод.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадтоир Зокирзода зимни вохурӣ бо интихобкунандагон доир ба  вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоотҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуд. Ҳамчунин доир ба фаъолияти Парлумон дар соли сипаришуда маълумот дода,  муҳтавои қонуну қарорҳои дар ин давом қабулгардидаро шарҳ дод.     
Дар рафти мулоқот аз масъулини ташкилоту муассисаҳо оид ба омодагиҳо ба иди байналмиллалии Наврӯз, таҳияи нақшаҳои дахлдор ҷиҳати ташкилу баргузории озмунҳои фарҳангӣ, илмию фаннӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ба роҳ мондани фаъолияти доимии боғҳои фарҳангию фароғатӣ гузоришҳо пешниҳод карда шуданд.
Дар ин вохӯрӣ  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадтоир Зокирзода доир ба иштироки фаъолонаи кишоварзони ноҳия дар намоиш  ва ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахти мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба  истифодаи самараноку оқилонаи замин, бахусус қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, омодагиҳо ба мавсими кишт, зиёд намудани майдони кишти картошка ва захираи озуқа дар ҳар як оила супоришҳои мушахас дод.
Дар мулоқот  аз ҷониби сокинони ноҳияи Тоҷикобод  доир ба ҷудо намудани грантҳо барои бонувон, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва сохтани муассисаҳои таълимӣ бинобар сабаби  сол то сол зиёд шудани шумораи хонандагон ва як қатор мушкилоти ноҳия ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадтоир Зокирзода  дархостҳо пешниҳод гардид ва ба саволҳои интихобкунандагон посухҳои муфид дод.

Илова кунед