Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода ба сокинони Шаҳринав мулоқот намуд.

08 Январ 2021, Ҷумъа

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дар ноҳияи Шаҳринав зимни мулоқот бо интихобкунандагон нахуст дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалие, ки дар соли сипаришуда аз ҷониби мақомоти олии қонунбарори мамлакат қабул ва тасдиқ шудаанд, маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин доир ба муҳтавои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, деҳаву маҳалла ва муҳити хонаводагӣ маълумоти муфассал дод.


Дар иртибот ба дуруст роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакорона аз неруи барқ, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва дар мафкураи шаҳрвандон ҷойгузин намудани фарҳанги сарфакорӣ дар бобати худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии сермасраф таъкид гардид, ки риояи чунин муқарраротро талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба неруи барқ, коҳиш ёфтани захираҳои обии мамлакат бинобар зимистони сард ва тағйирёбии иқлим ба миён овардааст.
Мавзӯи дигаре, ки дар меҳвари масъалагузориҳои вохӯрӣ қарор гирифт, ба истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва президентӣ, коркарди дурусти онҳо ва сари вақт анҷом додани корҳои ниҳолшинонӣ марбут буд.
Дар ин замина тозаву озода нигоҳ доштани хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, таъмиру бунёди хонаҳои замонавӣ, ташаккули фарҳанги сохтани гармхонаҳо ва захираи озуқа дар муҳити деҳот ҳамчун тадбирҳои муҳиме муаррифӣ гардиданд, ки барои беҳтар намудани некӯаҳволии мардум мусоидат мекунанд.
Файзулло Баротзода инчунин дар бораи оқибатҳои ногувори паҳншавии бемории COVID-19 дар ҷаҳон ёдовар шуда,  гуфт, ки «ҳоло марҳилаҳои дуюму сеюми афзоиш ва паҳншавии ҳалокатбори ин беморӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Моро зарур аст, ки ба   қоидаҳои санитарию эпидемологӣ, фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб ҳамчун василаи муҳим барои пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем».
Ёдовар мешавем, ки мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон то 9 январ идома меёбанд.

Илова кунед