Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид мегардад.

11 Январ 2021, Душанбе

Имрӯз таҳти раӣёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Мачлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт.
Дар ҷаласаи Шӯро зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардид, ки „боиси ифтихор ва намунаи ибрат аст, ки Пешвои муаззами миллат дастгирии ин табақаи аҳолиро меҳвари сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаашон қарор дода, маҳз дар ин замина ятимону маъюбон ва пиронсолони бекасу танҳо мондаро таҳти назорати қатъии худ қарор дода, пайваста дар таъмини шароити иҷтимоии ин қишри ҷомеа саҳми бориз доранд”. 
Инчунин, ибтикори мазкур ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 барои сода гардонидани расмиёти фарзандхондии кӯдакони ятим баён гардида буд, низ вобаста мебошад. 
 Вобаста ба тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷмӯъ ба 9 моддаи Кодекси амалкунанда тағйирот пешниҳод гардида, инчунин 2 боби нав илова карда шудааст, ки он фарогирї 11 моддаи нав мебошанд.
 Тибқи лоиҳаи мазкур ба Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 671 илова  мегардад, ки дар он ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарбияткунандагони воқеӣ дар таълим ва тарбияи кӯдакон,  ки ҳуқуқи иштирок карданро доранд муайян карда мешавад.
Инчунин, моддаи 672 дар лоиҳа пешбинї гардида, асосҳои пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқӣ  вобаста ба тарбияи воқеиро дарбар гирифтааст.
Вобаста ба лоиҳаи пешниҳодшуда ба моддаи 69 Кодекси амалкунанда сархатҳои шашум ва ҳафтум илова карда шудааст, ки  тибқи  онҳо  доираи асосҳо барои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модар зиёд гардида,  шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии кӯдакони то ба синни шонздаҳсола нарасида маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки барои  ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ  машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарї ва модарӣ маҳрум мегарданд.
Дар асоси лоиҳаи мазкур ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  боби 201 илова карда мешавад, ки он масъалаҳоро вобаста ба оилаи (мураббии) парастор,  шартнома дар бораи ба тарбия додани кӯдак ба оилаи (мураббии) парастор, падару модари (мураббии) парастор, кӯдаконе, ки нисбати онҳо оилаи (мураббии) парастор таъин карданд ва таъминоти кӯдакони ба оилаи (мураббии) парастор додашударо фаро мегирад.
Ҳамчунин, ба лоиҳа боби 202  бо номи оилаи меҳмондорӣ илова карда шудааст, ки он асосҳо барои додани кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастори падару модар мондаро ба оилаи меҳмондорӣ, тартиби додани кӯдакон ба оилаи меҳмондорӣ, шартнома дар бораи ба тарбия додани кӯдакон ба оилаи меҳмондорӣ ва масъулияти шахсоне, ки кӯдаконро ба оилаи меҳмондорӣ қабул менамоянд, танзим менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки  Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон,               Пешвои миллат - муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 қайд намуданд, ки ҳоло дар мамлакат 5277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимон зери сарпарастии давлат қарор дорад.
Дар сурати қабул гардидани қонуни мазкур барои фаро гирифтани кӯдакони  маъюб, ятим ва кӯдакони бепарастори падару модар монда ба таъмину тарбия дар оилаҳои (мурабии) парастор ва муваққатан дар оилаи меҳмондорї, на танҳо аз тарафи шахсони бефарзанд, балки ҳамаи оилаҳои фарзанддор низ, баҳри иҷрои амалҳои нек саҳм мегузоранд.

Илова кунед