Нозирони байналмилалии АП СААД ба мониторинги маъракаи интихоботӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон шурӯъ карданд

08 Январ 2021, Ҷумъа

Гурӯҳи нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо даъвати Торагу Кенеши –Раиси парлумони   Ҷумҳури Қирғизистон Талант Мамитов ба Бишкек Ҷумҳурии Қирғизистон омада, ба маъракаи  омодагӣ ба овоздиҳӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва раъйпурсии Ҷумҳурии Қирғизистон шурӯъ намуданд.
Ҳамоҳангсози гурӯҳ, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам зимни ҷаласаи корӣ аъзои гурӯҳро бо ҷараёни маъракаи интихоботӣ шинос намуд, лоиҳаи Барномаи кор оид ба мушоҳида ҳангоми овоздиҳӣ барои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистонро пешниҳод намуд.
Гурӯҳи нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳайати Миссияи ИДМ фаъолият доранд.
Ба ин гурӯҳ вакилони парлумонҳо ва намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ - Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи АП СААД шомиланд.
Ёдовар мешавем, ки овоздиҳӣ дар интихоботи қабл аз вақти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва баргузории раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Қирғизистон 10 январи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Дар рӯзи интихобот нозирони байналмилалӣ аз АП СААД ният доранд, ки фаъолияти комиссияҳои участкавии интихоботиро аз лаҳзаи кушодашавӣ то ба охир расидани шумориши овозҳо назорат кунанд.

Илова кунед