Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология»

13 Январ 2021, Чоршанбе

Ба истиқболи сазовори ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раис Муҳаммадраҳим Юсуфӣ) озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология»-ро эълон намудааст.
Дар озмун гурӯҳҳои эҷодӣ, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ (минбаъд – «иштирокчиён») иштирок карда метавонанд.
Асару мақолаҳо бояд мавзӯъҳои намунавии зерини масоили экологиро инъикос намоянд:
- 30 соли Истиқлолияти давлатӣ – қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист;
 - тағйирёбии иқлим, чораҳои пешгирӣ ва мутобиқсозии иқтисодиёти кишвар ба оқибатҳои ногувори он;
- истифодаи устувори захираҳои обию энергетикӣ;
- инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ;
- рушди энергетика ва рафъи камбизоатӣ;
- тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ;
- ҳифзи гуногунии биологӣ;
- идоракунии партовҳо;
- нақлиёт ва ҳифзи ҳавои атмосфера.
Асарҳои ба Озмун пешниҳодшаванда бемаҳдудият метавонанд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ омода карда шаванд.
Асарҳое, ки ба Озмун пешниҳод мегарданд, бояд тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион, шабакаи Интернет ба оммаи васеъ дастрас шуда бошанд. Нусхаҳои онҳо бо ариза ва ишораи «Ба Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» дар коғази андозаи А4 ва ҳуруфи Times New Roman Tj бо нишон додани ному насаб, суроға, суроғаи электронӣ ва телефонҳо бояд ба Комиссияи экологӣ ирсол карда шаванд. Комиссияи экологӣ метавонад асари ба Озмун пешниҳодшударо дар сомонаи интернетии худ ва дигар воситаҳои ахбори омма ҷой диҳад.
Асарҳои пешниҳодшуда аз тарафи Комиссияи Озмун баррасӣ мегарданд. Ҳангоми баррасӣ рӯзмарра будани масъалаҳои фарогирифтаи онҳо, тариқи кадом воситаи ахбори омма паҳн шудан (маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ), инчунин, вокуниш ба онҳо ба инобат гирифта мешаванд.
Озмун дар як давр, аз 1-уми июли соли 2020 то 1-уми июни 2021 гузаронида, дар Рӯзи байналмилалии муҳити зист (5 июн) ҷамъбаст хоҳад шуд.
Ғолибони Озмун аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Барои ғолибон чунин мукофотҳои пулӣ пешбинӣ шудаанд:
- ҷои якум - 5000 сомонӣ (1 ҷой);
- ҷои дуюм - 3500 сомонӣ (2 ҷой);
- ҷои сеюм - 2000 сомонӣ (5 ҷой).
Барои иштирокчиёни алоҳидаи Озмун, ки асарҳои онҳо аз тарафи Комиссия махсус қайд мегардад, туҳфаҳои хотиравӣ муайян шудааст.
Мукофотҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибон аз тарафи раиси Комиссияи Озмун дар давоми 10 рӯз баъд аз эълони натиҷаҳо супорида мешаванд.
Масъулони баргузории Озмун Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон – «Садои мардум» мебошанд.
 
Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42.
Телефон: (+ 992 37) 221-23-36. 222-21-77 Е-mail: e.k. ekologi@yndex.ru ecocomission@yandex.ru. koe@parlament.tj

Илова кунед