Солеҳа Холмаҳмадзода: «Истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва мақсадноки замин омили рушди некуаҳволӣ дар ҳар гӯшаи кишвар мебошад»

13 Январ 2021, Чоршанбе

Масъалаҳои истифодаи сарфакоронаю мақсадноки нерӯи барқ, пешгирии исрофкории он, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигию президентӣ, ба ин васила захираю таъмини оилаҳо бо маҳсулоти ғизоӣ ва дигар масъалаҳои мубраму рӯзмарра дар мулоқот бо интихобкунандагон дар шаҳри Турсунзода мавриди таҳлилу баррасӣ ва фаҳмондадиҳӣ қарор дода шуданд.

Мулоқотҳо ва вохӯриҳои мо бо интихобкунандагон аз 31 декабри соли 2020 то 9 январи соли 2021 сурат гирифт, ки зимни онҳо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ аз 15 декабри соли 2020 баён доштанд, ба таври муфассал ба интихобкунандагон расонида шуд. Дар як рӯз ду-се вохӯрӣ доир гардида, дар онҳо қисми зиёди намояндагони шаҳр ва љамоат иштирок намуданд. 31-декабри соли 2020 нахустин вохӯрӣ бо хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти маҳаллӣ сурат гирифта, ҳамзамон аз хонаи собиқадорону маъюбон дидан ба амал оварда шуд.
Зимни вохӯриҳо асосан оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи ҳатмии қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот суҳбат ороста шуда, ҳадафи иқдоми мазкур ба сокинон шарҳу тавзеҳ дода шуд. Инчунин, вобаста ба самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти қонунгузорӣ, намояндагӣ ва фаъолияти байнипарлумонӣ дар соли 2020 ва корҳои ба анљом расонидашуда маълумот ироа гардид. Доир ба дигар масоили мубрами рӯз, аз қабили хурӯҷи бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва зарари он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ибрози ақида карда шуда, бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ба риояи талаботи беҳдоштӣ ва гигиенаи ҷамъиятиву шахсӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро, саломатии ҳар як шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст.

Доир ба истифодаи сарфакоронаю мақсадноки нерӯи барқ ва пешгирии исрофкории он зимни суҳбатҳо таъкид намудем, ки имрӯзҳо бо сабаби сардии ҳаво зарурият пеш омадааст, ки нисбати ин масъала бетараф набуда, ҳар яки мо бо мақсади сарфаи нерӯи барқ аз маводи алтернативӣ истифода барем. Ба раисони љамоат ва раисони маҳаллаҳо пешниҳод гардид, ки бинобар бо сабаби маҳдудияти барқ зарурати истифодаи доимии печҳои бухорӣ, ки бо ангишт хонаҳо гарм карда мешаванд, ба сокинон љиҳати дастгирӣ аз нуқтаҳои фурӯши сайёр ангишт тариқи ғайринақдӣ дода шавад. Пешниҳоди мазкур мавриди дастгирӣ каро гирифта, мурољиаткунандагон вобаста ба шароиташон бо чунин тарз датгирӣ карда мешаванд.
Истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон ва ба ин васила захираи маҳсулот ва таъмини ғизои барои оила аз масъалаҳои муҳим ва рузмарра маҳсуб меёбад. Дар ин роста, бо мақсади таъмини оила бо маҳсулоти ғизоӣ сокинонро мебояд ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ, хоҷагиҳои ёрирасон аҳамияти ҷиддӣ равона карда, бештар ба кишти зироати асосӣ, аз ҷумла сабзавот кориву картошкапарварӣ ва пахтакорӣ афзалият диҳанд.

Тибқи пешгӯии коршиносон ва мушовирони байналмилалӣ соли 2021 дар ҷаҳон эҳтимолияти норасоии маводи ғизоӣ ба миён меояд, аз ин рӯ мебояд, ки вобаста ба захираи маводи ғизоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода бурда шавад. Шаҳри Турсунзода шаҳри аграрӣ-саноатӣ буда, дорои шароити мусоид барои киштукори доимӣ мебошад. Бо назардошти иқлими мусоид, деҳқонон имкон доранд дар як солд то чаҳор ҳосил ба даст оранд, аз ин рӯ сокинонро мебояд аз ҳар як пораи қитъаи замиине, ки дар ихтиёр доранд, самаранок истифода бурда, таъминоти оилаи худро бо маҳсулоти ғизоӣ бароварда гардонанд. Ба сокинон муҳтавои таъкидҳои Пешвои миллат ҷиҳати захира намудани маҳсулотӣ ғизоӣ барои ду сол фаҳмонида шуда, зикр гардид, ки шароити имрӯза ҳар яки моро водор менамояд барои захира намудани миқдори зарурии хӯрока аз ҳоло оғоз карда, барои на кам аз ду соли оянда чораҳои зурурӣ андешем.

Дар рафти мулоқотҳо бо сокинон мо ҳамчунин доир ба масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум, бахусус ҷавонон дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии љомеа, ҷалби онҳо ба донишандӯзиву касбомӯзӣ, ватандӯстӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, зиракии сиёсӣ баҳри ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волияти қонун ва оромиву осоиштагии кишвар, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тақвияти робитаи оила бо муассисаҳои таълимӣ, ҷалби занону духтарон ба донишандӯзиву ҳунаромӯзӣ ва фаъолият намудани онҳо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбатҳо анҷом додем.
Маврди зикр аст, ки соли равон мардуми шарафманди кишвар ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегиранд. Дар робита, дар шаҳри Турсунзода корҳои созандагию бунёдкорӣ бо вусъапт ҷараён дошта, бахшида ба ба љашни 30-солигии Истиқлоли давлатӣ бунёди 382 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 257 адади он сохта ба истифода дода шудааст. Дар 125  иншоот сохтмон бо мааром идом дорад. Мо зимни ин сафар аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар чанд иншоот дидан намудем, ки дар ҳамаи онҳо рафти корҳо бо ҷӯшу хурӯш ва азму иродаи қавӣ бо маром сурат мегиранд. Аз ҷумла, рафти корҳо дар Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳр тибқи нақша бо маром идома дошта, он ба куллӣ таҷдид ва азнавсозӣ мегардад. Дар боғ бунёди фаввораҳо, шаҳраки афсонавӣ бо аттраксионҳо, гулгашту суҳбаткадаҳо, амфитеатр, мактаби мусиқӣ, майдончаҳои варзишӣ ва кохи шоҳмот ба нақша гирифта шуда, бо дастгирии соҳибкорон ва саховатмандон дар ин муддат як қатор корҳо амалӣ гардидаанд.
Дар суҳбатҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як сокини инҷо корҳои бунёдкориву зебосозиро аз хонаву дари худ ва деҳаву шаҳри хул оғоз бахшида, дар таҷлили бо шукуҳи ин ҷашни миллӣ саҳмгузор бошад.
Сокиниони шаҳри Турсунзода масъалаҳои матраҳгардидаро ба хубӣ дарк намуда, дар рафти суҳбатҳо доир ба мушкилоту масъалаҳои мавриди дасгирӣ ибрози назар намуданд, ки чораандешӣ намудани онҳо дар оянда аз рӯи имкониятҳои мављуда зери назорати вакил қарор дода мешаванд.

Илова кунед