Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Русия дар Тоҷикистон

13 Январ 2021, Чоршанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  масъалаи рушди ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баррасӣ гардид.

Масъалаи мазкур зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сафири мухтор ва фавқуллодаи Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор муҳокима шуд.

Маҳмадтоир Зокирзода Лякин-Фролов Игорро ба муносибати соли нави мелодӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки «бо саъю кўшишҳои бевоситаи тарафайн муносибатҳои дуҷонибаи мо имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор дорад. Ин муносибатҳо устуворона рушд мекунанд ва дурнамои равшану хуб ҳам дар пай доранд.

Фикр мекунам, ки Шумо бо ман розӣ хоҳед шуд, ки муносибатҳои самимона, боэътимод ва дӯстонаи байни Президентҳои кишварҳоямон Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Владимирович Путин дар рушди фаъолонаи робитаҳои дуҷониба нақши махсус доранд. Мулоқотҳо ва тамосҳои онҳо муносибатҳои дуҷонибаро бештар пешрафта ва муассиртар  мегардонанд».

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин изҳор дошт, ки дар даврони истиқлолият, дар тӯли 28 соли барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ (04/08/1992), давлатҳои мо тавонистанд як низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии стратегии дуҷонибаро дар асоси ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробар ташкил кунанд.

Мехостам қайд намоям, ки мо аз вохӯриҳои судманд ва гуворо бо Шумо ва муколамаи барқароршудаи воқеан дӯстона ва шарикӣ қаноатмандии зиёд ҳис мекунем.

Дар тӯли зиёда аз чоряк асри ҳамкориҳои нек байни Русия ва Тоҷикистон беш аз 300 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки ба шарофати онҳо дар миёни кишварҳоямон динамикаи устувори ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ бунёд ёфтааст.

Русия яке аз шарикони асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин афзуд, ки бо дарназардошти аҳамияти таҳкими робитаҳои дуҷониба, муайян кардани самтҳои нави умедбахши ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия, ки шарики стратегии мо мебошад, парлумони кишвар, алахусус Маҷлиси намояндагон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии дахлдор тадбирҳои мушаххас ва пайваста меандешад.

Тамосҳои фаъол ва кори муштараки роҳбарон ва аъзоёни парлумонҳои кишварҳои мо дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, Ассамблеяи парлумонии СААД ва дигар мақомоти байнипарлумонӣ амалӣ карда мешаванд.

Вазифаҳои муштараки мо, бешубҳа, мусоидат ба таҳким ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, рушди робитаҳои самарабахши доираҳои тиҷоратии ду давлат тавассути ташаккули инфрасохтори муосири муносибатҳои бозорӣ, фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ ва ҷолибияти сармоягузорӣ, инчунин танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҳамкорӣ мебошанд.

Боварӣ дорам, ки мо роҳҳои нави истифодаи пурраи иқтидори Тоҷикистону  Русияро пайдо карда, онҳоро дар оянда боз ҳам тақвият хоҳем дод, -гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳо муҳокима гардиданд.

Илова кунед