Саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқтисодиёт заминаи амиқ мегузорад

18 Январ 2021, Душанбе

Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина амиқ мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар соли 2019 таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр намуданд:
«Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ–индустриалӣ ба индустриалӣ–аграрӣ амалӣ гардонида истодаем. Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт».
Ёдовар мешавем, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ соли 2018 Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шавад ва то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корхонаҳои соҳавӣ дар семоҳаи аввали соли равон ҷиҳати тадбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии давлат - яъне гузориши иқтисодиёти мамлакат аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ–аграрӣ, инчунин иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 анвари соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 5 млрд 721 млн сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 115,9% баробар шуда, афзоиш 792,9 млн сомониро ташкил дод.
Ҳиссаи соҳаҳо дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тариқи зайл ба назар мерасад: электроэнергетика 31,3%, саноати маъдан 25,6%, саноати хӯрокворӣ 19,0%, саноати масолеҳи сохтумон 8,7%, саноати сабук 7,1%, саноати мошинсозӣ 6,1%, табъу нашр 0,9%, саноати ангишт 0,7% ва газ 0,5%.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт 152,4%, саноати маъдани кӯҳӣ 115,0%, саноати масолеҳи сохтумон 111,1%, саноати сабук 113,5%, саноати мошинсозӣ 110,6%, саноати табъу нашр 169,8%, саноати хӯрокворӣ 118,4% корхонаҳои пахтатозакунӣ 67,9%, нафт ва газ 124,5% ва электроэнергетика 123,3%-ро ташкил дод.
Рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, дар ВМКБ 105,0%, вилояти Суғд 116,4%, вилояти Хатлон 107,3%, щаҳри Душанбе 122,3% ва НТҶ 149,4%-ро ташкил дод.
Дар ин давра ҳаҷми муҳимтарини маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, аз 103,0 то 169,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузаашта афзоиш ёфт.
Бо истифода аз технологияиҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ қисман таъмин гардида истодааст.
Дар ин давра маҳсулотҳои нави саноатии воридотивазкунанда, ба монанди халта, риштаи полипропиленӣ, ротбанд, хишти сабук, гаҷкартон, халтаҳои полиэтиленӣ, собуни мушкин, гӯшти мурғ, сачоқчаҳои хушк, эмулсия, бозичаҳои кӯдакона, трактор, ядак (прицеп), автобус, фойтунчаҳои кӯдакона, аробачаҳои кӯдакона, пахтаи тиббӣ, гирдакҳои пахтагин ва чӯбчаҳои пахтагини нафис истеҳсол карда шуданд.
Хушбахтона солҳои охир як қатор корхонаҳои саноатии пуриқтидор ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар рафти саноаткунонии кишварамон саҳми беандозаи худро гузоштаанд. Аз ҷумла, гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои азими саноатӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт фаъолияти пурсамар дошта, давра ба давра вобастагии бозори ҷумҳуриро аз маҳсулоти сохтмонӣ ва нассоҷии хориҷӣ коҳиш дода истодааст.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки нақши гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бозомӯзии мутахассисон, вориди технологияҳои муосири инноватсионӣ, ғанӣ намудани буҷет бо андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, беҳтар кардани тавозуни гардиши савдои хориҷӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ назаррас аст.
Айни ҳол маҳсулоти корхонаҳои сементбарорӣ  талаботи аҳолии Тоҷикистонро пурра қонеъ намуда, қисми боқимондаи он ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Федератсияи Русия содирот карда мешавад.
Ҷиҳати ноил гардидан ба саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат нисбат ба соҳибкорони ватанӣ дар Паёми соли гузашта имтиёзҳои зеринро пешбинӣ намуданд:
Бо мақсади таъмин намудани риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторий ба Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешанд;
Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд;
Дар солҳои 2019–2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шуд.
Иқдоми саноатикунонии мамлакат, яъне аз давлати аграрӣ ба индустриалӣ-аграрӣ мубаддал гардондани Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Пешвои миллат пеш гирифта шудааст, ба таври назаррас дар амал татбиқ мешавад.
Дар фарҷом ёдовар мешавем, ки Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар дар ҳақиқат ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсиву ҳуқуқии сол, муқарраркунандаи афзалият ва самту шартҳои ташаккулу пешрафти давлату ҷомеа маҳсуб ёфта, дар асоси он равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию  идеологӣ бо суръат амалӣ карда мешаванд.
Ин ҳуҷҷати стратегии ҳадафманд рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро дар як давраи муайян ҷамбаст намуда, пешбурди сиёсати мутавозини давлатиро бобати иҷрои барномаву стратегияҳои давлатӣ ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ муайян мекунад.
Дар маҷмӯъ, ҳамаи он масъалаҳое, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ матраҳ мегарданд, моро водор месозад, ки дар атрофи ғояҳои созандаи Пешвои миллат муттаҳиду сарҷамъ бошем ва барои  татбиқи амалии онҳо чораҳои қатъӣ амалӣ намоем.
 
 
Бахтиёр Аҳмадзода,
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед