Нотавонбине бо ин ҳама бешарафӣ

21 Январ 2021, Панҷшанбе

Тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» намоиш дода шуд, ки ба зикри муаллифони он мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст. Дар ин филм рафтору кирдори ношоиста ва муғризонаи узви ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» (ТЭТ ҲНИ мамнӯъ дар Тоҷикистон» Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳоло дар хориҷа зиндагӣ мекунад, қотеона маҳкум мегардад. Албатта, ҷомеаи Тоҷикистон, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба ҳадафҳои миллӣ амалҳои ношоиставу бешарафонаи чунин ашхосро бо тамоми шаклҳо ва мавҷудияташ маҳкум намуда, дар ҳар шароит арзишҳои миллии хешро боло медонад ва аз онҳо ҳимоя менамояд.
М. Садриддин, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Фейсбук» бо «таҳлил»-ҳои кӯр-кӯрона ва чаласаводона сари ин ё он масъала суҳбат карда, бо тиҳӣ мағзӣ ошкор мезодад, ки ғаразмандона бо супориши роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва ҳамммаслакони он ин корро анҷом медиҳад. Ҳол он ки, тавре аз тариқи ВАО огоҳем, худи ӯ ва ақрабонаш ба сиёҳкории гурӯҳеву ҳизбе алоқаманданду аз дасти онҳо нафарони зиёде ранҷ мебаранд, боз бо бешармию бешарафӣ даҳан боз мекунанд.
Тавре дар филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» нишон дода мешавад, чандин нафар, ки ба доми фиреби ин қаллоб даромада, то имрӯз азияташро мечашанд, рафторҳои разилонаи онро, ки аз амалҳои террористию экстремистии ТЭТ ҲНИ маншаъ мегиранд, шадидан маҳкум намуда, ба мардум рӯ меоранд, ки зиракиро аз даст надиҳанд ва ба бофтаҳои чунин ашхос, ки мехоханд бо истифода аз дини мубини Ислом ба манфиатҳои шахсии хеш истифода кунанд, наафтанд.
Хушбахтона, имрӯз мо ин ҳолатҳоро дар Тоҷикистон кам мебинем, чунки аз рӯзи нахуст роҳбарияти олии кишвар ба нерӯи созандаю бунёдкори миллати худ такя намуда, тамоми иқдомоти некро баҳри рушди кишвар ва мардуми он татбиқ намудаистодааст.
 
Солеҳа Холмаҳмадзода
Вакили Маҷлиси намояндагон

Илова кунед