Сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ беҳтар мегардад

25 Январ 2021, Душанбе

«-Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ)”, ки 16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст  аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст”.
Ин матлабро  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло зимни баррасии “Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ)“ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раӣёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён  намуд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҳадафи амалисозии лоиҳа ин мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар 10 ноҳияҳои таҷрибавии қаблӣ ва 6 ноҳияи таҷрибавии нав интихобгашта мебошад.
Маблағи иловагии пешниҳодгардида барои лоиҳаи мазкур 7,3 млн. ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ, ки 10,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҳисоби гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад.
Машраб Файзулло ҳамчунин афзуд, ки Лоиҳаи мазкур аз се қисмат иборат буда, кисмати якуми он «Маблағгузорӣ дар асосӣ натиҷаҳои фаъолият» ба ҳисоб меравад. Дар доираи қисмати мазкур татбиқи таҷрибавии маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МНФ) дар зинаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар даҳ ноҳияи вилоятҳои Хатлон (Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён) ва Суғд (Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ) ва ноҳияи Файзобод ва васеъкунии минбаъдаи татбиқи МНФ дар 6 ноҳияҳои нави таҷрибавии ҷумҳурӣ (Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, Зафарободи вилояти Суғд ва Дарвози ВМКБ) дастгирӣ карда мешавад. Ҳамин тавр, татбиқи механизми МНФ дар 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз оғози соли 2021 то охири нимсолаи якуми соли 2023 банақша гирифта шудааст. Барои амалисозии ҷорабиниҳо дар қисмати зерин ба нақшагирифташуда аз ҳисоби маблағгузории Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 4 370 000 доллари ИМА пешбинӣ карда шудааст.
Қисмати дуюми лоиҳа ин пурзӯркунии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ баҳисоб меравад. Қисмати зерин дорои ду зерқисмат мебошад. Қисмати мазкур ба баланд бардоштани иқтидор ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ, ки аз ҷониби таъмингарони шабакаи КАТС пешниҳод мешаванд, тавассути омӯзондани /бозомӯзонидани тибби оилавӣ, эмкунӣ, ҳифзи солимии модару кӯдак (СМуК) ба кормандони муассисаҳои таҷрибавӣ равона карда шудааст. Инчунин, дар доираи ин қисмат, аз ҳисоби маблағгузории дуюми иловагӣ, дастгирии омӯзиши дусолаи мутахассисони соҳаи тибби оилавӣ (ординатураи клиникӣ) ба нақша гирифта шудааст. Маблағи умумии пешбинишуда ба қисмати мазкур – 3680000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Қисмати сеюм «Идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳа». Маблағи пешбинишуда дар қисмати мазкур  - 1 950 000 доллари ИМА ташкил медиҳад. Дар доираи қисмати мазкур хароҷотҳое маблағгузорӣ карда мешаванд, ки бо татбиқи лоиҳа ва идоракунии он дар сатҳи марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ алоқаманд мебошанд.

Илова кунед