Баъзе ҷанбаҳои таҳаммулпазирии динӣ

25 Январ 2021, Душанбе

(Бахши якум)
Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар матни таърихи сиёсии охири садаи ХХ як ҳодисаи бовар нокарданӣ буд. Дарку тасаввури ин воқеият роҳбарият ва мардуми ҷумҳуриҳои иттифоқиро як муддат лолу ҳайрон гардонид. Маълум буд, ки замони парокандагӣ фаро расидааст. Акнун ҳар ҷумҳурӣ сари танҳо вориди марҳилае гардид, ки дар он масъалаи ноил шудан ба ягонагӣ, якпорчагӣ ва сарҷамъии воҳидҳои маъмурӣ бе мувозинат ва муносибати якнавохти ҳамаи қишру табақаҳо ба даст намеомад. Як лағзиши ноҷо метавонист кишварро ончунон ба коми даҳшатбори зиддиятҳои худӣ бикашад, ки раҳоӣ ёфтан аз он мардумро як муддат ошуфтаву парешон месохт. Вазъияти нави сиёсӣ бунёди зерсохтори созгорро тақозо мекард. Дар оғози истиқлолият моро сарнавишти душворе насиб гашт. Баробари расидан ба истиқлолият барои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ зарурати таҳкими асосҳои сохтории давлатдории миллӣ, инчунин муайян намудани стратегия ва парадигмаҳои рушди оянда пеш омад.
Барои ҷумҳуриҳои турктабори Осиёи Миёна ва Озарбойҷон то андозае модели рушди Ҷумҳурии Туркия ҳамчун намунаи пайравӣ пазируфта шуд, ки дар он ба секуляризм, ғарбигароӣ ва ҳамгироии халқҳои туркнажод бартарият дода мешуд. Ба далели пайвандҳои куҳани таърихӣ тоҷикон тамоюл ва мансубият ба олами порсигӯён доштанд, ки онҳоро дар он замон ва то имрӯз ду кишваре намояндагӣ мекарданд, ки худро дар миқёси байналмилалӣ бо номи «ҷумҳурии исломӣ» шиносонида буданд. Вале чунин шакли давлатдорӣ ва сифати динмеҳварӣ бо воқеияти сиёсӣ-иҷтимоӣ, арзишҳои бар пояи мероси ниёгон ташаккулёфтаи фарҳангӣ дар даврони шӯравӣ ва ниҳоятан ормонҳои истиқлолиятхоҳии тоҷикон ҳеҷ гуна созгорӣ надоштанд. Чун пардаи оҳанини идеологияи шӯравӣ дарафтод, як холигии мафкуравӣ, мудирияти номуайян, сараро аз носара ҷудо нокарда муҳокимаронӣ кардан ва зуҳури рафторҳои ношоиста ҷиҳати таъйини модели ояндаи рушди ҷомеа аз ҳар касу ҳар сӯ шунида мешуд ва пешниҳод мегардид.
Ҷойи пинҳон кардан нест, ки бад-ин минвол ҷараён гирифтани гуфтору рафтору пиндори раияту роҳбарият дар солҳои 1990-92 хатари ҷиддии ба вазъияти Афғонистони ҳамсоя монанд шудани ҷумҳурии моро ба миён оварда буд. Аз ин ҷиҳат, даъват ва баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ 16 ноябри соли 1992 оғози таҳаввулоти масарратбахш дар сарнавишти давлати ҷавони Тоҷикистон гардид. Таҷрибаи ҷаҳонӣ далолат мекунад, ки дар давраҳои буҳронӣ барои посух додан ба хатарҳои дохилӣ як ақаллияти созанда пайдо мешавад, ки пеши роҳи нобудиро мегирад. Таъбири “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и Сарвари анҷумани раҳоибахши Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро ҳушёру бедор кард. Аҳли толор ҳамин суханонро ончунон пазируфтанд, ки гӯё пештар ҳаргиз онҳоро нашунида буданд. Як муждаи тозае танинандоз шуд, ки онро дар фалсафаи ирфонӣ вуқуфи малакутӣ ва дар урфи мардумӣ бози давлат мегӯянд. 
Пас аз ҳамин рӯйдоди муҳими таърихӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон нахустин қарору қонун ва фармонҳое қабул гардиданд, ки ҳамон лаҳза мисли обу ҳаво барои миллату давлат зарур буданд ва ҳифзи манфиатҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ, миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва тадриҷан бартараф шудани мушкилоти бақои давлати ҷавони тоҷиконро таъмин намуданд. Қабул гардидани ҳамин ҳуҷҷатҳо буданд, ки дар тӯли чанд рӯз имиҷи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро ба ваҷҳи некӯ тағйир доданд. Афзун бар ин, гардиши куллӣ ҷиҳати интихоби роҳи давлатдории дунявӣ дар Тоҷикистон хатари бархӯрди идеологӣ бо исломи сиёсиро дар кишварҳои дигари минтақа низ заиф гардонид.
Ҳарчанд дар фазои сиёсии кишвар оромии нисбӣ ба вуҷуд омад ва роҳбарияти нав дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард, лекин ҳузури нобоварӣ ва рафтори оштинопазирӣ дар дохили ҷомеа ҳанӯз боқӣ монда буд. Таҷрибаи талхи кишвари мо нишон дод, ки масъалаи риояи таҳаммулпазирӣ дар шакли динии он барои таъмини амнияти ҷомеаи муосири тоҷик омили ниҳоят муҳим аст. Он замон дар фазои сиёсии мо бархӯрди шадиди ҷаҳонбинии дунявӣ ва ухравӣ ба миён омада буд. Бояд ончунон ҳуҷҷати сарнавиштсозе қабул карда мешуд, ки дар ин самт сиёҳро аз сафед ҷудо карда тавонад. Барои расидан ба ин ҳадаф Комиссияи босалоҳият оид ба омода намудани матни Қонуни асосӣ ва тартиби қабули он таъсис дода шуд, ки дар ҳамон шароити мушкил рисолати ниҳоят бузурги таърихиро ба субут расонид. Ва ниҳоятан, санаи 6 ноябри соли 1994 интихоботи алтернативии роҳбари давлат, пазируфтории шакли идоракунии президентӣ ва аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба армуғон овард. 
Қонуни олии миллат дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ҷаҳиши беназири таърихие ба вуҷуд овард ва барои ба ҷониби секуляризм ва ҷаҳонбинии дунявӣ тамоюл пайдо кардани ҷомеа сахт мусоидат кард. Илова бар ин, қабули Конститутсия дар кишвари мо барои таҳкими истиқрори сиёсӣ, пешрафти раванди сулҳофаринӣ ва таҳияи қонунҳои созгор ба ҳадафу ормонҳои даврони соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ уфуқҳои тоза боз намуд. Акнун барои  таҳия, баррасӣ ва мавриди амал қарор додани қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зина ба зина ва марҳила ба марҳила иқдомҳои ҷиддӣ роҳандозӣ шудан гирифтанд. 
Яке аз ҳамин гуна санадҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи озо­дии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мебошад, ки 26 марти соли 2009 таҳти рақами 489 қабул гардидааст ва беш аз даҳ сол аст, ки муваффақона амал мекунад. Маълум аст, ки ҳар як давлат муносибати худро ба дин, арзишҳо ва муқаддасоти он аз тариқи қабули қонунҳои дахлдор ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муайян мекунад. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ҳуқуқҳои табиии инсон мебошанд, ки онҳо аз ҷониби ҳар гуна давлат эҷод намешаванд, балки ҳузури маънавиашон дар ҷомеа эътироф мегардад. Таҳия ва тасдиқи қонуни мазкур дар асоси муқаррароти моддаи 26 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон бармеояд: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Дин аз замони қадим ҳамчун омили мутта­ҳид­ку­нанда ва ҳам ҷудоиафкан буд ва то ҳанӯз боқӣ мондааст. Аммо риоя накардани таҳаммулпазирӣ дар ифодаи динию маз­ҳа­бии он ҳатто дар ҷомеаҳои муосир сабаби ҷангу фоҷиа ва харобию нооромӣ мегардад. Эътироф накар­дан ва бе­эъти­ноӣ зоҳир намудан ба эҳсосот ва ар­зиш­ҳои эътиқодии пайравони динҳои дигар боиси сар задани ҷангҳои хунин, пора-пора шудани давлатҳо ва ба мушкилот мувоҷеҳ шудани миллатҳо гардидааст.
Дар айни замон ҳузури таҳаммулнопазирӣ ё таассуби динӣ дар дохили ҷомеа метавонад ҳамчун абзори таъ­сир­гузор дар дасти давлатҳои манфиат­дор барои таф­ри­қа­ан­дозӣ истифода шавад. Ба ҳамин хотир, аз дав­рони қа­дим раф­тори ношояме ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти гу­рӯҳ­ҳои таблиғотӣ бо номи мубашширон барои паҳн кар­дани меъёрҳои динӣ ва арзишҳои миллии худ роҳан­до­зӣ мешуд, ки ҳатман ҳадафҳои пин­ҳони сиёсиро низ пай­гирӣ мекарданд. Дар собиқаи ку­ҳани таърихи башарият нишо­на­ҳои нахустини ҷаҳо­ни­кунӣ дар ҳавзаи фарҳанги баҳри Миёназамин тавассути андешарони­ҳои Искандари Мақ­ду­нӣ ва ташаккули фарҳанги ҳеллинистӣ зуҳур карда буд. Ба ин васила империяи Рим гегемонияи худро дар ҳавзаи баҳри Миёназамин устувор кард, омезиши амиқи фар­ҳанг­ҳои гуногун ва тақсимоти минтақавии меҳнат, муҳо­ҷи­рат ва муо­милотро ба роҳ монд, ки нақши кори он то имрӯз по­барҷост. Дар заминаи таҷрибаи амалишудаи инсоният ҳамин гуна кӯшишҳои муаррифӣ ва инти­шори намудҳои гуногуни ҷунбишҳои мазҳабию тоифа­вӣ дар байни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ низ авҷ гирифт, ки онҳо асосан ба заиф гардонидани ҷомеа аз дохил равона гардида буданд. Бо сабаби он ки дар Иттиҳоди Шӯ­ра­вӣ сиёсати атеистӣ дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ мешуд, дар оғози раванди расидан ба истиқлолият ҳама гуна табли­ғо­ти хусусияти динӣ доштаро бе таҳлилу бар­расӣ қабул кар­дан ва сахт динзада шудани шаҳр­ван­дон дар байни пайравони ҳамаи динҳо хусусияти буҳ­ро­нӣ касб намуд. Ва То­ҷи­кистон, мутаассифона, аз ин рӯй­хат истисно набуд.
Мафҳуми «толерантиа»-и лотинӣ, ки дар забони тоҷи­кӣ бо вожаҳои таҳаммул­пазирӣ, дар арабӣ – «тасо­муҳ», дар русӣ – «терпимость, толерантность» машҳур гаштааст, маъ­нои «пур­­саб­рӣ, шикебо будан ва қабул доштан»-ро дорад. Ҳам­чун истилоҳи ҷомеашиносӣ он пазируфтор будан ба ҷа­ҳон­бинӣ, тарзи ҳаёт, рафтор ва анъанаҳои дигарон аст. Та­ҳаммулпазирӣ ҳеҷ гоҳ муодили бета­фо­ву­тӣ ё беэътиноӣ нест. Он ҳамчунин маънои пазируфтани ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти дигаронро надорад, балки ҳамон аст, ки бар дигарон ҳам ҳуқуқи зиндагӣ кар­дан аз рӯйи ҷаҳонбинии худро медиҳад.
 
БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ
(Бахши дуюм)
 
Ин ҷо барои муайян кардани аҳамияти фарҳанги та­ҳам­мулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа руҷӯи таъ­рихӣ кардан ба оғози бархӯрди фарҳангҳои миллию ди­нӣ мувофиқи мақсад менамояд. Пӯшида нест, ки оғози ман­фиатҷӯӣ дар ҷаҳон бархӯрди масеҳият ва исломро рӯйи кор овард. Масеҳият тавассути тарҷумаи «Септуагин­­та» (70 тарҷума) вориди қитъаи Аврупо гардид ва калисои католикиро дар Ватикан бунёд гузошт. Таъ­ли­моти яккахудоии динӣ дар Аврупо абзори қавие барои маҳ­дуд кардани ойинҳои бутпарастӣ ва мактабҳои ниги­лис­тӣ гардид. Ба қавли дигар, дини нав барои бартараф кардани ҳама гуна унсури халалрасони рушди ҷомеа ва дав­латдории Аврупо як муддат омили муттаҳид­ку­­нанда гардид. Ило­ва бар ин, як идда давлатҳои миллии аврупоӣ дар асоси мансубияти динӣ аз нигоҳи иқ­ти­содӣ ва тиҷоратӣ ҳам­паймон шуданд. Дар минтақаи фарҳангии Чину Ҳинд ва Осиёи Марказӣ низ андешаи монанд ба ягонагӣ пайдо шуд, ки онро истилоҳи ҷуғ­ро­фии тамоми рӯйи Замин (Под­­­­не­бесная – зери Чархи кабуд) ҳамчун ҷамъияти уму­ми­инсонӣ ифода мекард. Вале дар ин ҷо ҳампаймонӣ дар асоси динӣ ба вуҷуд наомад.
Пас аз ин, зуҳури ислом мансубияти динии миллату давлатҳоро ҳамчун меҳвари асосӣ ба омили тавонои му­но­сибатҳои сиёсӣ ва иқтисо­дӣ табдил дод. Ҷавҳари матлаб дар он аст, ки сипоҳи исломиён ба кишварҳои масе­ҳи­та­бор ва минтақаи густариши фарҳангҳои қадим – қиб­ти­ён, бобулиён, сурёниён ва порсиён ҳам футӯҳот анҷом дода, онҳоро мусулмон карданд ва таъсиргузории фар­ҳанги­а­шонро хира гардониданд. Афзун бар ин, онҳо як қисмати умдаи минтақаи густариши фарҳанги ҳеллинистиро ба тав­ри доимӣ тасарруф намуда, аз тариқи вилояти Андалуси Испания ба амнияти умумии Аврупо хатари ҷиддӣ ворид кардан гирифтанд. Ислом дар зоти худ хусусияти бун­ёдгароии динии тавсеапазир нишон дод. Ҳамин воқеият нахустин иттиҳоди кишварҳои Аврупоро дар пояи ҳам­ги­роии иқтисодӣ ва динию сиёсӣ бо номи «ҷангҳои салибӣ» (Cruzada) ҳамчун муқовимат бар муқобили тавсеаи мусулмонӣ ва озод кардани Замини муқаддас ба вуҷуд овард.
Дар шароити қурунивустоӣ империяҳои теократии мусулмонӣ тақвият ёфтан гирифтанд ва муқовимати олами масеҳият ва ислом дар ҳавзаи баҳри Миёназамин хусусияти доимӣ касб кард. Ва ҳар ду ҷониб зимни масъала­гу­зориҳо аз мавқеи бунёдӣ корбарӣ мекарданд. Барои собит кардани даъвоҳои худ онҳо ба матнҳои муқаддас такя мезаданд, ки ин равиши бунёдгароӣ (фундаментализм)-ро дар динҳо ба вуҷуд овард. Ҳар ҷониб мехост ҳаққу ҳуқуқи худро дар асоси қудсияти китобҳои осмонӣ талаб намояд.
Арабҳо дар навбати худ падидаи зуҳури пайғамбари ислом (с), фарҳанги мусулмонӣ ва Қуръону суннатро мисли гавҳараки чашм ҳифз мекарданд. Дар баробари ин забони арабӣ низ нерӯи қавии глобалӣ шуд. Аз ҷониби дигар, қабилаҳои арабитабори нимҷазира ба ҷуз ҳамин каш­фиёт дар таърихи мавҷудияташон чизе дигаре ҳамчун дас­товез надоштанд ва дар атрофи ҳамин идеяи динӣ ва мил­лӣ сахт муттаҳид шуданд.
Ин рафтори онҳо навгонӣ набуд, чунин рафтор дар анъанаи бунёдгузории динҳои дигар низ ҷой дошт. Дар ҳамаи динҳо мафҳуми сегонаи таълимоти динӣ (герменевтическая триада) – матни муқаддас, таъвил ва тат­биқ вуҷуд дорад. Аз ин нигоҳ, равиши бунёдгароӣ саъй мекунад, ки дар ҳолатҳои буҳронӣ масъалагузориро қасдан аз мавқеи баёни матлаб дар матни китобҳои муқаддас баҳогузорӣ намояд. Дар ин сурат вариантҳои таъвил, яъне тафсиру шар­ҳи масъала вобаста ба мавқеи мазҳабҳои гуногун ва тат­би­қи амалии он дар шароитҳои ҷуғрофии гуногун кам ба эътибор гирифта мешавад. Дар ин замина мувофиқ омадани андешаҳои бунёдгароии динӣ бо равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳамчун абзори сиёсӣ барои мавҷудияти андешаи таҳаммулпазирӣ хатару таҳ­дид­­ҳои ҷиддӣ ба бор оварда метавонад. Бад­тар аз ин, давлатҳои пешрафта мехоҳанд ба сари арзишҳои мусул­монӣ кулоҳи технологияи сиёсӣ (политтехнология) бипӯ­шо­нанд, ки вазъияти ногувори сиёсию амниятӣ дар Ховари Миёна мисоли равшани он аст. Таъсири манҳуси ин ра­ванд дар шакли анҷом додани амалиётҳои терро­ристӣ акнун ба кишварҳои ғайримусулмонӣ низ сироят карда истодааст.
Матлабҳои баёншуда нишон медиҳанд, ки масъалаи риояи таҳам­мулпазирӣ дар шакли динии он барои таъмини амнияти ҷомеаи муосир ниҳоят муҳим аст. Таҳам­мул­пазирии динӣ барои нигаҳдории оромии дохилӣ, пешгирӣ кардани нофаҳмиҳо, хунсо кардани ғаразҳои сиёсии не­рӯ­ҳои беруна ва безарар гардонидани таъсири онҳо ба устувории давлату миллат ва фарҳангу диёнат нақши меҳварӣ боз­ида метавонад. Баръакс, дар ҳолати набудани таҳам­мулпазирии динӣ гуногунии динҳо, конфессияҳо ва маз­ҳаб­ҳо метавонад мӯҷиби аз дохил заиф гардидани иқти­дори давлатҳо ва хурӯҷи нооромиҳо шавад.
Дар пояи ин гуфтаҳо моҳияти таҳаммулпазирии диниро ба таври зерин ифода кардан мумкин аст: «Таҳаммулпазирии динӣ изҳори муносибати хушоянд, гуворо ва писандида аз ҷониби пайравони як дин ба пайравони динҳои дигар ва баръакс аст. Ҳар яке аз онҳо ба бовару эътиқодоти худ пай­равӣ мекунанд ва дар айни замон ҳуқуқи якнавохти дигаронро эъти­роф менамоянд». Бо вуҷуди ин, та­ҳам­мулпазирии динӣ падидаи бисёрҷанба ва қобили та­ваҷҷуҳи бузург буда, дорои шарҳу баён ва тавсифҳои гуно­гун аст. Аз ҳамин ҷост, ки ин мафҳум баҳогузорӣ ва ид­року ифодаҳои мухталиф дорад. Бе зикри тафсилоти зиёд танҳо ишора карданӣ ҳастем, ки таҳаммулпазирии динӣ ба ду намуди асосӣ – мусбат ва манфӣ ҷудо мешавад.
Дар тасаввури мусбати худ таҳаммулпазирии динӣ маъ­нои пазируфтани фарҳангу маърифат, эҳтироми ар­зиш­ҳо ва ақидаҳои динию мазҳабии пайравони динҳои ди­гарро ифода менамояд.
Дар тасаввури манфии худ бошад таҳаммулпазирии динӣ маънои беэътиноӣ зоҳир намудан ба дидгоҳҳои динию мазҳабӣ ва маҷмӯи арзишҳои дигаронро ифода менамояд, ки дар натиҷаи чунин муносибат зуҳури бадбинӣ ва бархӯрдҳои номатлуб дар заминаҳои динию мазҳабӣ номумкин мегардад.
Дар ҳар ду ҳолат ҳам новобаста аз он ки таҳаммул­па­зирии динӣ нисбат ба пайравони динҳои дигар аз мавқеи арҷгузорӣ ё бетафовутӣ зоҳир мегардад, он истиқрору устувории иҷтимоӣ ва ҳамзистии гурӯҳҳои динию конфес­сия­ҳои гуногунро таъмин менамояд. Бо вуҷуди ин, аз ду намуди дар боло зикршудаи таҳаммулпазирии динӣ аввалӣ, яъне эътироф ва эҳтироми арзишҳо ва ақидаҳои динию мазҳабии пайравони динҳои дигар авлотар аст, зеро бе­та­фо­вутӣ, ки мазмуни ноогоҳиро дорад, дер ё зудтар метавонад ба зуҳуроти таҳаммулнопазирӣ оварда расонад. Дар ин маврид ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ва маъ­ри­фатию фаҳмондадиҳӣ бисёр муҳим аст, то ҷаҳолату но­огоҳӣ сабаби ташаккули равандҳои бадбинӣ ва беэҳ­ти­ро­мӣ нагардад. Илова бар ин, таҳаммулпазирии динӣ вобаста ба муҳтавои ҷомеаҳои муосир чанд намуд мешавад:
Якум, таҳаммулпазирӣ дар муносибат ба пайравони дин­ҳои дигар (масеҳӣ-мусулмон, мусулмон-будоӣ, масеҳӣ-буддоӣ ва ғ.).
Дуюм, таҳаммулпазирӣ дар робита байни намояндагони конфессия, равия ва мазҳабҳои динҳои гуногун, аз ҷумла, байни калисоҳои католикӣ, протестантӣ ва право­сла­вӣ дар масеҳият, байни суннӣ ва шиа дар ислом ва ғ.
Сеюм, таҳаммулпазирӣ нисбат ба ҳаракати тоифавии динӣ (инчунин таҳаммулпазирии ҳаракатҳои тоифавӣ бай­ни ҳамдигар).
Чаҳорум, таҳаммулпазирӣ дар байни имондорон ба Худо ва беимонон (муъмин-мулҳид).
Зимнан, дар фарҳанги миллии тоҷикон таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ ба платформаи Наврӯзи хусравонии тоҷи­кон ва таълимоти моваруннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
Тавре маълум аст, дар оғози асри ХХI бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни мондагори тоҷикбунёди башарият аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010 мақоми байналмила­лӣ гирифт. Эътирофи ҷаҳонӣ касб намудани Наврӯз маҳз дар хусусиятҳои башардӯстона, мардумӣ, эҳтироми ҳамдигар ва тараннуми ҳамбастагии миллатҳо доштани он нуҳуфта аст. Консепсияи одоби ҳамзистиро пайгирӣ кардани Наврӯз дар байни қавму миллатҳои гуногун имкон фароҳам сохт, ки ин ҷашни мондагор аз ду­риҳои дури умқи таърихи пурталотум то ба имрӯз омада бирасад. Бар пояи Наврӯз боз ҷашнҳои Меҳргону Сада ҷойгоҳи сазовори худро дар шароити истиқлолияти дав­латии ҷумҳурии мо пайдо карданд. Ҷанбаҳои инсондӯс­тӣ, умуми­ба­ша­рӣ ва таҳам­мул­пазирӣ доштани ин ганҷури мондагори ниё­гон акнун манбаи тафохури миллати тоҷик гардидааст.
Таълимоти моваруннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ бошад, дар ҷавҳари усули фиқҳии худ принсипҳои тахаммул­па­зирӣ ва ҳамзистии адён ва фарҳангу тамаддунҳои гуногунро аз даврони давлати мутамаркази тоҷикон – Сомониён парвариш додааст. Ин ду омили муҳим – платфор­маи Наврӯзи тоҷиксиришт ва мазҳаби ҳанафӣ ҳамвазнии созгори диниву дунявиро дар фарҳанги миллии мо собит­қа­дамона нигаҳ доштаанд, ки имрӯз гарави тавонои ҳам­зистӣ, ҳамкорӣ ва ҳамбастагии ҷомеаи шаҳр­вандии мо гар­дидааст.
Аз ин мавқеъ, арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муқад­да­соти динии мо бо меъёрҳо ва муқаррароти созмонҳои бай­налмилалӣ низ мутобиқати комил дорад. Тибқи эъломияи ЮНЕСКО соли 1995 принсипҳои таҳаммулпазирӣ ба тав­ри зерин муайян карда шудааст:
«Арзиш ва меъёри иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар ҳуқуқи ҳамаи афроди ҷомеаи шаҳрвандӣ ифода мешавад, то гуногун бошанд, ҳамоҳангии пойдор байни дин­ҳои мухталиф, гурӯҳҳои сиёсӣ, нажодӣ ва иҷтимоӣ таъмин гардад, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангу тамаддунҳои ҷаҳонӣ ва халқҳои мухталиф риоя шавад, омодагӣ ба дар­ку ҳамкорӣ бо одамони аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ, забон, эътиқодот, расму оинҳо ва бовариҳояшон фарқкунанда ифода ёбад».
Тавсифи мафҳуми таҳаммулпазирӣ дар пешгуфтори Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид ба таври зерин сабт шудааст: «Таҳаммулпазирӣ – пурсабрӣ нишон додан ва бо якдигар дар шароити сулҳ ҳамчун ҳамсоягони хуб ҳам­зистӣ кардан аст». Дар ин ҷо ифодаи мазмун на танҳо як тобиши муассири иҷтимоӣ касб менамояд, балки он ҳам­чунин ба унвони шарти иҷтимоикунонии муваффақ дар ҳамгироии муносибатҳои иҷтимоӣ фаҳмида мешавад ва шомили тавоноии зиндагӣ карда тавонистан ҳам бо худ ва ҳам бо ҷаҳони одамони дигар – муҳити сағир ва кабир аст. Матлабҳои баёншудаи таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар тӯли асрҳо маҳз набудани низоми ягонаи мабнӣ бар асоси андешаи баробарӣ ва таҳаммулпазирӣ ба маънои пазируфтани андеша, рафтор ва ойину фарҳанги дигарон вуҷуд надошт, ки ин боиси ҷангҳои тӯлонии қавмию маз­ҳабӣ мегардид. Аз ин рӯ, риояи меъёрҳои таҳаммулпазирӣ гарави таъмини амнияти ҷомеаи муосир шуда метавонад. 
Принсипи таҳаммулпазирӣ дар фаҳмиши муосири он нахуст дар осори маорифпарварони фаронсавӣ Волтер ва Жан-Жак Руссо ҳамчун «механизми таъминкунандаи ҳам­зистии мусолиматомези намояндагони қавм, мазҳаб ва фар­ҳангҳои гуногун» пешниҳод мешавад. Маҳз Рус­со аввалин бор принсипи таҳаммулпазирӣ ва паймони ҷамъиятиро бар хилофи андешаи «ҷанги ҳама бар зидди ҳама» ва «инсон барои инсон гург аст»-ро пешниҳод мекунад. Баъд аз инқилоби Фаронса (1792) аввалин бор баробарии мардум дар асоси принсипи шаҳрвандӣ новобас­та аз мансубияти нажодию мазҳабӣ эълом гардид. Баъдан ин принсип дар ИМА ва сипас дар тамоми ҷаҳони мутамаддин татбиқ гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз рӯзҳои аввали истиқ­ло­лияти худ дар муқобили даъвоҳои бебунёди исломгароёни наҳзатӣ дастгирии худро аз принсипи дунявият ва таҳам­мулпазирӣ эълон намуд. Ва ин асл дар моддаи якуми Конститутсия дарҷ ёфтааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».
Прнсипҳои усулии дар ин модда баёншуда дар тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ба хусус дар самти сиёсати дав­латӣ дар бахши дин пайгирона риоя мегардад. Дар пеш­­гуфтори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи озо­дии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баёни возеҳи фар­ҳанги та­ҳам­мулпазирӣ ва ҳамзистӣ чунин дарҷ гардидааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷ­дон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эъти­қод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дуня­вӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину маз­ҳаб­ҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад».
Дар ин ҷо бозгӯ намудани чаҳор принсипҳои асосии ин пешгуфтор барои дарки моҳияти дунявият ва таҳам­мул­пазирӣ доштани давлати муосири Тоҷикистон бисёр му­ҳим аст:
Якум, «ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин». Бояд гуфт, ки ин принсип метавонад тан­ҳо дар муҳити солими дунявият ва таҳаммулпазирӣ тат­­биқи амалӣ пайдо кунад. Ва ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳое, ки худро ҷумҳурии исломӣ эълон намуда­анд ва ҳизбҳое, ки ба худ сифати исломӣ гирифтаанд, далели гӯёи дурустии интихоби ҳа­мин роҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аст.
Дуюм, «баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод». Танҳо дар шароити дун­явият мумкин аст, ки бароба­рии пайравони дину маз­ҳаб­ҳои гуногун дар назди қонун ва таъмини адолати иҷти­мои­ву судӣ имконпазир гардад. Дар давлатҳои теократӣ хоҳ масеҳӣ, хоҳ мусулмонӣ ва хоҳ динҳои дигар меъёрҳои воқеии таъмини адолат барои ҳамагон вуҷуд надорад. Масалан, ҳам дар шариат ва ҳам дар ҳуқуқи муқаддаси масеҳиён пайравони динҳои дигар субйекти комили му­носибатҳои ҳуқуқӣ нестанд. Мусулмон ғайримусулмонро «наҷас» ва масеҳӣ ғайримасеҳиро «поганный» (палид) мегуфтанд. 
Сеюм, «муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона доштани давлати Тоҷикистон ба тамоми дину мазҳабҳо». Бояд гуфт, ки фақат принсипи дунявият доштани кишвари мо иҷозат медиҳад, ки намоянда­гони дину мазҳабҳои гуногун озодона ва бе мамониат ҳаёти диниву фарҳангии худро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон риоя намоянд ва ҳамзистии комили онҳо андаруни ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад.
Чаҳорум, «эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маъ­навии халқи Тоҷикистон». Қобили таваҷҷуҳ аст, ки баробари се асли дар боло зикршуда принсипи дунявият барои миллати тоҷик имкон фароҳам меоварад, ки мероси маъ­навӣ ва динии ниёгони худро эҳтиром ва арҷгузорӣ кунад. Аз ин рӯ, нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи То­ҷи­кистон махсус таъкид гардидааст. Сиғаи ифодаи ин мат­лаб ҳамчунин далолат мекунад, ки таълимоти равия­ҳои дигари дини ислом, ба хусус исмоилия низ дар таърих ва ҳаёти маънавии тоҷикон ҷойгоҳи вежа дорад. Мероси адабӣ ва илмии намояндагони ин равия дар ганҷури адабии форсии тоҷикӣ нақши мондагор дошт ва ҳанӯз ҳам дорад.
Аз ин ҷост, ки дар тамоми суханронӣ ва дастуру су­по­риш­ҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмома­лӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳамияти таърихии интихоби роҳи дунявият барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик боисрор таъкид мешавад.
Агар Пешвои муаззами миллат ҳангоми таҷлили ҷаш­ни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир ба ҷойгоҳи иҷ­ло­сияи таърихӣ дар таърихи Тоҷикистони навин сухан рон­да, оғози «роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» муайян карда бошанд, пас дар маросими савгандёдкунӣ 30 октябри соли 2020 дар марҳилаи кунунӣ вазифаҳои асосиро чунин муайян карданд: «Шиддат гирифтани рақобату бархӯрдҳои тиҷоратӣ, низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни олам, вусъат пайдо кардани терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа афзоиш ёфтани бемориҳои нави сироятӣ дар миқёси сайёра собит месозад, ки инсоният ҳанӯз ҳам рӯ ба рӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир осебпазир аст ва ба тақвияти ҳамкориву ҳамгироӣ ниёз дорад. Ба ин манзур, мо минбаъд низ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро бо ҳамаи кишварҳои олам ва пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя, инчунин, шарикони стратегиамон густариш дода, робитаҳоямонро бо онҳо ҷиҳати таъмин намудани манфиатҳои миллии кишвар дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат ва бо дарназардошти воқеиятҳои даврони муосир дар чорчӯбаи ташкилоту созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ вусъат мебахшем». Пас, моро зарур аст, ки ба хотири сулҳу субот ва оромии ҷомеа паҳлӯҳои гу­ногуни суннатҳои волои фарҳанги миллӣ ва динию эьтиқодиамонро мутобиқ ба талаботи замони муосир эҳё карда, кишвари азизамонро ба таври писандида ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардорем.
 
Файзулло БАРОТЗОДА – раиси Комиссия оид ба
одоби вакилони Маҷлиси Намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви фраксияи ҲХДТ

Илова кунед