Паёми Пешвои миллат-Паёми бахту саодати миллат аст

26 Январ 2021, Сешанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи панҷуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми  худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд.
Коллективи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули ин мақоми олии қонунбарор дар назди оинаи нилгун нишаста Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мароқи том гуш карданд.

Яке аз падидаҳои  муҳим дар давлатҳои муосир институти Паёми Сарвари  давлат ба Парламент мебошад, ки онро конститутсияҳои аксарияти кишварҳои ҷаҳон муқарар менамоянд.
Хурсандиовар аст, ки Паёми Сарвари давлат ба Парламент оид ба вазъи кишвар ва дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат имрӯз ҳукми анъанаро соҳиб шуда, дар як қатор кишварҳои олам ба маъракаи муҳими сиёсиву давлатӣ табдил ёфтааст.
Паёми Сарвари давлат ба Парламент ҳамчун санади муҳими ҳуқуқии  Президенти мамлакат имрӯз мақому манзалат ва нуфузу эътибори бештарро касб намудааст.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.
Паёми мазкур  ҳамчун санади муҳими Сарвари давлат дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат, таъмини амнияти давлат, волоияти қонун ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ҷоӣи махсусро ишғол менамояд. Зеро солҳои охир вазъи сиёсии ҷаҳон тағир ёфта хавфҳои нави  умумибашарӣ ба миён омадаанд. Дар ин раванд,  аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам боло рафта, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа баргузории онро бесаброна интизорӣ мекашанд, тавассути воситаҳои ахбори омма матолиби онро бо таваҷҷуҳи хос тамошо ва мутоила мекунанд




Илова кунед