Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд

03 Апрел 2020, Ҷумъа

Имрӯз дар китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини аввали Раиси Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, нахустин ҷаласаи вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таъмини ояндаи дурахшони кишвар тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, баҳри таҳкими низоми қонунгузории кишвар тамоми неруи ихтисосии худро равона менамоянд.

Рӯзномаи ҷаласаи нахустини вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз масъалаҳои зерин: таъсиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон; интихоби Раиси Фраксия ва муовинони ӯ ва котиби фраксия иборат буд.

Дар ҷаласа Абдуҷаббор Азизӣ таъкид намуд, ки мақоми ҳуқуқии Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 52 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4 оинномаи ҲХДТ муайян карда шудааст. Зарурати таъсиси Фраксия, пеш аз ҳама, барои фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб асоснок карда мешавад, - изҳор намуд Абдуҷаббор Азизӣ.

Бо қарори ҷаласаи вакилон — аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд, инчунин Назирӣ Гулбаҳор ба вазифаи муовини аввал, Хайриддин Усмонзода ба вазифаи муовин ва Саодатшо Матробиён котиби Фраксия интихоб карда шуданд.
Ҳамин тариқ Фраксия вакилонро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ муттаҳид намуд.  Дар байни 42 нафар аъзоёни Фраксияи ҲХДТ вакилон бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла: муҳандисони соҳаҳои заминсозӣ, сохтмон, технология, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, кишоварзон, агротехнологҳо, математикҳо, филологҳо, файласуфон, мутахассиси соҳаи тиб, сиёсатшиносон дохил гардиданд.  
Бо қарори ҷаласаи Фраксия мутобиқи бандҳои 105, 106, 110 ва 114 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи бақайдгирӣ пешниҳод гардиданд.
Дар кори ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок намуд.




Илова кунед