Заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 Январ 2021, Панҷшанбе

Дар замони муосир коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлубу зишт ва яке аз ҷиноятҳои хавфнок ба амнияти давлат, суботи ҷомеа ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таҳдид менамояд. То ҳол ба ҳеҷ давлати дунё муяссар нашудааст, ки ин ваборо пурра аз байн бурда бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, инчунин хавфу хатар ва оқибатҳои манфии онҳо изҳори назар намуда, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани ин падидаи номатлубро масъалагузорӣ менамоянд ва дар паёмҳои Президенти мамлакат мубориза бар зидди коррупсия самти афзалиятноки фаъолияти давлат ҳисобида шудааст.
Чунончи, Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2004 вобаста ба зуҳуроти номатлубу зишти коррупсия сухан карда, мубориза бар зидди онро яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар гуфтанд. Тавре зикр намуданд: «Зуҳуроти номатлуби дигаре, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, паҳн гардидани коррупсия мебошад. Ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ дар ҳар шакл ва дар ҳар зинаи мақомоти давлатӣ ё субъектҳои хусусӣ, ки сурат гирад, пеш аз ҳама нуфузу эътибори давлат ва хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар миёни халқ паст мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин ҷиноят бояд яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ташкил диҳад». Дарвоқеъ, порадиҳӣ ва порагирӣ кирдорҳои хавфноку зишт буда, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани чунин кирдорҳо моддаҳои махсус – моддаҳои 319 (гирифтани пора) ва 320 (додани пора) пешбинӣ гардидааст.
Қобили зикр аст, ки дини мубини ислом низ порахӯр ва порадиҳандаро сахт маҳкум карда, шахсоне, ки чунин гуноҳро содир мекунанд, сазовори ҷазои сангин медонад. Тавре пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо (с) дар ҳадисе мефармояд: «Порахӯру порадиҳанда ҳар ду дар ҷаҳаннам аст».
Мавриди ёдоварист, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007, таҳти № 143 бо мақсади вусъат додани мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию ревизионӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда ва ҳамоҳангсози мубориза бар зидди коррупсия таъсис дода шуда, Низомномаи он тасдиқ гардид. Дар робита ба ин, вазифаҳои собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ба ваколати Агентӣ вогузор карда шуданд.
Бо мақсади танзими фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 20-уми марти соли 2008) қабул гардид. Қонуни зикргардида вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, хизмат дар мақомот, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, таъминоти молиявӣ, моддию техникии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин, дигар вазифаҳоеро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.
Бо сабаби он ки дар шароити муосир коррупсия ҳамчун зуҳуроти хатарнок ба рушди давлат таъсири манфӣ мерасонад, дар мамлакат мубориза бар зидди он самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон шудааст. Чуноне ки Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми апрели соли 2008 қайд намуданд: «Бо дарназардошти он, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додаем».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми апрели соли 2010 дар самти мубориза ба коррупсия масъалаи гузаронидани экспертизаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро зарур шуморида, бо мақсади аз тариқи қонунгузорӣ пешгирӣ намудани омилҳои коррупсиониро тавассути гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии қонунҳо баланд бардоштани сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳоро махсус таъкид намуданд.
Ҳамин тавр, дар заминаи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми апрели соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (28-уми декабри соли 2012) қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади дар онҳо ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани ин омилҳо ва дар маҷмӯъ, низоми пешгирии коррупсияро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа танзим менамояд.
Бояд иброз намуд, ки барои тақвият бахшидан ба ҷараёни муқовимат ба коррупсия 30-юми апрели соли 2010, таҳти №864 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 2010, таҳти №431 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 тасдиқ гардид. Илова бар ин, 14-уми декабри соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва Низомномаи он тасдиқ карда шуд. Шӯрои миллӣ мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия мебошад.
Дар алоқамандӣ ба қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида ва таъсис ёфтани Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2011 зикр намуданд, ки «бо дарназардошти муҳиммияти масъала соли гузашта (соли 2010 – С.Ф.) бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия қабул гардида, Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд, ки дар асоси санадҳои зикршуда масъулияти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаҳои мухталиф ба зиммаи роҳбарони аввали вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ гузошта шудааст.
Ҳоло зарур аст, ки иҷрои санадҳои мазкур ва дигар чораҳои дар ин самт пешбинигардида сари вақт таъмин карда шавад, то ки натиҷаи онҳо дар ҷомеа эҳсос гардад. Илова бар ин, таъкид месозам, ки дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад».
Қобили зикр аст, ки Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади мусоидат ба қабул ва таҳкими чораҳое, ки ба пешгирии судманд ва таъсирноки коррупсия ва мубориза бар зидди он нигаронида шудаанд, ҳавасмандсозӣ, сабук намудан, дастгирии ҳамкории байналмилалӣ ва ёрии техникӣ дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, аз ҷумла, андешидани чораҳо баҳри баргардонидани дороӣ, ҳавасмандсозии поквиҷдонӣ, садоқат ва масъулиятшиносӣ, инчунин, идораи дахлдори корҳои оммавӣ ва амволи оммавӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар навъ ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бар зидди коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсия бар зидди коррупсияро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ кард. Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳое, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи мубориза бар зидди коррупсия бармеоянд, иҷро менамояд. Вобаста ба ин Сарвари давлат дар Паём (20-уми апрели соли 2011) махсус қайд карданд, ки «Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд саҳми Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳое, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид доир ба мубориза бар зидди коррупсия бармеоянд, мусбат арзёбӣ намудааст».
Бояд хотирнишон сохт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, таҳти № 34 «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул гардид. Стратегияи мазкур ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян карда шуд.
Бинобар ба охир расидани муҳлати «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 масъалаи таҳия ва пешниҳод намудани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро ба миён гузоштанд ва барои таҳияи он Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои муқовимат ба коррупсия вазифадор гардиданд.
Дар натиҷа, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, таҳти №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардида, дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.
Мақсаду ҳадафҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷаддадан доир ба масъалаи мубориза бар зидди коррупсия сухан карда, дар назди мақомоти муборизабаранда ба коррупсия вазифаҳои нав гузоштанд ва дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро (аз 25-уми июли соли 2005) масъалагузорӣ намуданд. Тавре Сарвари давлат зикр карданд: «Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд».
Ҷиҳати иҷро намудани банди 58-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 зикр ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2019, таҳти № АП-1146 тасдиқ шудааст, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» бо риояи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия шуда, мафҳумҳои коррупсия, муқовимат ба коррупсия, ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба коррупсия ва дигар мафҳуму меъёрҳоро дар самти муқовимат ба коррупсия муайян месозад. Тарзу усулҳои муосири муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро ба вуҷуд овард.
Қобили қайд аст, ки дар номи лоиҳаи Қонуни зикргардида калимаи «мубориза» ба калимаи «муқовимат», ки мафҳуми васеътар мебошад, иваз карда шудааст, чунки мафҳуми «муқовимат ба коррупсия» маҷмӯи чораҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, мубориза ва рафъи коррупсияро дар назар дорад. Ҳамзамон, мафҳумҳои асосие, ки дар лоиҳа мавриди истифода қарор мегиранд, бо тарзи нав, бо дарназардошти меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст,  мушаххас карда шудаанд.
Гузашта аз ин, рӯйхати субъектҳои муқовимат ба коррупсия ба субъектҳои ба коррупсия бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, тақсим гардида, ваколатҳои онҳо дақиқ карда шуданд.
Ҳамин тариқ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»-ро (17-уми июни соли 2020) баррасӣ ва қабул кард. Он тибқи тартиби муқарарнамудаи Конститутсияи мамлакат 7-уми августи соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардида, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шуд.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ нигаронида шудааст.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми январи соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар перомуни яке аз зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир – коррупсия сухан карда, чунин иброз намуданд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».
Аз ин рӯ, субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда вазифадор шуданд, ки барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ чораҷӯӣ намоянд.
Хулоса, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди коррупсия мавқеи намоён ва нақши муҳим гузоштанд, зеро дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садди устувор гузоштан дар роҳи кирдорҳои коррупсионӣ тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб баён шуданд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида, муқовимат ба коррупсияро пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудан ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, мусоидат менамоянд.
 
 
Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
 
 

Илова кунед