Ташаббусҳои бунёдии Пешвои миллат дар таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ

29 Январ 2021, Ҷумъа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”.
 
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта,  дар фарҳанги сиёсии миллатамон чун ҳуҷҷати барномавии стратегӣ ва оғозбахши соли нави молиявӣ равандҳои иҷтимоишавии ҷомеаи соҳибистиқлоламонро пайгирӣ карда, самтҳои нави пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии онро муайян кард ва ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят намуд.
Қабл аз ҳама, Сарвари давлат бо диди тоза ва амиқи стратегӣ таваҷҷўҳи мардуми ҷумҳуриро ба мубрамтарин масъалаҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва пешомадҳои ҷомеаи муосир ҷалб намуда, самтҳои асосии он, ки он ба ҳалли масъалаҳои фарогири пешрафту ташаккули давлат, бартараф кардани мушкилоту монеаҳо, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, пешбурди сиёсати мутавозини хориҷӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро бо назардошти вазъи сиёсати ҷаҳонӣ муайян намуданд.
Мавзӯи аввале, ки дар Паём матраҳ гардид, ин масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва саломатии аҳолии мамлакат бо назардошти вазъи мураккабу ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа буд. Тавре маълум аст, кишвари мо дар соли сипаришуда сарфи назар аз душвориҳои вазъияти баамаломада, барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ COVID-19 ва ҳифзи солимии аҳолӣ, суботи молиявӣ, дастгирии корхонаҳо, таҳким бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолии кишвар ва  зиёд намудани хароҷот ба соҳаи тандурустӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо васеъ истифода бурд.
Дар заминаи пандемияи COVID-19 ва таъсири он ба муҳити микро- ва макроиқтисодӣ, инчунин вазъи амнияти озуқаворӣ мувофиқан рушди иқтисоди миллӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд. Дар соли сипаришуда иқтисодиёти кишвар 4,5 фоиз афзоиш ёфт ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз афзоиш ёфта, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро таъмин намуд.
Дар қисмати дигари Паём таҳлили пурраи фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус масъалаҳои вобаста ба амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат, нақшаҳое, ки дар назди мо истодаанд,  мавриди таҳлили амиқу дақиқ қарор гирифтанд.
Яке аз муҳимтарин масъалае, ки дар Паём баён гардид, ин рушди соҳаи сайёҳӣ буд. Президенти муҳтарами мамлакат иброз доштанд, ки “Бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ мо рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда, солҳои 2019 – 2021–умро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудем.
Бо вуҷуди ин ҳама ва бо дарназардошти соли ҷамъбастии ташаббуси «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки доир ба афзоиш додани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус, рушди сайёҳии дохилӣ чораҳои аввалиндараҷа андешанд”.
Бо талошҳои зиёди Сарвари давлат ва бо такя ба иродаи қавии халқи азизамон яке аз тафовутҳои Паёми соли 2018 дар он буд, ки нақшаҳои гузошташуда барои 3 сол барномарезӣ карда шудаанд. Аз он ҷумла, яке аз масъалаҳое, ки ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида буд, аз тарафи Президенти мамлакат эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» буд. Ҳадаф аз ин тадбирҳо қабл аз ҳама, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳбудӣ бахшидан ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар ва таъмини шуғли пурмаҳсул мебошад.
Воқеан ҳам, дар ҳошияи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тавсеаи сайёҳӣ дар кишвар иқдомҳои назаррас роҳандозӣ гардида истодаанд. Имрўз дар мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардида истодаанд. ки барои рушди соҳа заминаи созгор фароҳам овардаанд. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои таъмин намудани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкили фаъолияти самарабахши субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ, дар ин замина бозори самаранок ва рақобатпазирии сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардида, имкониятҳоро барои қонеъ намудани талаботи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба хизматрасониҳои мухталиф ва сифатноки соҳа равона намудааст.
Сайёҳӣ ҳамчун феномени иқтисодӣ таҷассумгари таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Тоҷикистони биҳиштосо - сарзамини миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланддошта соҳиби иқлими хушу мусоид, манзараҳои нотакрори табиат, кўҳҳои осмонбўс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, ҳайвоноту набототи нодир, урфу анъанаҳои мардумӣ ва макони беҳтарини сайру сайёҳат дар олам мебошад.
Тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон қайд намуданд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ  яке аз самтҳои афзалиятнок ва даромадноки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, бо суръати баланд рушд намуда истодааст. Паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ, ташаббусҳои бунёдии таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ, самаранок гардонидани соҳаи хизматрасонӣ барои баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар  замина гузоштанд.
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат вобаста ба рушди минбаъдаи соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» қабул гардид, ки он муносибатҳои ҷамъиятии соҳаи сайёҳиро танзим намуда, барои  таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд равона гардидааст. Ҳамзамон, барои фароҳам овардани шароити баробар ба рақобатпазирии субъектҳои сайёҳӣ, ташаккули низом, ташаккули намудҳои хизматрасонӣ, рушди робитаҳои байналмилалӣ, истифодаи оқилонаю ҳифзи захираҳои сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ҳангоми фаъолияти сайёҳӣ ва таъмини амнияти сайёҳон заминаи ҳуқуқӣ омода намудааст. Тибқи қонуни амалкунанда дар мамлакат ба фаъолияти самараноку озоди иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ кафолат дода шудааст. Ҳамзамон,  ташаббускорӣ дар соҳаи сайёҳӣ дастгирӣ ёфта, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои субъектҳои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ таъмин гардидааст ва барои  рушди маърифати сайёҳӣ ва истифодаи оммавии захираҳои сайёҳӣ имкониятҳои мусоид фароҳам гардидаанд.
Инчунин, таъмини бехатарии сайёҳон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамояд. Бинобар ин, мутобиқи банди 5) қисми 2 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» субъектони фаъолияти сайёҳӣ вазифадор ҳастанд, бехатарии сайёҳон, нигоҳдории амволи онҳо, омўзонидани қоидаҳои амният ва расонидани ёрии таъҷилиро ба сайёҳон таъмин намоянд, инчунин тибқи муқаррароти қонун барои зарари ба сайёҳон расонидашуда ҷавобгар ҳастанд. Мувофиқи моддаи 16-и қонун сайёҳон вазифадоранд қоидаҳои шахсии бехатариро ҳангоми сайёҳат риоя намоянд. Қабули қонуни мазкур барои рушди сайёҳӣ пояҳои устувори ҳуқуқӣ  гузошта, барои фаъолияти самараноку натиҷабахши соҳа замина эҷод намуд ва шиносоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён тавассути сайёҳон бештар гардидааст. Бо мақсади ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ” ва як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳо таҳия ва қабул гардиданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати таҳкими заминаҳои рушди босуботу дарозмуддати соҳаи сайёҳӣ дар стратегияву барномаҳои давлатӣ барои давраи то соли 2030 масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи дороиҳои миллӣ, махсусан нерӯи инсонӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин тақвияти институтсионалии рушди соҳа ҳамчун самтҳои афзалиятнок мебошанд. Ҳамзамон, дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати «Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои суғурта, сайёҳӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ» ҳадафҳои мушаххас гузошта шудаанд ва амалӣ гардида истодаанд.
Дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, бо мақсади татбиқи сиёсати иқтисодӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ чунин қайд гардидааст: “- бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ташаккул додани инфрасохтори замонавии сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихиву фарҳангӣ, кўҳнавардӣ, шикор ва дигар намудҳои сайёҳӣ ва бо истифода аз усулҳои муосир васеъ ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар” ва дар ҳафт соли оянда ҳалли масъалаҳои болозикр муҳим арзёбӣ гардидаанд.
Ҷиҳати тақвияти иқтидорҳои сайёҳӣ, ташкили тарғиби ҳаматарафаи имкониятҳои соҳа, таъмини рақобатпазирӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ, инкишофи маркетинг, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти доманадори фарогир роҳандозӣ гардидааст. Ҳамзамон, бо мақсади ташаккул ва инкишофи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ равзанаи ягонаи бақайдгирӣ ва муосири нуқтаҳои қабули сайёҳон таъсис дода шуда, барои фаъолияти самараноки фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллидошта, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ҳама имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.
Бо мақсади рушди соҳа, тақвияти ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон, бартараф намудани монеаҳои маъмурию бюрократӣ, кам намудани шумораи расмиётҳои танзимкунанда, аз ҷумла дар самти низоми бақайдгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва фискалӣ як қатор қонунҳо қабул гардида амалӣ шуда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” муҳлати бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» аз 45 то ба 5 рӯз ва барои соҳибкорони инфиродӣ то 3 рӯз кӯтоҳ гардид. Инчунин, шумораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои  бақайдгирии давлатии таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз 30 то ба 7 адад коҳиш ёфт. Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» имконият дод, ки шумораи соҳаҳои иҷозатҳо аз 805 то 86 адад кам карда шуда, расмиёти дастрас намудани онҳо низ соддатар гардид. Зиёда аз ин, низоми электронии пешниҳоди иҷозатҳо то 30 фоиз зиёд гардид.
Ҳамзамон, бо мақсади рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, густариши раванди танзими давлатӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби бештари сармоя, омода кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгў, ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои соҳа бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва андешидани чораҳои иловагӣ соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
 Бо иқдоми ҳадафмандонаи Сарвари давлат санади муҳим бобати таъмини афзалиятҳои миллӣ, таъмини рушди бештари соҳаи сайёҳӣ ва амалишавии ҳадафҳои мушаххас «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардид, ки ин стратегияи дарозмуддати рушди соҳа буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди соҳа ба инобат гирифта шудаанд ва барои татбиқи ин ҳадафҳо чанд омили муҳим, аз ҷумла рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши соҳа бо сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ муҳим арзёбӣ гардидаанд.
Ҷиҳати ҳимояву дастгирӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд. Ҳамзамон, аз 22 январи соли 2017 бо мақсади дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ аз 1 январи соли 2017 воридоти таҷҳизоту техника ва  маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ), ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, аз боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо озод гардиданд, инчунин даромад аз фаъолияти сайёҳии субъектҳои соҳибкорӣ ба муҳлати 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ аз андоз аз фоида (андози низоми содакардашуда) озод карда шуданд. Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд.
Тибқи дастури Сарвари давлат барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардиданд. Ҷиҳати дастгирии молиявии  субъектҳои соҳибкорӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуда, дар давоми 7 соли охир ба 161 субъекти соҳибкорӣ  ба маблағи 222,4 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намудааст, ки нисбат ба соли 2013 зиёда аз 7,4 маротиба зиёд мебошад.
Таҳлилҳо собит сохтанд, ки то ба ин давра ба соҳибкорон ва сармоягузорон дар маҷмўъ 73 имтиёз ва 240 сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ шудааст, аз шумораи умумӣ 29 намудро имтиёзҳои андозӣ, 23 намудро имтиёзи гумрукӣ, 4 намудро имтиёзҳи танзимкунанда ва 15 намудро имтиёзҳои молиявӣ, грантҳои аслии давлатӣ ва ғайра ташкил медиҳанд, 85 фоизро имтиёзҳои фискалӣ ва тақрибан 15 фоиз ба ғайрифискалӣ рост меоянд.
Дар баробари ин, дар натиҷаи пешбурди сиёсати устувори иқтисодӣ, таъмини рушди нерӯи инсонӣ ва сифатан баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ба сайёҳони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла дар бахши рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ки  ҳамчун самтҳои афзалиятноки минбаъдаи рушди соҳа муайян гардидаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои олам арзёбӣ мекунад, дар соли 2020 мавқеи худро 4 зина боло бурд ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро ба даст овард, ки дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин маҳсуб меёбад. Инчунин, боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари таҳқиқоти маҷаллаи байналмилалии молиявӣ «Global Finance» ба рўйхати бехатартарин давлатҳои ҷаҳон дохил шуд.
Инчунин, бо мақсади муҳайё намудани шароити муосири таълимӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ ва ҷавобгўи бозори ҷаҳонии меҳнат дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шудааст. Айни замон дар 15 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ зиёда аз 2100 нафар ва дар литсею коллеҷҳои касбии техникӣ зиёда 500 нафар аз рўи 16 намуд ихтисосҳои соҳавӣ (саёҳат ва меҳмондорӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои сайёҳӣ, иқтисод ва идораи сайёҳӣ, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, фаъолияти меҳмонхонавӣ, таъмини забони робитаҳои байнифарҳангӣ, роҳбаладӣ, меҳмонхонадорӣ, ошпазӣ, қаноддӣ, хизматарсонии меҳмонхона) ба таҳсил фарогир мебошанд, ки барои таъмини рушди устувори соҳа таккони ҷиддӣ мебахшад.
Президенти муҳтарами мамлакат дар Паёмашон қайд намуданд, ки “Тайи солҳои 2018 – 2020–ум дар кишвар 145 ширкати нав иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар ин муддат, дар маҷмӯъ, 224 ширкат ба бозори сайёҳӣ ворид гардид”. Дар ин замина 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдор гардидааст, ки тавассути онҳо ҳазорон ҷойҳои кории нав таъсис дода шуд. Ҳамзамон, Ҳукумати кишвар бо мақсади рушд додани соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба масъалаи вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ диққати махсус дода, дар ин самт якчанд барномаҳои давлатиро амалӣ намуда истодааст. Ҳукумати мамлакат ҳамкориро бо соҳибкорони ватанӣ, тавассути ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сармояи дохиливу хориҷӣ ва сохтмони иншоотҳои нави сайёҳӣ, ки омили асосии муҳайё намудани ҷойҳои корӣ мебошанд, ҷиддӣ ба роҳ мондааст. дар давоми ҳафт соли оянда 110 ҳазор ҷойи кории доимӣ, бахусус, барои занону ҷавонон таъсис диҳад.
Воқеан, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ ва аз ҳама асосаш муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик аз қадим соҳибҳунар, дорои фарҳанги воло ва суннатҳои неки аҷдодӣ буда, ба омўзиш ва рушди ҳунармандӣ дар кишвари худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ки боиси ифтихори баланди миллӣ мебошад.
Ҳадафҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз хиради воло ва фитрати модарзодиашон бармеояд, дар шароити муосири раванди таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар саривақтӣ аст, чунки рушди деҳоту соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳамдигар пайвандӣ доранд, ҳамчунин амалигардонии чорабиниҳои ҳадафмандонаи стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо мусоидат менамояд.
Бояд қайд намуд, ки соҳаи сайёҳӣ бидуни рушди деҳот ва бе фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохтори он дар маҳалҳо чандон инкишоф намеёбад, аз ин рў, Ҳукумати мамлакат ба ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Чунки қисми зиёди аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ҳунарҳои мардумӣ низ дар деҳот рушд мекунанд. Қобили зикр аст, ки ҳазорон ҳунармандони маъруф, боистеъдоду соҳибтаҷриба дар деҳот умр ба сар мебаранд, ҳунару маҳорати худро аз аҷдодони соҳибҳунару бомаърифати худ мерос гирифтаанд. Ҳамчунин садҳо навъи ҳунарҳо ва молу маҳсулоти анъанавӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик мавҷуд ҳастанд, ки аз онҳо дар хориҷи кишвар ҳанўз муаррифӣ нагардидаанд. Ба шарофати пешбурди солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ самараи ҳунару маҳорат, молу маҳсулоти таърихию фарҳангии кашфношудаи миллати куҳанбунёди тоҷикон  мавриди таваҷҷуҳу эътибори хосаи сайёҳони хориҷӣ қарор гирифта, завқу салиқаи эшонро ба таъриху фарҳанги қадимаи тоҷик ва табиати зебои Тоҷикистон афзун намудааст.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷумла, аз ёдгориҳои таърихӣ мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, Қалъаи Хуҷанд, пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм, Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрӯд, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Хулбук, Осорхонаи миллӣ, аз имконоти рекреатсионӣ осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Ямчун» - Бибӣ Фотимаи Заҳро, «Баҳористон», «Сатурн», «Хоҷа Оби гарм», «Сароб», «Сафеддара», «Пули сангин», «Чилдухтарон» ва дигарон имконият медиҳанд, ки сайёҳони хориҷӣ бо таъриху фарҳанг ва анъанаҳои қадимаи тоҷикон аз наздик ошно гардида, аз табиати беназиру биҳиштосои диёри зебоманзара, обу ҳавои аз ҷиҳати экологӣ тоза, чашмаҳои бо хусусияти табобатии нодир як ҷаҳон таассуроти нек бардоранд.
Айни замон, дар кишвар бештар аз 25 ташкилоти дохилии сайёҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат расонида истодаанд, аз чумла, Ассотсиатсияи «Зарафшон», Ҷамъияти байналмилалии туризми ҷавонон «Спутник», ҶДММ «Сайёҳати Олӣ», «Суғдиён- Помир-Тур», «Ҷаҳонгард», «Алп Сомон-тур», «Бунёд-Тур», «Саёҳатҳои Кўҳҳои Помир», «Ҷавоҳир», «Ориент Адвентур», «Куҳандиз», «Помир Силк Тревел», «Скай Тур», «Сайру Саёҳати Кўҳӣ», «Чил Меҳроб», «Зарафшон Меджистик Трэвел», «Сафари Помир», «Ҳафткўл», «Боми Ҷаҳон Тур», «ААА-Тур», «Мерима», «Панҷакент интур», «Империя – 55» ва ва дигарон мебошанд.
Мувофиқи рейтинги ҷаҳонии кишварҳо оид ба хулосаи сомонаву шабакаҳои байналмилалӣ дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рўи имкониятҳои сайёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ Тоҷикистон ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намудааст, шабакаи иҷтимоии «ВВС» дар Британияи Кабир дар соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эътироф намудааст, шабакаи иҷтимоии «Globe Spots» Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳати саргузаштӣ дар соли 2014 ҷой додааст.
Нашри русии маҷаллаи маъруфи “National geographic” (28.02.2016) дар соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё ворид намудааст. Дар маҷаллаи ТОП-100 дар соли 2015 пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба мавзеъҳои бехатар аз рўи таъмини шабона ворид гардида, дар соли 2016 3 минтақаи Тоҷикистон ва қаторкўҳҳои Помир дарҷ гардидааст. Тибқи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Миллали Муттаҳид Тоҷикистон кишвари сайёҳиаш дар ҳоли рушд қарордошта муайян гардидааст. Ҳамзамон, дар рўйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми Ҷаҳонии иқтисод (ФҶИ) дар соли 2017 муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро касб кард. Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рўйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарин сайёҳӣ нишон додаанд, алоҳида қайд гардида, пас аз Озарбойҷону Ҷопон дар ҷойи сеюм қарор гирифтааст. Оҷонсонии таҳлилии «Тур Стат» (Россия) даҳгонаи шаҳрҳои ҷалбкунандаи Шоҳроҳи Абрешимро муайян намуд, ки дар қатори шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тароз, Ганҷа, Витебск, Хева, Туркистон, Гумрӣ, Марв, шаҳри Хуҷандро низ ҷой додааст.
Бо қарори Шўрои вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ аз 3 октбяри соли 2019 шаҳри Душанбе солҳои 2020-2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва аз 28 сентябри соли 2018 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шуд.
Бо ифтихор ва қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи ин пешравию дастовардҳо дар рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон натиҷаҳои дастовардҳои фараҳманду арзишманди даврони истиқлолият, шоҳкориҳою фидокориҳо ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад. Инчунин, фаъолияти бахшҳои сайёҳии кишвар бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ такмил ёфта, истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандони ватанӣ бо ҷалби бештари соҳибкорону сармоягузорон таъмин гардида истодааст. Ин раванд бо дарназардошти муайян намудани бартариятҳои мавҷудаву имконпазири иқтисоди миллӣ ва самтҳои таъминкунандаи рушди соҳа ташаккул ёфта,  барои то ба андозае коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатӣ заминаи хуб гузошта истодааст. Барои аҳолӣ ҷойҳои кории нав таъсис дода шуда, барои рушди деҳот ва ташаккул ёфтани ҳаёти иҷтимоии табақаи миёнаи аҳолӣ мусоидат намуда истодааст.
Ташаббуси Роҳбари давлат нақши муҳиму созандагиро дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми кишвар эҷод намуд ва ба зиёд шудани шумораи сайёҳони хориҷӣ  такони ҷиддӣ бахшид. Соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 430992 сайёҳ ташриф овард, ки нисбат ба соли 2016 — 86019 нафар ё ба андозаи 25,3 фоиз зиёд буд. Падидаи ҷолиб аст, ки дар ин замина шумораи сайёҳони хориҷӣ дар соли 2018 ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбати ба соли 2017 – ум 2,6 баробар афзудааст. Дар соли 2019 беш аз 1 миллиону 260 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан карданд, ки нисбат ба соли гузашта шумораи онҳо 20 фоиз зиёд мебошад.
Аз оғози соли 2020 паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 ба таъғйирёбии иқтидори иқтисодии ҷаҳон сабаб гардид. Сайёҳӣ низ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ бо таъсири эпидемияи коронавирус осебпазир гардида, вазъи соҳаи мазкур нисбатан ташвишовар гардид. Дар ин радиф, Ҳукумати мамлакат ҳамоҳангсозии талошҳоро барои наҷот додани ширкатҳои сайёҳии кишвар, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои технологӣ, агентиҳои сайёҳӣ,  тарабхонаҳо, кормандони мустақили сайёҳӣ ва тамоми зинаҳо захираҳо барои нигоҳ доштани садҳо ҷойҳои корӣ, ки ба бахши сайёҳӣ ҳамчун манбаи воситаи зиндагӣ вобастаанд, роҳандозӣ намуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозиро пешбинӣ намуда, ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намуд. Бо Фармони мазкур дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ роҳандозӣ гардида, барои ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо, дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон, ҳамзамон, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои ҳамкории самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Ҳаводиси охир, паҳншавии бемории сироятӣ ва таъсири он ба иқтисодёти ҷаҳонӣ бори дигар ин ҳақиқатро собит сохт, ки ҷаҳони муосир ниҳоят тағйирёбанда мебошад, Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат барои нигоҳ доштани мавқеи устувор ва ҷиҳати таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар ва бартараф намудани осебпазирии он, механизму фишангҳои самаранокро, ки иқтисодиёти кишварро аз таъсири омилҳои ҳассоси беруна эмин медоранд, роҳандозӣ намудааст ва новобаста аз ҳолати ноустувори иқтисодиёти ҷаҳони муосир ва заиф гардидани механизмҳои идоракунӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва низоми молиявии он, суботи иқтисодиро дар кишвар таъмин намуда, ҷиҳати беҳдошти зиндагии мардуми кишвар, афзоиши табақаи миёнаи аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ шароити боз ҳам мусоидро фароҳам сохтааст.
Имрўз Тоҷикистони азиз бо ибтикору дастгириҳо ва заҳматҳои доимии Пешвои муаззами миллат ва бо саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди мамлакат ба кишвари воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст. Дар оянда низ бо истифода аз мактаби созандагии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ҳифзи ёдгориҳои бою ғании таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, имкониятҳои васеи рушди сайёҳӣ, варзиш ва кӯҳнавардӣ ва дигар сарватҳое, ки хоси сарзамини мост, бо ҷалби бештари сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ роҳандозии имтиёзҳои махсуси андозию гумрукӣ ба рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ ва сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, маҷмааҳои сайёҳӣ, ташаккулёбӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, соҳибкории саноатӣ ва сайёҳӣ дар деҳот ва дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, ки дорои иқлим ва табиати беназир мебошанд, фароҳам оварда мешаванд.
Ҳамзамон, баҳри таъмини сиёсати давлатии сайёҳӣ ва то соли 2030 ҳамчун кишвари соҳаи сайёҳиаш устувор ва дар минтақаву сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, барои муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиш додани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат, таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тамоми неру ва имкониятҳои мавҷударо сафарбар менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷумҳурӣ омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома доранд ва барои сазовор истиқбол гирифтани ин санади таърихӣ  имрўзҳо дар саросари кишвар корҳои созандагию ободонӣ ба ободу зебо гардидани ватанамон нигаронида шудаанд. Бино ба иттилои Пешвои муаззами миллат дар доираи нақшаи ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ тасдиқгардида, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ва дар ин радиф, ҳамаи  чорабиниву тадбирҳои судманде, ки Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои муаззами миллат амалӣ намуда истодааст, баҳри шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон, ки хонаи умеди ҳар мардуми тоҷик равона гардидааст.
Воқеан ҳам, ҳар як Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муждаи умедбахшу амалишавии ҳадафҳои олӣ, рушду нумўъ, тараққиёту пешравӣ ва дастовардҳои беназири миллату давлат буда, ҳар як нуктаи дар он зикргардида баҳри таҳкими пояҳои давлати миллиамон, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва баланд бардоштани обрўю нуфузи Тоҷикистони маҳбуб дар арсаи байналмиллалӣ равона карда шудааст.
Дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлат  ҳамаи моро, яъне, вакилони парламент, роҳбарони вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва тамоми шаҳрвандони мамлакатро водор месозад, ки дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки ҳама якҷо кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.
 
 
Ҷамшед Муртазозода
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Гулбаҳор Назирӣ
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ
 
 
 

Илова кунед