Фаъолияти мақомоти судии кишвар такмил мегардад

01 Феврал 2021, Душанбе

«-Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар таҳия гардидааст“.
Ин матлабро  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти райёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён  намуд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии номбаршуда барои иҷрои банди 4 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст.  
Лоиҳа Қонуни конститутсионии мазкур аз 15 қисм иборат мебошад. Мувофиқи қисми 1 ба моддаи 14 (талаботе, ки нисбати судя пешниҳод мешаванд) ном дорад қисми 3 илова мегардад, ки минбаъд судя ҳангоми таъин (интихоб) шудан ба вазифа ва ҳангоми адои вазифа уҳдадор мешавад, ки ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ пешниҳод намояд.
Моддаи 17 Қонуни конститутсионии мазкур, ки савганди судя ном дорад, дар таҳрири нав ифода мегардад, ки дар он матни савганди судя, тартиби савганд ва дигар масъалаҳои марбут ба савганди судя муқаррар шудааст.
Инчунин дар моддаи 18 (бозхонд ва озод намудани судя) номгузорӣ шудааст, сархати панҷум “бо сабаби тағйир додани ҷои истиқомат” ном дошт хориҷ гардида, сархатҳои сездаҳум ва чордаҳум илова карда мешаванд, ки минбаъд судяе, ки нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад ё дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ маълумоти бардурӯғ пешниҳод намояд, асос барои озод намудани судя аз вазифа мегардад.
Бояд ёдовар шуд, ки аз лоиҳа қисми 7 хориҷ гардид, ки он масъалаи дар таҳрири нав ифода намудани қисми 1 моддаи 46 (ҳайати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон) номи модда мебошад, пешбинӣ менамуд. Дар қисми 1 моддаи 46 Қонуни конститутсионии амалкунанда  ба таври мушаххас навишта шудааст, ки Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис ва судяҳо, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад. Аз ин лиҳоз, дар таҳрир нав ифода намудани он мувофиқи мақсад намебошад.
Тибқи моддаи 2 лоиҳа Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ  мавриди амал қарор дода мешавад.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур ба моддаҳои 14, 19, 20 ва боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.
Дар ҷаласаи Шуро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии ин санади мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рстам Латифзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мушаххас намудани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сертификатсияи ниҳолҳо бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» таҳия шудааст.
Дар лоиҳа хориҷ намудани сархатҳои нуҳуми моддаи 1 «ниҳолҳои сертификатсияшуда – ниҳолҳое, ки мутобиқатии онҳоро ба аломат ва хусусиятҳои навъ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ тасдиқ намудааст» ва сездаҳуми моддаи 6 «таъмини назорати сифати ниҳолҳои серитфикатсияшуда» пешбинӣ гардидааст.
Азбаски тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2017, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, масъалаҳои сертификатсияи тухмӣ ва таъмини назорати сифати ниҳолҳои серитфикатсияшуда ба ваколатҳои Кумитаи мазкур вогузошта гардидааст.
Лоиҳаи таҳиягардида имконият медиҳад, ки пас аз ворид гардидани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» тибқи талаботи моддаи 5 Қонуни мазкур ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ ва мақоми ваколатдор дар соҳаи назорату сертификатсияи ниҳолҳо мушаххас ва меъёрҳои Қонун дар амалия татбиқ карда шаванд.

Илова кунед