Паёми Пешвои миллат –бахту саодати миллат аст

02 Феврал 2021, Сешанбе

Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ роҳнамоест, ки самтҳои асосии минбаъдаи сиёсати дохилию хориҷии кишварамонро  муайян менамояд. Пас аз ироа гардидани ҳар як Паём ба Маҷлиси Олӣ дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд ва рушду такони ҷиддие, дар ҳама самтҳою соҳаҳо эҳсос карда мешавад. Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26 январи соли ҷорӣ ироа гардид боз як такони бузурге барои пешрафт, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ нақши худро хоҳад гузошт.
Дар оғоз Пешвои муаззами миллат аз пайомадҳои манфии пандемияи COVID- 19 ба иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла таъсири он ба рушди иқтисодии Тоҷикистон сухан ронда, таъкид намуданд, ки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ ва таъсири он Ҳукумати мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ намуд. Андешидани тадбирҳои зарурӣ, саривақтӣ ва дуруст боиси он гардид, ки  новобаста аз мушкилот, иқтисодиёти кишвар дар соли гузашта 4,5 фоиз афзош ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ин дар ҳолест, ки Бонки умумиҷаҳонӣ пастравии маҷмӯи маҳсулоти дохилаи ҷаҳонро дар соли 2020 ба андозаи 4,3 фоиз баҳогузорӣ намудааст.
Таъмини амнияти озуқаворӣ   ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, ки яке аз чор ҳадафҳои стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, дар Паёми Президенти мамлакат мавқеи хоса дошт. Иброз гардид, ки минбаъд афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бисёр муҳим буда, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, аз ҷумла бунёди боғҳои интенсивӣ, бояд таъмин карда шавад. Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзон ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд. Ин пешниҳодро кишоварзон, ки беш аз 65 фоизи қувваи қобили меҳнатро дар мамлакат ташкил медиҳанд бо хушнуди пазируфтанд. Як сол пурра озод гардидан аз ин намуди андоз барои онҳо дастгирии хело хуб аст ва онҳо аз ин имтиёз истифода намуда, баҳри фаровонии ҳосил ва арзон намудани нархи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин бештар намудани даромадашон саъю кушиш хоҳанд кард.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ҳамчунин ба соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Баланд бардоштани сатҳи зиндагии табақаҳои осебпазири ҷомеа, дар сиёсати созандаи Роҳбари давлат дар мадди аввал қарор дорад. Аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: “Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир намуда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои сари вақтиро амалӣ менамояд.”
Дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа, ки ба кӯмаку ғамхориҳои доимӣ эҳтиёҷ доранд нишонаи инсондустию меҳрубонӣ -яке аз хислатҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат мебошад. Агар дар Паёми соли 2019 ҷиҳати баланд бардоштани музди нафақаи маъюбони то 18 сола ва гуруҳи маъюбоне, ки муҳтоҷи нигоҳубин ҳастанд, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз руи синну сол, нафақаи заминавӣ ва нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон супориш дода бошанд, пас дар Паёми навбатӣ бо мақсади идомаи ин тадбирҳо, пешниҳод намуданд, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ба андозаи 20 фоиз ва нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шавад.
Омода  намудани мутахассисони варзида, муҳандисону олимони илмҳои дақиқ барои рушди мамлакат дар замони пешрафту навовариҳои муоссир хело муҳим аст.  Аз ин хотир Пешвои муаззами миллат ба иломузии насли наврас диққати махсус медиҳанд. Аз ҳамин хотир, бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат барои ҷалби бештари аҳолӣ ба илмомӯзӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустию хештаншиносӣ озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ” ва “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” баргузор шуда истодаанд, ки завқи китобхонию санъатдустиро, бахусус дар байни ҷавонон ба маротиб боло бурдаанд. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табии ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.
Ин ғамхориҳои Пешвои миллат баҳри ояндаи миллату давлат, баланд бардоштани савияи дониши насли наврас ва албатта барои расидан ба ормонҳои миллӣ нақши муҳим дорад.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар онҳо ҳама соҳаҳо таҳлилу баррасӣ мегарданд, моро водор месозанд, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандустиву ватанпарастӣ дошта бошем ва баҳри рушд, ободӣ, сарҷамъии миллат фаъолияти босамар намоем.
 
 
Шодизода Парвиз
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
аъзои Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ.
 

Илова кунед