Ҳашари умумӣ дар Маҷлиси намояндагон

04 Апрел 2020, Шанбе

4 апрели соли равон дар доираи нақша – чорабиниҳои бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Дар ин шанбегӣ Роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мудирони шуъбаву бахшҳо, мушовирони куммитаву комиссисяҳо ва дигар кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуда, баҳри ободию шукуфоӣ, тозагию назофат ва сабзу хуррамгардонии муҳити кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари дастаҷамъона намуданд.

Кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ин иқдомро дар партави сиёсатҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуда, дар ин рӯз бо меҳнати софдилонаи худ саҳни бино, ҳавлӣ, роҳравҳо, гулгаштҳои дохили Маҷлиси намояндагон ва маҷмуан муҳити Маҷлиси намояндагонро, ки як бахше аз зебогиҳои Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мебошад зебову покиза гардониданд.

Дар ҷараёни корҳои ободонӣ Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров таъкид намуд, ки «ҳар як иқдом дар ростои ободонии муҳити кишвар аз фазои гуворои корӣ оғоз мешавад, ки ин гунна ҳашарҳо бовар дорем ба зебогиҳои Пойтахти давлатамон зебогӣ зам намуда, кормандонро ба созандагию бунёдкорӣ шавқманд мегардонад».
Ёдовар мешавем, ки  ин гунна ҳашарҳои дастаҷамъонаи кормандон пайваставу мунтазам буда, дар ростои ободкориҳо баргузор мегарданд.

Илова кунед