Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Гасан Мамедзода

04 Феврал 2021, Панҷшанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири мухтор ва фавқуллодаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Мамедзода мулоқот намуд.  
Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Ҷумхурии Тоҷикистон ва парлумони Озарбойҷон, густариши муносибот дар бахшҳои илму маориф, иқтисод, тиҷорат, фарҳанг изҳори назар карда шуд. 
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Озарбоӣҷон яке аз ҷойгоҳҳои муҳим дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ишғол менамояд ва мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон манфиатдорем.
Ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва муносибатҳои бародаронаи Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев барои рушди ҳамкориҳои мутақобила заминаи мустаҳаками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Аӣни замон, заминаи ҳуқуқии Тоҷикистон ва Озарбойҷон 56 Созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки дар асоси Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 16 марти соли 2007 ба имзо расидааст.
 «-Ман ҳавасмандии парлумони Тоҷикистонро ба рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон изҳор мекунам»-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Умуман, рушди муносибатҳои дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон нишон медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамеша ба таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд манфиатдоранд.
Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ бо Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон фавран пас аз ташкили парлумони нави касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки парлумонҳои кишварҳои мо ҳанӯз ҳам аз имконот ва шароити мусоиди мавҷуда барои тақвияти ин равобит ба таври фаъол истифода накардаанд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди тақвият додани муносиботи худ бо парлумонҳои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Озарбойҷон мебошад. Сиёсате, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, шароити мувофиқро барои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаи шохаҳои мамлакат бо кишвар ва созмонҳои хориҷӣ фароҳам овардааст, — гуфт дар анҷоми млоқот Маҳмадтоир Зокирзода.
Сафири мухтор ва фавқуллодаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Мамедзода аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки ҳамчун сафир аз тамоми имконот ва донишу маҳорати худ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дар сатҳи олӣ ва тақвияти муносиботи дуҷонибаи байни кишвараш ва Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо талош хоҳад кард.

Илова кунед