Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳнамои миллат аст

05 Феврал 2021, Ҷумъа

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, дар толори таърихии  ин мақоми олии қонунбарории кишварамон ҳамоиш  дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳнамои миллат» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкурро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш нисбатан ба фъолияти вакилони Маҷлиси намояндагни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда,  иброз намуданд, ки «фаъолияти вакилони халқ набояд бо қабули қонуну қарорҳо маҳдуд гардад, балки дар ҳамкорӣ бо мақомоти татбиқкунандаи қонунҳо ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ намудани онҳо саҳм гузоранд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунҳои ба талаботи рушду пешрафти ҷомеа мувофиқро омода карда, иҷрои онҳоро пайваста таҳлил намоянд».

Инчунин, -гуфт Маҳмадтоир Зокирзода Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки вакилони ҳама сатҳҳо – аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон сар карда, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо бояд фаъол ва ташаббускору ташкилотчӣ бошанд, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд.
Ин таъкиди Пешвои миллат тамоми ҷомеаро, аз ҷумла мо-вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро водор намуд, ки бо азму ирода ва нангу номуси ватандорӣ бештар заҳмат кашида 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои беназир истиқбол гирем.
Паёмҳо,-иброз намуд Маҳмадтоир Зокирзода,-  танҳо як даъват, нақша ва роҳнамои муқаррарӣ нестанд, балки ҳарф ба ҳарф дар худ муҳаббату садоқат ва самимияти ватандӯстонаро фаро гирифта, ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти мо гармиву рӯшанӣ мебахшанд ва мардумро ба сӯи бунёдкорию созандагӣ ва рушди босуботу фардои дурахшони давлату миллат ҳидоят мекунанд.


Бо итминони комил ва дилпурона изҳор мекунам, ки мо – вакилони мақоми олии қонунгузори кишвар низ бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд доранд, бартараф мекунем ва зиндагиамонро аз имрӯза дида, шоиставу беҳтар менамоем.
Ҳамзамон, тамоми нерӯ ва малакаи худро ҷиҳати пурра татбиқ гардидани ҳадафҳои стратегии олии кишвар равона намуда, дар ин самт тавассути такмили қонунгузории соҳа бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта саҳми назаррас хоҳем гузошт.
Раиси парлумони касбии мамлакат ҳамчунин ҳадаф аз баргузории ҳамоиши имрӯзаро пайгирии нуқтаву ҳидоятҳои роҳнамунсоз, ки дар Паёми Сарвари давлат баён ёфтаанд, арзёби намуда, афзуд ки натиҷаи ҳамоиши имрӯза замина фароҳам меоварад, ки дар ин самт нақшаҳои мушаххаси корӣ омода ва пайи татбиқи босамари он тадбирҳои фаврию лозимӣ андешем.


Дар назди ҳозирин ҳамчунин муовини якум, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон Ватанзода Маҳмадалӣ, Дилрабо Мансурӣ,  Қодири Қосим, вакилони Маҷлиси намояндагон Зайниддин Сафаров ва Абдуҳалим Ғаффоров  баромад намуда,  роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳалли масъалаҳои умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тавзеҳи ҳолати кунунӣ ахбороти муфассал доданд.
 


Илова кунед