Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ҷамъбаст гардид

08 Феврал 2021, Душанбе

«-Дар соли 2020 ба унвони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 414 муроҷиати хаттӣ ворид гардида, 2641 нафар шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда шудаанд.
Аз ҷумла, роҳбарияти Маҷлиси намояндагон 420 нафар ва аъзои кумитаю комиссияҳо 2221 нафар муроҷиаткунандагонро ба ҳузур пазируфтанд”.
Ин матлабро корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Талабшоҳ Шарифзода зимни баррасии “Ҷамъбасти баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020”, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён  намуд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки аз шумораи умумии муроҷиатҳо, 142 муроҷиати хаттӣ ва 789 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони шаҳри Душанбе, 94 муроҷиати хаттӣ ва 632 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони вилояти Суғд, 100 муроҷиати хаттӣ ва 578 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони вилояти Хатлон, 5 муроҷиати хаттӣ ва 138 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 65 муроҷиати хаттӣ ва 444 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 8 муроҷиати хаттӣ ва 60 муроҷиати шифоҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ тааллуқ доранд.
Дар давоми соли 2020 ба кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон 391 ва шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 23 муроҷиатҳои хаттӣ ворид гардидаанд. Аксарияти муроҷиатҳо тибқи тобеият барои баррасӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо фиристода шудаанд.
Аз 391 муроҷиати хаттӣ баррасии 354 адади он таҳти назорат  қарор дода шуда, аз ин шумора талабу дархости 246 нафар муроҷиаткунанда пурра, муроҷиати 25 нафар қисман ҳалли худро ёфтааст. Ба 83 нафар муроҷиаткунанда моҳияти мавзӯи дар муроҷиат ба миён гузошташуда фаҳмонда шуда, ба талаботи қонунҳои амалкунанда мутобиқ набудани ин муроҷиатҳо шарҳ дода шудааст. Айни ҳол, 60 муроҷиатҳои шаҳрвандон зери назорати кумитаҳо ва  сохторҳои дигари Маҷлиси намояндагон  қарор доранд.
Бояд қайд намуд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи он, муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар муҳлатҳои  муайянгардида баррасӣ намуда, ҷиҳати сари вақт андешидани чораҳо, пешгирӣ ва бартарафсозии воридшавии такрории муроҷиатҳо ба Маҷлиси намояндагон ва мақомоти давлатӣ корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки таҳлилҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳои ба Маҷлиси намояндагон воридгардидаи шаҳрвандон ҳанӯз ҳам зиёд аст. Ин ҳолат аз пурра истифода нашудани ваколату имкониятҳои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва баъзе вазорату идораҳои дахлдорро дар самти ҳаллу фасл намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон  медиҳад.

Илова кунед