Дар даҳ моҳ 3000 саҳифа, дар як сол 365 мисра

10 Феврал 2021, Чоршанбе

Таҳлилҳо нишон доданд, ки тарбияи фарзанд мудом бар души хонавода буда, онҳо аз ҳар чизе, ки дар хонавода аз худ мекунанд ё мебинад, онро ба ҷомеа мебароранду идоракунандаи ҷомеаи солим ё носолим мегарданд. Яъне, оилаи солим ҷомеаро солим нигоҳ медорад ё бар акс. Ба хотири солим нигоҳ доштани ҷомеа, ниёгони мо мудом хонаводаро аз нури маърифат, китобхониву китобдорӣ  хабар медоданд ва таъкид менамуданд, ки китоб дар хонадон, баракату роҳат аст. Агар хонаводае, ки дорои китоб бошад ё китобхонаи хурду бузург дошта бошад, ин хонавода дар пайроҳаҳои пурпечутоби рӯзгор ҳатман пайроҳаи неки худро пайдо менамуданд, ки роҳбалади асосии он, албатта сатрҳои пур аз маслиҳату маърифати китобҳои хонаводагӣ буданд.
Асосан, сабаби пайдо шудани афсона, ҳикоя, ривояту андарзҳои хонаводагӣ ин пеш аз ҳама таъсири китобҳои хондаи пирони хонавода мебошанд. Барои мисол, дар гузашта китобро мардум хаттотӣ менамуданд, ба ҳама ин гавҳари ноёб намерасид, аз ин рӯ дар як хона ё макони интихобнамуда, ё хонаи шахси китобдор аҳли деҳа ҷамъ шуда як як онҳое, ки хонда метавонанд, ба кироати китоб машғул мешуданд. Нафарҳое, ки ба меҳмонӣ омада буданд, аз сабаби як ё ду дона будани китоб онро ҳангоми ба деҳа баргаштан бо худ бурда наметавонист. Аз ин рӯ, китобро аз ёд ё қориазёд мекарду баъд ба деҳа баргашта онро ба аҳли деҳа нақл менамуд ё ривоят мекард, ки қаҳрамонҳои манфиву мусбии китоб мудом бо ҳам дар набард буданду некӣ ҳамавақт бар бадӣ ғолиб меомад. Гуфтаҳои зиёд низ мавҷуд аст, ки нисбат ба фарзандони миллати тоҷик мегуянд, дар хурҷини роҳ ба ғайр аз як халтача талқон, як машк об ҳатман бо худ китоб ҳам доштаанд. Ҳикоят мекунанд, ки писарбачае хазинаеро пайдо мекунад, ки он пур аз зарру зевар буда, чанд китоби дигар низ доштааст. Ин хазинаро ба пеши падар меораду шодикунон мегуяд, ки падарҷон бубинед чи қадар зару зевар ва бойгарӣ пайдо кардаам. Падар ба борхалта як назар карда мегӯяд, ин ҷо танҳо ду боигарӣ ҳаст ва китобҳоро рӯи даст гирифта, ба дидагон мемоладу ба писараш мегӯяд, боқимондаҳоро ба ҳамсояҳо тақдим намо, яъне падар ин ҷо боқимонда гуфта, зару зеварро дар назар дошт.
Ҳамин тавр, дар аҳди давлатдории Сомониён ва то ин давра низ гузаштагони мо аз китоб, бузургии он, рушани бахши роҳи рӯзгор хабар доштанду соҳиби китобхонаҳои бузургӣ ҷаҳонӣ низ буданд. Ҳарчанд ин китобхонаҳои бузург аз дасти Искандар, араб, Чингиз ва дигарон ба коми оташ рафта бошанд ҳам, ниёгони мо қисми зиёди онро дар ғору дарғотҳо, таги сангҳо, гурҳои кӯҳна ба хотири наҷот додан пинҳон менамуданд, то ин ки аз мутолеаашон ҷавонон низ баҳра бигиранд. Ин буд, ки Авасто қадимтарин китоби тоҷикон, он дар соли 257-56 пеш аз мелод, аз ҷониби Иброҳими Зардушт навишта шуда буд, бо дасти Искандари ғоратгар дар қатори дигар зару зевар ба Юнон бурдашуда бошад ҳам, онро чун мардум бо муҳаббати зиёд азёд медонистанд, хуб ҳифз карда буданд, ба якдигар нусхабардорӣ намуда, аз нав эҳё кардаанд. Ин тақдирро бисёре аз китобҳои фарзандони фарзонаи миллат пушти сар кардааст. Аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Девони кабир»-и Мавлонои Балхӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ, достонҳои Рӯдакӣ, таҳлилҳои риёзиву геометриву,  ситорашиносии Аҳмади Фарғонӣ, Абуали Ибни Сино, «Саодатнома» ва «Сафарнома»-и Носири Хусрави Қубодиёнӣ, ашъори Шаҳидии Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Ҳоҷи Хусайни Кангуртӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и  устод Садриддин Айнӣ, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва ғайраҳо.
Ҳатто, дар бисёр ҳолатҳо фикр менамоям, ки мактабҳои бузурги доштаи фарзандони ин диёр мардони маърифатноки оламро ба худ ҷалб мекард, аз ҷумлаи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ, Муҳаммади Башаро, Ҳочи Исҳоқ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шоҳи Хомӯш, Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Ҳазрати Султон, Эмом Аскари, Эмом Чаъфари Содик, Хоҷаи Қошғарӣ ва ғайраҳо, ки беҳисобанду ватани худ сарзаминеро интихоб кардан ё ба таҳсил ба ин сарзамин омада, муқими ин диёри биҳиштӣ гаштаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин диёр натанҳо бо фарзандони хирадманд, доно, олимони оламгираш ҷаҳонро ба таккон оварда буд, балки марказҳои илмӣ, фарҳангӣ ва мадрасаҳои машҳуре дошт, ки дар он тамоми илмҳои дунявӣ, аз ҷумлаи ситорашиносӣ, риёзӣ, тибб, хаттотӣ, кимиёшиносӣ, дақиқ, фиқҳ, хокшиносӣ, сохтмон, рассомӣ, мусиқашиносӣ ва ғайраҳо ба пуррагӣ омӯхта мешуду он дар олам ҳамто надошт.
 Ин ҷо китоб дар ҳар хонадон мисли нон ва хоки ватан муқаддас ҳисобида шуда, ҷои он мудом аз сар боло, яъне дар баландие ҷой дода мешавад, ки он ҳамчун тоқчаи китобмонӣ шинохта шудааст.
Аз ин рӯ, ба хотири гиромидошти руҳи бузургон ҳанӯз соли 2019 бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар бахшида ба ҷашнгириии 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон гардид, ки як таккони ҷиддие бар ҷомеаи пиру ҷавони тоҷик дод.
Эълон доштани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», хондани «Шоҳнома» ва Мавлонохонӣ, ҳамзамон арҷ гузоштан ба осорҳои гузаштаву имрӯза, таккон додани ҷаҳонбинии насли наврас, пиру барно дар ҳар хонадони тоҷик, шӯълаи хомӯшгаштаистодаи фарҳанги китобдориву китобхониро рушантар карда, ба он умри дубора бахшид.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки устодони фанни педагогика ва равоншиносӣ мефармоянд, ки кӯдаки то 3-сола бояд зиёда аз 320 калимаро пурра донанд ва дар суҳбатҳояш истифода барад. Пас таҳлили дигареро мо ба миён гузоштем, ки агар ҳар модар бо фарзанди худ дар як рӯз 30 дақиқа китобхонӣ намояд, дар ин давра 10 саҳифа китоб хонда мешавад, яъне агар 1-моҳ 30-рӯзро дар бар мегирад ва ҳар рӯз 10-саҳифа китоб бо фарзандон хонда шавад, дар 1-моҳ 300- саҳифа китоб хонда мешавад. Агар ин ҳолатро то 10-моҳ идома бидиҳем пас 10 моҳро ба 300 зарб намоем, 3000 ҳазор саҳифаро дар бар мегирад, ки ин ҳолат ба ҷаҳонбинӣ ва инкишофи нутқ, таҳлили матни хондаи фарзандамон таъсири мусбӣ расонида метавонад. Дар ин таҳлил мо танҳо 10 моҳро дар назар доштему халос, зеро агар як сол 12 моҳро дар бар гирад, пас 2 моҳ барои истироҳати рӯҳии фарзандамон кифоя аст.
Ин пешниҳоди мо дар бораи хондани китоб бо фарзандонамон дар вақти муайяншударо дар назар доштем. Пас, саволи дигаре ба миён меояд, ки гузаштагони хирадманду орифи мо ҳам бо наср менавиштанду ҳам бо назм. Пас нақши назми оламгири тоҷикӣ-форсӣ дар кадом ҳолат қарор дошта метавонад. Масалан агар 1-сол = 365 рӯз бошад. Фарзанди  3-4 солаи мо ҳаррӯз 1 мисра аз «Шоҳнома»-и безаволи устод Ҳаким Фирдавсӣ аз худ намояд, дар 1-сол он 365 мисраро дар бар мегирад. Дар 10 сол 3650 мисраро фарзанди мо аз худ карда метавонад. Пас фарзанди 3-4 солаи мо дар 14 солагиаш 3650 мисра аз ин шоҳасар аз бар менамояд. Яъне, агар «Шоҳнома»-и безавол 60 ҳазор байтро дар бар гирад, пас фарзанди мо дар 10-сол 16 мисрагӣ аз худ намояд, он 60225 мисра буда дар 13-14 солагиаш, (дар давоми 10 сол) аллакай «Шоҳнома»-и Ҳакими Тӯсиро сарбаландона аз худ карда метавонад. Танҳо барои иҷрои ҳамаи ин талабот моро зарур аст, ки ҳар рӯз 30-дақиқа бо фарзандонамон машқи хондану азёд карданро иҷро намоем.
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.01.2021 Пешвои муаззами миллат изҳори сипос доштанд аз кулли иштирокдорони Озмуни Ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», ҳамзамон аз падару модар ва устодони иштирокдорони ин чорабинии мазкур. «Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем»- иброз доштанд Пешвои муаззами миллат.
Ҳамзамон  изҳор доштанд, ки «Зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврвсону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони  «Илм - фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.
Ин даъвати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат бори дигар моро водор месозад то  бо беҳтарин захираҳои инсонии доштаамон, яъне фарзандони гиромӣ, ки ояндаи дурахшони кишвари азизамонро гавҳораҷунбонанд, дар таккон додани ҷавҳари ақлониашон роҳбалад буда, тавонем шарёнҳои хунашонро, ки аз ниёгон ба мерос доранд, таккон бахшида, Рӯдакиву Абӯали ибни Сино, Умари Хайём, Фирдавсӣ, Берунӣ, Ал-Бухориву Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандиву Маҳастӣ, Носири Хусраву, Ҳасрати Ҳисорӣ, Нақибхон Туғрал ва ғайраҳои  дигарро ба дунё биёрему бори дигар ба ҷаҳониён бузургиву шаҳомати ин хуни пок, сарзамини биҳиштӣ ва фарзандони фарзонаи китобдору, шаҳрдору шаҳрсоз, созандаву ободкорро нишондода тавонем.
Пас дар ин ҷода моро зарур аст, ки бо ин нерӯи бузурги инсонӣ, яъне фарзандони хеш бо муҳаббат дар бораи ватан ва ватандорӣ, муқаддасоти миллӣ, худшинос будан, ифтихор аз гузаштаву имрузи хеш доштан, дар тамоми гирдобҳои ба сар омадаи замона тоҷикона ҷаҳони гаштанро дар қалби хурду бузург бояд ҷо намоем.
 
Гавҳар Шарофзода
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
аъзои фраксияи ҲХДТ

Илова кунед