Пешниҳоди эъломия дар бораи даромад аз ҷониби судя ҳангоми таъйин ба вазифа ҳатмӣ гардид

10 Феврал 2021, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар иҷлосия зимни баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» раиси Суди ОлииҶумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Шермуҳаммад ва вакили мардумӣ Мирзозода Мавлуда таъкид намуданд, ки минбаъд судя ҳангоми таъйин (интихоб) шудан ба вазифа ва ҳангоми адои вазифа уҳдадор мешавад, ки ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод намояд.
Моддаи 17 Қонуни конститутсионии мазкур, ки савганди судя ном дорад, дар таҳрири нав ифода мекардад, ки дар он матни савганди судя, тартиби савганд ва дигар масъаҳои марбут ба савганди судя муқаррар шудааст.

Зимни муарифии  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Шермуҳаммад ва вакили Маҷлиси намояндагон Усмонов Мансур таъкид намуданд, ки  тибқи лоиҳа ба зиёда аз 10 моддаи Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Чунончи ба моддаи 11, ки дахлнопазирии шахсият ном дорад, қисми нав–қисми 5 илова мегардад, ки мутобиқи он суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда уҳдадор мегарданд, ки дар доираи ваколати худ шахси ғайриқонунӣ дастгиршуда ё аз озодӣ маҳрумшуда, ё ин ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё рўҳӣ ё дар ҳабс, ё ҳабси хонагӣ зиёда аз муҳлати дар Кодекси мазкур пешбинигардида нигоҳ дошташударо фавран озод намоянд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилони мардумӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашўрӣ ва вакили мардумӣ Бобоҷониён Раънохон пешниҳод намуда, иброз намуданд, ки мақсади асосии ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқгардонии он ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат мебошад.

Лоҳаи Қонуни мазкур аз ду моддаи иборат буда, тибқи он ба сархати якуми қисми 2 моддаи 100, ки ба ваколати мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ тааллуқ дорад калимаҳои «раёсати» ва «раёсат» мувофиқан ба калимаҳои «сарраёсати» ва «сарраёсат» иваз карда шуда, ба сархати дуюм қисми 2 моддаи мазкур пас аз калимаи «сарҳад» калимаҳои «ва муовини ў» илова карда шаванд. Минбаъд дар баробари сардори раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад ҳамчунин ба муовини ў оид ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ ҳуқуқ дода мешавад.
Масъалаи ниҳоии рузномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва вакили мардумӣ Юсуфӣ Муҳаммадраҳим баррасӣ намуда, изҳор доштанд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мушаххас намудани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сертификатсияи ниҳолҳо бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» таҳия шудааст.


Илова кунед