Танзими расму оин баракати зиндагонӣ аст

10 Феврал 2021, Чоршанбе

                 
                 Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун.
                 Чу дахлат нест харҷ оҳистатар кун.
                                               Саъдии Шерозӣ  
 
Пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани кишвари азизи мо Тоҷикистон, ин як рӯйдоди муҳим  дар таърихи навини миллати куҳанбунёди мо мебошад. Пас аз эътироф шудани истиқлолияти давлати, ки таҷлили он ҳар сол  9-сентябр бо як эҳтироми бузург ва  шукуҳу ҳашамат ва ҳисси ҳурмату эҳтиром ба ин рӯзи муборак, ки бо иштироки васеи оммаи меҳнаткашон, собиқадорон, донишҷӯён, ҷавонону занон бо тантана баргузор мешавад ҳамаи моро ба ояндаи дурахшон ва гул-гул шукуфии ватани азизамон  ҳидоят мекунад.  Ватани маҳбуби мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои муаззами миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад. Миллат зери роҳбарии хирадмандона ва бошарафонаи  Пешвои муаззами миллат рӯз то рӯз равнақ меёбад. Имсол халқи тоҷик ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии хешро бо як шаҳомату бузургӣ истиқбол мегирад. Дигаргунсозиҳои куллии замони Истиқлолият, ки муддатӣ си сол тадриҷан ба амал омаданд, омили ҳалкунандае мебошанд, ки боиси саросар дигарсон шудани кишвари азизамон гардиданд. Тамоми ҷабҳаҳои мухталиф, ки замони ҷанги шаҳрванди рӯ ба нестшавию фалаҷ гаштан доштанд аз нав эҳё шуданд. Дар ҳама ҷой тартиботи ҷамъиятӣ барқарор гардид ва адлу инсоф тантана кард. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин хирадпешагию бузургӣ ва матонату шуҷоату далери тавонистанд пеши роҳи хунрезиро, ки ҷони 150 ҳазор одамро рабуд гиранд.  Дар ин набарди хунини бераҳмонаи шаҳрванди 55 ҳазор кӯдакон ятим, 25 ҳазор занон бесаробон монданд. Дар он айём мудҳиш 126 муассисаҳои таълимӣ пурра хароб гардиданд. Теъдоди 120 ҳазор нафар хонандагон  аз омӯхтани илму дониш, ки беҳтарин неъмат барои инсоният аст маҳрум монданд. Ва боз ҳазорҳо далелу рақамҳои дигаре ҳастанд, ки мо аз овардани онҳо худдори мекунем. Ин ҳаст он ҷангӣ хунини шаҳрвандие, ки  гурӯҳҳои мансабталошу ноҷавонмард ба сари миллати мо оварданд. Бо азму талошҳо ва ҷонсупориҳои Пешвои муаззами миллат ин балои азим аз сари миллати мо дур шуд.
   
          Ҳар он кас бар сари халқ зебад амир,
          Ки афтодагонро бувад дастгир.
 
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлоли дар ташаккул ва инкишофи расму оин ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дигаргуниҳои калон ба вуҷуд омаданд. Албатта расму оин ва урфу одат монанди дигар ҳаводиси замон вобаста ба шароити зисту зиндагонии мардум тағйир ва инкишоф меёбанд. Вобаста ба ҳар давру замон, ҷашну маросимҳои нав ташаккул ва инкишоф ёфта, урфу одат ва расму оинҳои зарарноки замони гузашта, ки ба пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёту маданият ва ба беҳбудии  рӯзгори одамон монеъ мешаванд,  оҳиста –оҳиста аз байн мераванд ва расму оинҳои нав торафт устувор мегарданд. Зеро ин тақозои замон аст. Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлати, ки ҳамагон огоҳ ҳастем маъракаҳои суру мотам ва ҷашни суннати ба як хароҷотҳои беҷо ва беҳуда табдил ёфта буд. Мардум бо ҳар роҳ мекӯшиданд, ки аз рӯи орият бо  ҳамдигар таҳассуб карда, ва ё аз касе қарз гирифта,  маъракаҳои серхароҷоту бодабдаба, безарурат, ки боиси қашшоқию муфлисии он хонадон мегашт барпо мекарданд. Исрофкори ва хароҷотҳои беасосу зиёдати то ба ҷое расид, ки сабаби хонавайронии ҷавонон гардида, боиси маломат, мазаммат ва сарзаниши ҳамдигари шуда, ба пастравии вазъи иҷтимои дар рӯзгор оварда расонид. Вале одамон аз хароҷотҳои беҳудаву нодаркор, ки боиси қашшоқии онҳо мегардид, ва аз масрафи зиёд дар маросимҳои суру мотам, ки зиён медиданд, мӯҷиби муфлисшавии эшон мешуд андеша намекарданд.  Ба қадри бигарии худ, амволи хеш нарасида он пулу мол, ки бояд барои беҳбудии рӯзгор ва таҳсили фарзандон сарф кунанд ба хароҷоти беҳуда, масраф мекарданд. Бояд тазаккур дод он ашхосе, ки сарфакор нест ва ба хароҷоти беҳуда машғул аст вай ҳамчун марди бебоки исрофкор ҳатман ба иқтисоди шахсии худ зарба мезанад ва ӯ оқубат фақиру ниёзманд мешавад. Ба таъбири бузургон сарфакор ҳеҷ гоҳ қашшоқ намешавад. Абулқосим Фирдавсӣ  фармудааст:

          Маро дахлу харҷ ар баробар будӣ,
          Замона маро чун бародар будӣ       
 
Бояд гуфт, ки дар маросими мотам ҳам то қабули қонун хароҷоти зиёд мекарданд. Дар бисёри деҳоти шаҳру ноҳияҳо вақти фавти одамон аз деҳоти атроф одамони зиёде ба ҷаноза таклиф мешуданд. Ба ҳар кадоми онҳо ба маблағи муайян пул дода мешуд. Ҳатто барои занон иртиш (Яъне матоъ) 300-400 метр матоъ сарф мешуд. Ду ё се говро кушта барои рӯҳи майит худоӣ мекарданд. Аз ин дида барои соҳиби майит хароҷоти миёншикан набуд. Ва матале ҳаст байни мардум, ки болои мурда сад чуб.
Хушбахтона, бо ҷаҳду талошҳо, ҳиммату ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хоса қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фикру мулоҳизаҳои мардуми кишвар, назарсанҷию таҳлил ва омӯзиши амиқ, ин санади муҳими таърихи аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 июни соли 2007 қабул шуд. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди аҳамияти қонуни мазкур чунин изҳор намуданд: «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ  ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем». Қонуни мазкур ҳамчун нахустин қонуни миллии кишвар ҷиҳати ҳимояи пешравиҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон мусоидат намуд.  Қонуни номбурда,  баҳри паст кардани барномаи сатҳи камбизоати дар мамлакат имкониятҳои зиёде фароҳам овард. Маврид ба ёдоварист, ки Қонун барои кулли мардуми кишвар хушҳолӣ, хушбахтӣ ва пирӯзи оварда ба рӯзгори ҳар нафар файзу баракат ва саодатманди ато намуд. Имрӯз дар ҷомеа гурӯҳҳое ҳастан, ки аз қабули қонуни мазкур андешаҳои беасос, хушку холи ва бепоя баён намуда, гуё ба андешаи онҳо қонун  озодии шаҳрвандонро маҳдуд карда бошад. Ин зумра ашхоси ноогоҳ бехабар аз он кӣ тамоми мутафаккирону донишмандон, инчунин дар китобҳои муқаддаси диниву мазҳабии мо  исрофкорӣ мазаммат ва сарзаниш карда шудааст. То ҷое, ки исрофкунандагонро бародарони шайтон меҳисобанд. Дар дини мубини ислои низ исрофкорӣ амали номатлуб ва носавоб ҳисобида шудааст. Дигар ин кӣ исрофкорӣ бо носипосию ношукри баробар аст. Шахси исрофкор ҳатман ба иқтисоди худ зарба мезанад ва оқибат муфлису ниёзманд мешавад. Ва ин иддае,  ки дорои фаҳмиши аниқ нестанду андешаи хом доранд сазои маломат ҳастанд. Амирхисрави Деҳлавӣ дар иртибот ба чунин одамон фармудааст:

        Ба сарфа сарфа кун нақде, ки дорӣ,
        Ки имсокат беҳ аз исрофкорӣ.
 
Дар робита бо ин мехоҳам қайд кунам, ки мардуми оддӣ хуб дарк карданд, ки ҳадафи қонуни мазкур камхарҷу замонавӣ доир намудани маъракаҳои суру мотам буда, гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ  ва хароҷотҳои зиёдати, ки боиси фақирию камбаѓалии одамон мешавад ба низоми муайян дароварда шуд. Шахси оқилу хирадманду дурандеш медонад, ки ба исрофкорӣ роҳ додан инсонро ба қашшоқӣ, фақирӣ, камбағалӣ, бечорагӣ,  нодори,  мискинӣ, бенавойӣ ва оқибат ба муҳтоҷӣ оварда мерасонад. Ва оқибати муҳтоҷию фақирӣ ин гадои аст, ки Шайх Саъдӣ фармуда:

             Фақир аз баҳри нон бар дар дуохон,
             Ту мегуӣ, ки мурѓам нест бар хон.
 
Аз қабули қонуни номбурда 14 сол сипари шуд. Агар чунин иқдоми нек ва ояндабинии Сарвари давлат намебуд, дар шароити имрӯза, ки дунё саросар ба гирдоби бӯҳрони иқтисодию молияви ва иҷтимоӣ печидааст, зиндагонии мардум боз ҳам дар ҳоли муҳтоҷию мискини боқӣ мемонд. Бо шарофатии қабули қонуни мазкур, ки сабабгори болоравии зисту зиндагонии одамон гашт шаҳрвандон имконияти беягон мушкили ва ё аз касе гирифтани қарз, тую маъракаҳои  суру мотами худро баргузор менамоянд. 
Сабуки дар баргузории маъракаҳои хатнасур, тӯйи домодию арӯсӣ ба афзоиши шумораи онҳо оварда расонид. Тайи чанд соли охир дар якҷоягӣ  бо ҳамватанони саховатманду хайрхоҳ ва дигар шахсони хайрандеш дар арафаи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни наврӯз, рӯзи ваҳдати миллӣ, рӯзи истиқлолият хатнасури зиёда аз 93 ҳазору 881 нафар тифл ва туйи сури беш аз 5581 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои нодору эҳтиёҷманд ба тариқи зиёфати умуми сурат гирифт. Мавриди тазаккур аст, ки тӯйӣ домодию арӯсӣ аз маросимҳои зеботарин ва хотирмон аст, ки ҳеҷ гоҳ барҳамнахӯранда мебошад. Дар даврони истиқлолият ба ҷои расму оинҳои кӯҳна, маросимҳои нав, туйҳои арӯсие пайдо шуданд, ки ҷавонон бо як меҳру муҳаббати ба худ хос арӯсшавандаашро худаш хуш мекунад ва бо розигии тарафайн тӯйи сур баргузор мегардад. Ин анъанаи нав ба рӯҳи замон мувофиқ мебошад. Дар натиҷаи чунин иқдоми неки Пешвои муаззами миллат шумораи ақди никоҳ хеле зиёд гардид.  Дар муқоиса ба соли 2006 агар дар ҳудуди ҷумҳурӣ 57 ҳазору 115 ақди никоҳ баргузор шуда бошад, пас ин рақам аз қабули қонуни мазкур ҳамасола тақрибан ба 100 ҳазор адад мерасад. Маросими тӯйӣ арӯсию домодии ҳозира аҳамияти калони тарбиявӣ дорад. Ин тӯйҳои ҳозиразамон ҷавононро дар рӯҳи зисту зиндагии замони истиқлолият тарбия мекунанд Ба гуфтаи Бадриддин Ҳилолӣ: 

                 Аз маҷлиси ақд бо дили шод,
                 Наздики арӯс рафт домод.
 
Дар асоси талаботи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоти хеш ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 11 июли соли 2017 ироа доштанд оиди гузаронидани хатнаи кудакони сини то 20-рӯзагӣ дар муассисаҳои тандурусти сурат мегирад. Тайи се соли охир (салҳои 2018-2019-2020) дар маҷмуъ 212733 нафар писарбачаҳо дар муассисаҳои тандурустӣ хатна шуданд. Пас то имрӯз аз ин ҳисоб 690 миллиону 318 ҳазору 585 сомонӣ ба нафъи буҷаи мардум сарфа гардидааст.Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти ҳудудии андоз солҳои 2008 ва 9-моҳи соли 2020 ба маблаѓи зиёда аз 45 миллиону 600 ҳазор сомонӣ андоз аз нуқтаҳои хизматрасонии тӯю маросим, аз шахсони ба ин маъракаҳо (маросим) ба ивази подошпулӣ хизматрасонанда, ромишгарон, навозандагону раққосон ва наворгирандаҳо ҷамъовари карда шудааст. Ба маҳдуд гардидани маъракаи оилавии хатнасур ва бе додани таъом баргузор гардидани маросими чилу сол ба ҳисоби камтарин зиёда аз 57 миллиону 261 ҳазору 270 сомонӣ  ба манфиати буҷаи оилавии онҳо нигоҳдори мешавад. То қабули қонун тибқи маълумоти омори шаҳрвандон ба ҳисоби миёна барои як маърака аз 9 то 12 ҳазор сомонӣ сарф мекарданд.
Дар робита бо ин мехоҳам хотирнишон кунам, ки забҳи чорво ба маротиб кам шуд. Мардум ҳангоми баргузарии маъракаҳои худ гуштро аз дӯконҳои гушфурӯши аз бозор харидори менамоянд. Аз ин лиҳоз дар натиҷаи кам забҳ гардидани чорво ба манфиати мардум зиёда аз 1 миллиону 646 ҳазору 384 сар чарво нигоҳ дошта шудааст, ки ин рақам барои ин миқдор маъракаҳо дар давраи то қабули қонун эҳтимолияти забҳи беш аз 2 миллиону 774 ҳазору 037 сар чарворо дошт. Дар қиёс ба солҳои пешин қурбони кардани чорвои калон ва хурд ба теъдоди зиёд кам шуд. Хароҷоти мардум оиди баргузории маъракаҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои мухталиф дар муқоиса то давраи қабули қонун зиёда аз се маротиба коҳиш ёфт.
Бояд ёдовар шуд, ки қонун зиндагии моро ба низом овард ва қомати мардумро рост кард. Одамонро аз ҳар гуна хароҷотҳои миёншикан, ки боиси муфлисии онҳо мегардид раҳо дод. Ин ба шаҳрвандон имконият фароҳам овард, ки шароити моддию маишии рӯзгори худро беҳтар намуда, ба тарбияи фарзандон оиди омӯхтани илму дониш ахамияти бештар зоҳир намоянд. Мардум дар ин роҳ  ранҷ ва машақати зиёд мекашиданд, чунки хароҷот ҳадду ҳисоб надошт. Ҳатто калимаи туйро ба забон меоварди вуҷудат ба ларза меомад. Аммо ин қонуни тиллои сабаби роҳат ва саодату хушбахтии мардум гашт. Садоқат ба расму оин ва анъанаҳои миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими даврони истиқлолият мебошанд, ки ҳар шаҳрванди бо виҷдону бо имон, бахусус ҷавонон баҳри амали намудани ин падидаҳои нек ва аз байн бурдани урфу одатҳои кӯҳна доим ҷаҳду талош намоянд.   
 
Абдуллоев Мироҷ
Вакили Маҷлиси намояндагон
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси ҳизби Комунистии Тоҷикистон.

Илова кунед