Эӽтиром ба забон - эӽтиром ба модар аст

15 Феврал 2021, Душанбе

«Забони давлатиро бояд  бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии  бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ  озод кардан лозим аст.  Дар робита бо ин, таъкид месозам, ки  инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёрӣ ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст».

                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 
Забон муӽимтарин воситаи алоқаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шуда,  ташаккул ёфтаанд ва зуӽури ӽарду ӽам бо меӽнат алоқамандӣ дорад. Маӽз дар натиҷаи рӯ ба меӽнат овардан инсоният ба пешравиӽои зиёду назаррас  ноил гашт. Метавон гуфт, ки  баробари дигар омилӽо  меӽнати ӽалолу бунёдкорона   ба рушди забон мусоидат хоӽад кард.  Зеро, ӽар қадар ҷомеа пеш равад, рушд кунад, инкишоф ёбад, забон низ ӽамон қадар рушду инкишоф хоӽад ёфт.
Бояд қайд намуд, ки дар олам забонӽои зиёд арзи ӽастӣ доранд. Забони тоҷикӣ яке аз забонӽои бою шево ва ширину гуворо буда, миёни дигар забонӽо ҷою мақоми шоиста дорад. Миллати некноми тоҷик ӽазорсолаӽост, ки бо ин забони нобу шево муошират ва гуфтугӯ карда, фарӽанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигар («Авасто», «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ», «Тоҷикон» ва ғайра)  дар  таърих сабт намудааст.
Таърихи пайдоиш ва таҳаввулу такомули забони тоҷикиро  муаррих ва донишманди гаронмоя Бобоҷон Ғафуров ба риштаи таҳқиқ кашида, аз ҷумла нигоштааст: «Забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарбӣ- эронӣ мебошад. Ба ақидаи забоншиносон   асоси  он лаҳҷаи ҷанубу ғарбии форс аст, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ паҳн шуда, бисёр унсурҳои забонҳои гурӯҳи шимолу ғарбӣ, аз ҷумла унсурҳои забони порсиро ҳазм менамояд. Навиштаҷоти форсӣ (аниқтараш форсии  миёна) –и асрҳои 7-8, ки дар қарибии Марв ёфт шуд, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар ин ҷойҳо бо забони форсӣ (тоҷикӣ, ки онро  забони форсӣ-дарӣ  ё худ забони форсӣ ҳам номидаанд), ҳарф мезаданд».Ӯ ҷои дигар менависад: «Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ҳанӯз дар ибтидои асри 9 барои тараққии адабиёти нави китобии тоҷик, ки бар асоси эҷодиёти даҳанакии халқ қарор гирифта буд, шароити мусоид фароҳам овард, вале ин шароит самараҳои худро дар вақти Сомониён бахшид». 
Муҳаққиқи араб Муҳаммади Истеъломӣ гуфтааст: «Дар замони хонадони Сомониён кӯдаки навзоди шеъри дарӣ  ҷон гирифт, шодобтару устувортар гардид». Поягузори шеъри тоҷикӣ устод Абӯабдуллоӽ Рӯдакӣ ба   забони тоҷикӣ  мақому шукӯӽу ҷалоли тоза бахшид.  Маӽз соддагиву равонии забони Рӯдакӣ ва шаҳомати нотакрори он боис шуд, ки ашъори кабир чун насими анбарафшони баҳорӣ  рӯҳнавоз ва чун садои раъду барқ бар замину осмон танинандоз гардад: 
 
Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ,
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
 
Ё,
 
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики худованд бадӣ нест фаромӯш-т,
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур  на аз баҳри набиз аст ба чархушт.
 
Адиб ва муҳаққиқи барҷаста Саид Нафисӣ навиштааст: «Амсол дар ҳар забон ба манзалаи намак дар таом аст. Шоире, ки амсоли забони хешро накӯтар донад, дар дилҳои мардуми диёри хеш бештар роҳ ёбад. Рӯдакиро дар донистани амсоли забони порсӣ мақомест, ки камтар шуаро бад-он расидаанд, дар ин шумораи қалил  ашъоре, ки аз ӯ мондааст, иддаи касир ва амсоли забони порсиро метавон ёфт».  
Устод С. Айнӣ гуфтааст: «Шеърҳои Рӯдакӣ бисёр содда ва табиист ва бар болои ин бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоновар аст. Аз суханҳои форсӣ- тоҷикӣ бештар соддатар ва оммафаҳмтаринашро чида гирифта, ба кор мебарад.  Ҳар гоҳ касе, аз шеърҳои ӯ «аёл не, зану фарзанд не, маунат не»… барин мисраъҳоро хонад, шунаванда гумон мекунад, ки як деҳқони нохондаи тоҷик бо ҳамдеҳаи худаш гап зада истодааст».
Ин ҳунари волои шоир тӯли садсолаҳо барои аҳли суханварон чун мактаби сабақомӯзиву пайравӣ, маҳорату суханварӣ хидмат мекунад. Устод Мирзо Турсунзода нигоштааст:
 
Кошки табъи равон медоштам,
Рӯдакӣ қудрат забон медоштам,
Менавиштам акси дилҷӯи туро,
Ҷилваҳову чашму абрӯи туро.
 
Аз  маълумоти  донишмандону  муӽаққиқони араб, чун Ал-Ҷаҳшиёрӣ,  Ал- Муқаффаъ  ва Мақдисӣ низ бармеояд, ки дар нимаи аввали асри 8 дар Балх забони тоҷикӣ паҳн шуда будааст. Ба қавли Наршахӣ (асри 10) дар аксар масҷидҳои Бухоро ӽатто китоби муқаддаси  Қуръонро ба забони форсӣ қироат мекарданд.                  
Ин буд, ки тӯли садсолаҳо забони мо дар яке аз ҳавзаҳои бузурги таърихӣ оғоз аз Баҳри Миёназамин то марзҳои Чину Ҳинд ҳамчун забони муоширати байни қавму халқҳои гуногун қарор дошта, дар рушди   фарҳангу тамадуни онӽо  нақши муҳим бозидааст. Таърих гувоҳ аст, ки ҳатто ҳангоми нобасомониву ношодиҳои халқамон забони модарии мо бар забону фарҳанги ғосибони бадкеш    пирӯз омада, ҳамчун забони давлату давлатдорӣ  мавриди истифода қарор доштааст. Мардуми ин сарзаминҳо дар гуфтору навиштор то кунун аз калимаҳои тоҷикӣ фаровон истифода мебаранд, ки ин ифтихори ҳар яки мост.
Аввалин Қонуни    забон дар ҷумҳуриамон  ҳанӯз 22 июли соли 1989 қабул гардида, он то моҳи октябри соли 2009 фаъолият намуд. Таи ин солҳо пешравиҳои назаррас, воқеаҳои муҳими фарҳангиву сиёсӣ дар ҳаёти кишварамон ба вуқӯъ пайвастанд, ки зарурати қабули қонуни нави забонро  ба миён оварданд. Ҳамин тавр, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Баъд аз тағйирот ворид намудани  вакилон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои Ид” ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 – уми октябр Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” истифода ва рушди забони давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, ба рушду инкишофи дигар забонҳо имконият фароҳам меоварад. Ҳамаи миллат ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд  ба истифодаи озоди забонашон ҳуқуқ доранд.
Имрӯз, забони тоҷикӣ дар ӽимояи давлат қарор дошта, муҳимтарин рукни давлатдорӣ маӽсуб меёбад. Ғамхорӣ ва  ӽифзу бузургдошти он  вазифаи муқаддаси ӽар фарди соӽибдилу соӽибфазл аст. Тавре, ки Асосгузори сулӽуваӽдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: “Забон дар ҳамаи давру замонҳо яке аз сарчашмаи асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад”.
Ҳукумати кишвар бо мақсади татбиқи амалии Қонуни забон ва вусъати бештар пайдо кардани доираи нуфӯзи забони давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои рушди ҳамаҷонибаи он мусоидат менамояд. Баргузории озмунӽои «Фурӯғи субӽи доноӣ», «Тоҷикистон ватани ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ғайра гувоӽи гуфтаӽои болоянд. Бузургонамон барӽақ фармудаанд:
 
Рӯй овар бар китобу дониш аз он саӽл гир,
То ба дониш гардӣ машӽури ҷаӽону дилпазир.
 
Ҳарчанд, баъд аз соҳибистиқлолӣ бо ҷаӽду талош ва ғамхориӽои Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон ба забони модариамон диққати хоса зоҳир гардад ҳам, ҳанӯз ташвишҳо зиёданд. Дар давраи ҳассоси раванди  ҷаҳонишавӣ (глобализатсия)  ва рушди босуръати техника ва технологияи навин  мо бояд  забони шевои модариамонро ҳифз карда, мақоми онро боз ҳам баланд бардорем ва ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда поку беолоиш  тақдим намоем. Ҳар яки мо бо дарки баланди худшиносиву худогоҳӣ бояд  эҳсос намоем, ки пешрафту шукуфоии забонамон, пешрафту шукуфоии давлатамон аст. Фаромӯш набояд кард, ки умри миллат ба умри забон вобаста аст. Тавре устод Бозор Собир навиштааст:
 
Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад ватандор аст ӯ,
То ватандор аст бисёр аст  ӯ.
 
Забони мо баёнгари сарнавишт ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллатамон аст. Мафҳумҳои забони модарӣ, давлату давлатдории миллӣ, ваҳдату истиқлолияти миллӣ  барои ҳамаи мо азизу муқаддасанд. Эҳтирому арҷгузорӣ ба забон ин пеш аз ҳама эҳтиром ба модари азиз аст:

Забони модариро пос дорем,
Ки аз модар варо мерос дорем.
               
 

Файзулло Наҷмиддиниён,

Вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 

Илова кунед