Артиши миллӣ такягоҳи боэътимоди давлат аст

16 Феврал 2021, Сешанбе

Баъд аз фурӯпошии  Иттиҳоди Шӯравӣ мустақил гардидани кишвари азизи мо ин як гардиши азиме буд дар таърихи миллату ватани мо. Пас аз ҳазор соли давлати Сомониён, ки дар замонаш як давлати муқтадир буд, бори дигар истиқлолият насиби миллати куҳанбунёди мо гашт. Раванди бунёди давлатдории навини миллӣ дар Тоҷикистон баъди  ба даст овардани истиқлолияти давлати оғоз гардид. Пас аз анҷоми ҷанги хунини шаҳрванди, ки тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ гашта буд ва миллат дар як ҳолати ногувор қарор дошт бо ташаббус  ва ҳисси ватандӯстиву фидокорӣ ва ҷасорату матонат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизи мо  сулҳу оромӣ  пойдор шуд. Хатаре, ки ба тамоми миллат ва давлат  таҳдид мекард ба шарофати ва хирадмандию шуҷоати  Президенти кишвар наҷот дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар он рӯзҳои вазнин, ки ҳанӯз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, хоинони миллату давлат доим аз паси ошубҳои хиёнаткорона буданд бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар зарур буд. Ҳанӯз 28 сол муқаддам 23 феврали соли 1993 бо иқдом ва пуштубонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳасоси таърихӣ, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт устувор гашт. Ин рӯзи таърихи ҳар сол 23 феврал бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз сохторҳои низоми кишвар буда, фаъолияташро баҳри ҳимояи истиқлолият, амният, марзу буми мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардум равона намудааст. Пешвои муаззами миллат дар баромадҳои худ доим таъкид мекунанд, ки «Хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ бояд пеш аз ҳама дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ, маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ бошанд. Чунки артиш симои миллат ва бақои умри давлат аст. Интизоми оҳанин нишондиҳандаи беҳтарини ҳайати шахсии артиш ва шарти аввалини обрӯи он аст». Гуфтаҳои Сарвари кишвар барои насли ҷавон намунаи ибрат ва дарси одамият мебошад. Артиши миллӣ аз рӯзҳои таъсисёбиаш барои ҳифзи  давлати мустақили мо баҳри пойдории сулҳу оромӣ, тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонаги ва ободию сарзабзии ватани махбубамон  ҳамеша омода буд.  Артиш ин такягоҳи давлат ва сипари миллат аст.
Қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории  ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29-январи соли 2021 таҳти рақами 1753 қабул шудааст, бори дигар қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъияти оид ба иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад. Яке аз навовариҳои асосии қонуни мазкур ин ворид кардани намуди нави хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тариқ мутобиқи моддаи 41 қонуни мазкур се намуди асосии хизмати ҳарбӣ-хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок, хизмати ҳарбии ихтиёрӣ ва хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаҳои  сарбозон пешбини шудааст. Мутобиқи моддаи 59 қонун ба шаҳрвандоне, ки кафедраи ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбиро аз рӯи барномаи омодасозии афсарони эҳтиёт хатм кардаанд рутбаи якуми ҳарбии афсари эҳтиёт пас аз 12 моҳи адои хизмати ҳарбии муҳлатнок дода мешавад. Тибқи муқаррароти моддаи 37 қонуни амалкунанда андозаи маблағ, тартиби супоридани он ва гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Боиси қайд аст, ки имрӯзҳо ҷавонони шуҷоъу далер,  бо нангу номус тибқи муқаррароти қонуни мазкур  баҳри ҳимояи марзу буми Ватан чун сипар,  монеи ҳамлаи ҳар гуна душманони миллат ҳастанд. Бо сари баланд,  виҷдони пок омода ҳастанд, ки шабу рӯз чун афсари диловару шуҷоъ ватанро ҳифз намоянд. Зеро, ки дӯст доштани Ватан аз имондорист. Ҳар шахсе, ки ватанро дӯст медорад вай модарро дӯст медорад. Меҳре, ки ба модари худ   дошта бошем бояд ба Ватан низ дошта бошем. Ҳар фард бояд бидонад, ки эҳтироми Ватан эҳтироми модар аст. Ва беҳуда нест, ки бузургон ватанро ба модар ташбеҳ кардаанд.   Зеро ояндаи тақдири бехатарии Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дӯши ҷавонони ҷасуру нотарсу шуҷоатпеша вобаста аст. Чунон, ки Мирзо Бедил гӯяд:
 
Бар шуҷоатпеша нанг аст аз таҳаввур дам задан,
Ҳарфи ҷавҳар барнаёмад бар забон шамшерро.
 
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори  мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Имрӯз бояд ҳар ҷавони фидокор  ва дар роҳи ҳимояи Ватани хеш устувор, ҳушёри ва зиракиро аз даст надода, нисбат ба Ватан садоқати бепоён доштан, ҳамеша омода будан ба иҷрои қарзи ҳарбиро дар замири худ ҷой диҳанд. Аз шомилшави ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дӯри ҷӯяд ба кирдороҳои номатлуб ҷалб нашаванд. Ва алайҳи ин тамоюлҳои хатарзо мубориза баранд. Аз ин рӯ зарур аст, ки ҷавонони саодатманди мо, ки дар даврони истиқлолият дар як муҳити орому озод кору фаъолият доранд, ҳамчун шахсиятҳои ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам маънави баркамол тарбия ёбанд. Дар вуҷуди наврасону ҷавонон, бояд ифтихори миллӣ, эҳсоси гармӣ  ватандӯстиву ватанпарасти, худогоҳиву худшиносии миллӣ аён бошад. Хидмат ба Ватан қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмард аст. Чунон, ки Бадриддин Ҳилолӣ фармуда:
 
Далери кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рубоҳ далер ояд чу шер аст.
 
Ҷоиз ба зикр аст, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои миҳимӣ сиёсӣ мебошад. Нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури  дар даъватҳои баҳорию тирамоҳи дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мешавад. Ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ва амри виҷдон ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада ба хизмат  мераванд. Дар қиёс нисбати солҳои пешин шароити хизмат дар   сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст. Бисёре аз падарону модарон ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, аз рафти хизмати фарзандонашон дидан намуда, аз шароити хуби он нисбати Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳури изҳори сипос менамоянд.
Дар робита бо ин мехоҳам хотирнишон созам, ки то имрӯз ҷавононе ҳастанд аз хизмат ба сафи Артиши миллӣ саркашӣ мекунанд ё ба муҳоҷират рафта пинҳон мешаванд. Дар қалби ин зумра ҷавонон ҳисси муҳаббат ба Ватан- модар нест. Дар тинаташон шарм ва азоби виҷдон вуҷуд надорад. Бояд гуфт, ки эътибору нуфузи чунин ҷавонон дар байни ҷомеа коста мегардад. Ин гуна ҷавононро қалб ва виҷдону имонаш ҳамеша бояд азоб диҳад. Ҷавонон тавре бояд рафта хизмат кунанд, ки хизмати онҳо дар сафи Артиши миллӣ ибратомӯз бошад. Бояд шумо бо риштаҳои нозуку шарафу номусу ор ва садоқат ба Ватан пайваста бошед. Аз байни шумо бояд сарбозони шуҷоъ, инсони далер ва ҷасур,  чанговари номи барояд. Чунин ҷавонон набояд фаромӯш кунанд, ки ниёгони мо чихеле, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ омадааст аз корнамоиҳои Золи Зар, Рустами Достон, Сиёвуши Сафшикан, Ифандиёри Рӯинтан ва Гурдофарид то ба имрӯз вирди забони мардуми мо ҳастанд. Мо аз гузаштагони бо ору номуси  худ чун  Спитамену Деваштич, Муқаннаъу Темурмалик, Восеъ ва Маҳмуди Торобӣ ифтихор мекунем ва баҳрашон суханҳои арзишманд мегӯем. Нафарони номбурда, садсолаҳо ин ҷониб номи худро дар таърих ҳамчун қаҳрамон ба ҷой гузоштанд ва чун диловару ҷонфидо баҳри ҳафзи Ватан бо далерию матонат  ном бароварданд. Мо ҷавонон набояд он қаҳрамонию шучоати падарону бобоёни худро дар замони Ҷнги Бузурги Ватанӣ (Солҳои 1941-1945)  фаромӯш кунем. Дар ин ҷанги хунини бераҳмона 54 нафар ҳамдиёрони мо сазовори унвони олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ гардиданд.  Хушбахтона имрӯз шаҳрвандони кишвари мо дар як фазои осуда, бо хотири шод таҳти ҳимояи Артиши миллӣ амнияту суботи онҳо таъмин гардидааст.
Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон иброз намуданд, ки  «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».  Аз ин суханони хирадмандонаю бунёдкоронаи  абармарди дунёи сиёсат, Пешвои миллат бармеояд, ки ҳар яки мо чӣ пиру  ҷавон бояд барои ҳимояи кишвари азизи худ, ки ҳар ваҷаби он муқаддасоти зиндагии мост, то ҷон дар рамақ дорем содиқона хизмат намоем. Вожаи   «Ватандӯстӣ» ё «Ватанпарастӣ»  маънои ишқу меҳру муҳаббати беандоза, садоқати бепоён  доштан аст ба ватан ва омодагӣ барои фидо намудани ҷон дар роҳи ҳафзи он. Чунон, ки Шайх Саъдӣ гӯяд:
 
Саъдиё, ҳубби ватан гарчи ҳадисест саҳеҳ,
Натавон мурд ба хорӣ, ки ман ин ҷо зодам.
 
Дар пайёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузории кишвар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр гардидааст: «Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ намоем. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим-ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзу суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду ҳатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст». Ҳамаи шумо афсарон сарбозони далеру шуҷоъи Ватанро ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии азизамон табрику муборакбод гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, тандурустиву хонаободӣ таманно дорам.
 
Абдуллоев Мироҷ
Вакили Маҷлиси намояндагон
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси ҳизби Комунистии Тоҷикистон.

Илова кунед