Иштироки Маҳмадалӣ Ватанзода дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ассамблеяи Парлумонии СААД

18 Феврал 2021, Панҷшанбе

Имрӯз ҷаласаи ҳамоҳангсозии  Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода , ки ҳамзамон роҳбари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Парлумонии САҲА-ро низ ба ӯҳда дорад, дар реҷаи фосилавӣ (видеоконференсия) баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ҷумҳуриҳои аъзои СААД –Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа, нахуст рӯзномаи кориро бо масъалаҳои зерин: « Дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати хориҷии ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД дар Ассамблеяи Парлумонии САҲА», Оид ба масъалаҳои иҷлосияи 20-уми зимистонаи АП  САҲА (24-26 феврали 2021) ва табодули афкор оид ба масъалаҳои мубрам», « Дар бораи тавсияҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалҳои ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД дар ташкилотҳои байналмилалии парлумонӣ» ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадали Ватанзода дар ҷаласаи фосилавии  ҳамоҳангсозии  Ассамблеяи Парлумонии СААД баромад намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки Тоҷикистон кӯшишҳои муштараки кишварҳои узвро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Ассамблеяи Парлумонии СААД нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Мо итминон дорем, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо кӯмаки ҷиддӣ на танҳо дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, балки воситаи боэътимоди таъмини субот ва таъмини амният дар соҳаи масъулияти Созмон мебошад.
Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамчунин иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол раисиро дар СААД ба ӯҳда гирифт ва ба ин васила, ҳайати мо иродаи раисони парлумонҳои кишварҳои СААД-ро дар самти идомаи амалияи мулоқотҳои мунтазами роҳбарони ҳайатҳо дар ҳошияи ҷаласаҳои САҲА иҷро менамояд.


Бо дарназардошти он, ки формати ҷаласаҳои зимистони АП  САҲА овоздиҳӣ дар бораи қарорҳо ё қабули ягон маърӯзаро пешбинӣ намекунад, мо имрӯз дар ин ҷо ҷамъ омадаем, то нуқтаи назари умумиро оид ба мавзӯъҳои пешниҳодшудаи ҳисоботи кумитаҳои САҲА муҳокима намоем.  
Инчунин ман ба Шумо ҳамкасбони азиз,-гуфт Маҳмадалӣ Ватанзода -иттилоъ медиҳам, ки маълумот дар бораи мулоқоти мо бо Шумо ва   кори ҳайатҳои мо, дар сессияи зимистони имсола ва натиҷаҳои он ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД, ки охири моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  дохил карда мешавад.
Тоҷикистон барои татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои СААД пайваста талош меварзад ва барои амалӣ намудани қарорҳо оид ба таъмини дастгирии ташкилӣ ва ҳуқуқии Созмон чораҳо меандешад.
Изҳори итминон мекунам, ки мубодилаи афкори имрӯза ба ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва дар ҳамбастагӣ ба вазъият дар соҳаи масъулияти Созмон, инчунин арзёбии объективии таҳдидҳо ва чораҳои амниятӣ мусоидат хоҳад кард, - таъкид намуд муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода.
Дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозии  Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  намояндаи комилҳуқуқӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Таъкид менамоем, ки Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ фаъолияти Созмони мазкурро ба роҳ монда, ба ин ниҳод роҳбарони парлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия ва Тоҷикистон шомиланд.

Илова кунед