Артиши миллӣ-неруи пуриқтидор

20 Феврал 2021, Шанбе

Ба ифтихори 28-умин солгарди таъсисёбии артиши миллӣ 
                   
"Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат,таҳкими истиқлолият,амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад".                                                                                                                                                                                                                                                                                                                            Конститутсияи Ҷ.Т

 23 – юми февралро мардуми шарифи Тоҷикистон на танҳо ҳамчун рўзи муҳофизони Ватан, балки ҳамчун рўзи таъсисёбии Артиши миллии ҷумҳурӣ низ ҷашн мегиранд.
Ҳарчанд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пас аз соҳибистиқлолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳарбӣ-сиёсӣ таъсис дода шуда бошад ҳам, вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳимон ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тулонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлоли мамлакатамон омода гардиданд.
Таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, дар душвортарин рўзҳо, дар давраи авҷи шадиди ҷанги шаҳрвандӣ сурат гирифта буд. Ҳамин аст, ки 23-юми феврали соли 1993 дар майдони марказии шаҳри Душанбе аввалин гашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва ин рўзро дар таърихи кишвар ҳамчун «Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон » ҳамасола таҷлил мегиранд.
Дар баробари ин яке аз фармонҳои Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 декабри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон » буд, ки барои фаъолияти низомиён шароити мусоид фароҳам овард. Тибқи ин фармон Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ «Фронти халқӣ» ва гурўҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ менамуданд, ташаккул ёфт.
Дар марҳалаи нахуст ҳадафи асосии ташкили Артиши миллии ҶТ ташкили нерўи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият қодир бошад, озодии шаҳрвандон ва мухторияту амнияти кишварро таъмин намояд. Вобаста ба таъминоти мазкур гурўҳҳои муташаккилу зудамал ба арсаи вуҷуд қадам ниҳоданд, ки вазифаи асосиашон муқовимат ба қувваҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ буд. Вақте, ки дохили кишвар вазъи ҷамъиятию сиёсӣ хеле мураккабу тезутунд гардида, алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ боло мерафт ва аз ин вазъияти мураккаби дохилӣ, душманони беруна ҳар лаҳза метавонистанд истифода бурда, истиқлолияти Тоҷикистонро зери хатар гузоранд, ташкили Артиши миллии ҶТ хеле саривақтӣ ва талаби замон буд.
Марҳалаи дуюм ва сеюм ҳаллу фасли корҳои ташкилӣ, муқаррар намудани вазифаҳову оинномаҳо, ташкили қушунҳои ҳарбиву ҳавоӣ, ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки баътар 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия байни ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти мухолифин баргузор гардида буд, маҳсуб меёбад.
Айни замон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ зерсохторҳои бехатарӣ, қувваҳои хушкигард, қаторӣ, ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қувваҳои мобилиро низ дорост. Имрўз қисмҳои Вазорати мудофиаи ҷуҳмурӣ аз якдигар ба куллӣ фарқ карда, аз рўи принсипҳои артиши доимии тахассусӣ фаъолият менамояд. Аз соли 2000 хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз шакли даъват, дар ду мавсим баҳор ва тирамоҳ сурат мегирад.
Баҳри боз ҳам устувортару қавитар гардонидан ва бартараф намудани баъзе мушкилоти ҷойдошта дар сохторҳо ва қабул ба сафи Артиши миллӣ, аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрўз, аз ҷониби Президенти кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Парлумони мамлакат як қатор қарору қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории  ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзи 29-январи соли 2021  қабул гардид, муносибатҳои ҷамъиятиву иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиро барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом медарорад.
Мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбии мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшаванда пешбинӣ карда мешавад.
Дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ уҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Дар асоси Моддаи 4 Конуни зикргардида. принсипҳои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ аз тартиботу риояи қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон, садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи интизоми ҳарбӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ аз таҳдидҳои ҷиноятӣ ва кирдорҳои дигари ғайриқонунӣ, дахлнопазирии онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ, яккасардорӣ ва риояи мартабот, вобаста набудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ асос меёбад.
Уҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро Моддаи 5. Конуни мазкур барои шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгў буда, аз рўи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, муайян кардааст, ки шаҳрвандон метавонанд мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намояд.
Ҳамчунин, дар Моддаи 6 ва 7 Қонуни мазкур афзалият ва кафолату ҷубронпулиҳо барои шаҳрвандон ҳангоми иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ муайян карда шутааст.
Ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба намудҳои дигари хизмати давлатӣ афзалият дода мешавад.
Шаҳрванде, ки ба хизмати ҳарбӣ ё ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват (дохил) шудааст, то ба ҷойи хизмат расидан ва аз хизмат баргаштан бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо озуқа ва маблағи дахлдор таъмин карда мешавад.
Дар заминаи далелҳои мавҷуда ва дахли мавзуот, ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳамасола Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани эҳсоси ватандории ҷавонон ва дар руҳияи ватандўсти тарбия намудани онҳо дар Паёми хеш нуктаҳои ҷолибу раҳнамунсозрро манзур намуда, масъулини соҳарро муваззаф месозад, ки дар ин самт тадбирҳои заруриро ба иҷро расонанд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем Зеро вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад. Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар зиёда аз даҳ ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таълими низомӣ таҳсил намуда, ҳамчун афсар дар ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ватан – Модар содиқона хизмат карда истодаанд.
Имрӯз низ ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар чунин муассисаҳо таҳсил доранд. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки бо дарназардошти шароити имрӯза Қувваҳои Мусаллаҳи худро азнавсозӣ кунем ва онҳоро бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ таъмин намоем. Аз ин рӯ, аз ҷониби Вазорати мудофиа барои таҳия ва роҳандозии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиаи кишвар, тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, инчунин, таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Воқеан ҳам, ҳамаи ин тадбирҳо Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, баҳри пуштибонии сулҳу субот ва таъмини амнияти марзу буми кишвари азизамон муаррифӣ намуда, аз иҷрои бошарафонаи рисолаташон то ин дам огоҳӣ медиҳад.
 
Мо Ватан дорему онро посбонӣ мекунем,
Мо ба хурсандиву шодӣ зиндагонӣ мекунем.
 
Зоир Раҳмонзода
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Илова кунед