Пешаи инсони комил чун накӯи кардан аст..

20 Феврал 2021, Шанбе

Дар пайравӣ ва дастгирӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кули сокинону кормандони саховатпеша, корхонаю ташкилотҳои кишвар ҷиҳати дастгирии табибони кишвар, ки дар набард бо вабои ковид-19 дар сафи аввали мубориза қарор доранд, иқдомҳои хайрхоҳона анҷом дода истодаанд.
Бо дархости вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев ва ризоияти раёсати Донишгоҳи миллии     Тоҷикистон ректори ин донишгоҳ профессор Хушвахтзода Қобилҷон иқдом гирифт, ки ба бунгоҳи тиббии деҳаи Чашмасори ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон кўмаки моддӣ дар ҳаҷми 15 адад мизҳо, 30 адад курсиҳои мулоими замонавӣ ва маҷаллаҳои тиббӣ тақдим карда шаванд.
Ин иқдоми ҷавонмардонаи вакили Маҷлиси намояндагон ва ректори Донишгоҳи миллӣ дар роҳи мусоидат ба таъмини шароитҳои зарурӣ барои кормандони соҳаи тиб ҷиҳати беҳдошти саломатии мардум ва пешгирии ҳо-латҳои гирифтор шудани аҳолии деҳот ба бемориҳои сироятӣ аз таъкиду ҳи-доятҳои Пешвои муаззами миллат маншаъ гирифта, дар роҳи дастгирии ма-ҳалли деҳот вао оилаҳои ниёзманд чораи хеле саривақтӣ арзёбӣ карда меша-вад.
Ёдовар мешавем, ки бемории сироятии ковид-19 зиёда аз 200 кишва-ри оламро фаро гирифта, дар ҷаҳон беш аз 5 млн.нафар ба он мубтало шудаанд.

Илова кунед