Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бо мақсади рушди илми ватанӣ дар таҳрири нав таҳия мегардад

22 Феврал 2021, Душанбе

“-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18 марти соли 2020  бо мақсади рушди илми ватанӣ вобаста ба шароити имр ӯзаи ҷаҳонӣ ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст”.
Ин матлабро  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён  намуд.
Дар ҷаласаи Шуро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур аз 7 боб ва 33 модда иборат буда, дар он ваколатҳо, вазифаҳо, мақом, ҳайат ва сохтори ташкилӣ, имтиёзҳо, самтҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳо вобаста ба тағйиротҳои дар сохтор ва номи он бавуқуъомада  мушаххас гардидаанд.
Дар ҷаласаи Шуро иловатан “Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи барқи обии  Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд“ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии Созишномаи мазкур таъкид гардид, ки ҳадафи лоиҳа барқарор намудан ва зиёд намудани иқтидори истеҳсолии шаш гидроагрегати НБО Норак, баланд бардоштани самаранокии онҳо мебошад.

Илова кунед