«Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври ранга ба табъ расид
22 Феврал 2021, ДушанбеДар арафаи иди матбуоти касбӣ, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11-март ҷашн гирифта мешавад бо ташаббуси Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров имрӯз нашрияи расмии ин мақоми олии қонунбарор «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори аввал ба таври ранга аз чоп баромад.
Ёдовар мешавем, ки якумин шумораи маҷаллаи мазкур моҳи январи соли 1939 ба табъи хонандагон расонида шудааст. То моҳи сентябри соли 1991 маҷалла бо номи «Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ведомстҳои Шӯрои Олии ҶШС (Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон) аз чоп мебаромад. Аз соли 1946 инҷониб маҷалла моҳе як маротиба, солона 12 шумора ба забонҳои тоҷикию узбекиву русӣ ба табъ мерасид. Аз моҳи декабри соли 1999 маҷалла танҳо бо забонҳои тоҷикию-русӣ аз чоп мебарояд.
Тавре, ки Сардори Раёсати технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Шарифбек Салимов ва мудири бахши чопи стенограмма ва маҷаллаи «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - и раёсати мазкур Сабзов Абдуқодир иброз намуданд, дар маҷаллаи мазкур имрӯзҳо қарору қонунҳои қабул намудаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, матолиби иҷлосияҳо ва ҷаласаҳои якҷояи палатаҳои болои ва поёнии Парлумон, қарорҳои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмиллалие, ки онҳоро Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст ва дигар матолиби ҷолиб нашр мешаванд.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ХАБАРҲО АЗ WWW.PRESIDENT.TJ
-
25.02.2021
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо
-
23.02.2021
Мулоқот бо Вазири кишварии (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ
-
23.02.2021
Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон