Артиши миллӣ – кафили амнияти Тоҷикистон аст

23 Феврал 2021, Сешанбе

«Ҳарчанд ки артиши миллии мо пас аз соҳибистикдолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тулонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти мамлакатамон омода гардиданд».
 
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон
 
Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишврамон 28 сол пур шуд. Агар ба таърихи таъсис ва бунёдгузории Қувваҳои Мусаллаҳ назар намоем шоҳиди он мегардем, ки ин ниҳоди муқтадири давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо ташаббуси махсус ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуда, то кунун барои ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар равона шудааст.
Ташаккули ниҳодҳои ҳарбии кишвар, муҷаҳҳазгардонӣ, низому тартибот, таъминоти моддию техникӣ ва тақвияти паӣвастаи он бо назорати паӣваста ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи муҷаҳҳазгардонии имрӯзаи Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ намуда, марҳила ба марҳала устувору қавитар мегардад.
Агар ба таърихи таъсиси Артиши миллии Ҷумхурии Точикистон баҳои воқеӣ диҳем барои ҳар як инсони комил  маълум мешавад, ки артиш душвортарин лаҳзаҳоро пушти сар намудааст. Нарасидани либос, чоӣи хоб, васоити техникӣ, аслиҳа ва дигар лавозимоти ҳарбӣ ҳар лаҳза эҳсос мегардид, вале афсарону сарбозони матин руафтода нашуда ба ояндаи давлати худ бо некӣ назар намуда, қарзи фарзандии худро назди давлату миллат адо менамуданд.
Артиши миллии Точикистон дар муддати кутоҳе роҳи пуршарафи таърихиро пушти cap кард, ки он дар таърихи худ воқеан ҳам нодир аст. Новобаста аз лаҳзаҳои ҳассосу норасоиҳои моддию техникӣ артиши навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар замъи муборизаҳои шадиди ҳарбӣ, ки баҳри таъмини сулҳу субот равона шуда буд, 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбиро дар маӣдони Дӯстии поӣтахт баргузор намуд.
Таъсиси артиши миллӣ дар шароите, ки ҳам барои миллат ва ҳам барои давдлати тозаистиқлоли Тоҷикистон мушкилтарин лаҳзаҳо маҳсуб мешуд паӣки саодат ва умедворӣ барои расидан ба рӯзҳои неку осоишта мебошад. Зеро ҳар лаҳзаву замон афроди хиёнатпешаву фирефташуда бо истифода аз неруҳои радикалию экстримистии хориҷӣ болои миллат ҳуҷумҳои мусаллаҳонаву идеологӣ бурда, хостори маҳви давлати ҷавон буданд. Вале Артиши миллии Тоҷикистон таҳти Сарфармондеҳи артиши миллӣ,  Пешвои муаззами миллат тавонист, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон паёми иршод диҳад ва садои сулҳро ба оламиён бирасонад.
Имруз бо ифтихор гуфта метавонем, ки артиши миллиамон ба талаботи замон ҷавобгу буда, натанҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ нуфузу мавқеи хоса касб намудааст. Мардуми шарифи Точикистон бояд дарк намоянд, ки артиш қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро доранд ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта ба cap барад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳаӣати шахсии сохторҳои низомии мамлакат, барои муҳофизати ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси ин сарзамин, арзишҳои милливу давлатӣ, музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки он ҳама таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми бошарафи Тоҷикистон ба даст омадааст омода буда, савганди садоқатмандӣ ба халқу Ватан ва сарвари ғамхори худро ҳамеша ҳифз менамоянд.

Эӣ Ватан, эӣ кишвари озодаам,
Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам.
То ки бошам ҳамдаму ҳамрози ту,
Гаштаам Модар-Ватан сарбози ту.


Турахонзода Дилшод,
Сармутахассиси шуъбаи матбуоти
Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон 

Илова кунед