Саидмурод Фаттоҳзода дар кори ҷаласаи зимистонаи САҲА иштирок ва суханронӣ намуд

25 Феврал 2021, Панҷшанбе

Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар кори ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА)  дар реҷаи онлайн конферения иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо шарики муҳими баӣналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва сатҳи ба дастомадаи ҳамкориҳоро бо шарикони аврупоӣ дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг баланд арзёби карда мешавад.
Ҷаласаи ҳарсолаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ба анъана табдил ёфтааст ва ин пеш аз ҳама гувоҳи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва САҲА маҳсуб меёбад. Аз ҷониби дигар ин як навъ барномаест, ки дар он масъалаҳои мубрами дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд. Хурсандибахш аст, ки ин мулоқот дар замоне сурат мегирад, ки Иттиҳоди Аврупо стратегияи нави муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказиро тасдиқ кардааст.
Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин иброз намуд, ки рушди ҳамаҷониба бо сохторҳои баӣналмилалӣ аз ҷониби мо ҳамчун яке аз омилҳои муҳим барои татбиқи чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва индустриализатсияи кишвар ба шумор меравад. Мехоҳам иброз намоям, ки дар ин соҳаҳо муваффақиятҳои муаӣян ба даст оварда шудаанд.
Аммо, бидуни вазъияти мӯътадил дар минтақа, ҳадафҳои моро амалӣ кардан имконнопазир аст.
Мо аз вазъи номусоид дар Афғонистони ҳамсоя хеле нигарон ҳастем. Дар ин самт Иттиҳоди Аврупо , Шумо аъзои парлумон тавассути мусоидат ба сулҳ дар Афғонистон суботи кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ карда метавонед. Иттиҳоди Аврупо бояд ба як узви муҳими бахши амният дар минтақа табдил ёбад, дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонии асри 21 шарикии мустаҳкамтари Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зарур аст. Амалисозии барномаҳои муштарак барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои амният, иқтисод, маориф ва тандурустӣ зарур аст.
Дар хотима, изҳори итминон мекунам, ки ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо,  ки имрӯз  дар он баррасии масоили муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардид, самарабахш ва қадами навбатӣ дар таҳкими муносибатҳои мо хоҳад буд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни парлумонҳо мавриди муҳокима қарор доданд.

Илова кунед