Ҷаласаи якуми Гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид

25 Феврал 2021, Панҷшанбе

Имрӯз ҷаласаи якуми Гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба таври реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид.
Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур Раиси гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода баромад намуда, изҳор намуд, ки “ - мехостам аз фурсати муносиб истифода бурда, дуруд ва паёми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзодаро ба Раиси Шӯрои миллии Федеролии АМА муҳтарам Сақр Ғубош ва Шумоён ҳамкорони гиромӣ расонам.
Инчунин, дар шахсияти Шумо ва ҳамкорони гиромии аморотӣ Ҳукумат ва мардуми АМА-ро барои муваффақона амалӣ шудани барномаи илмии “Мисбор ал-Амал” (“Стантсияи автоматии байнисайёравии Умед”) табрик намоям. Рӯзи 9 феврали соли ҷорӣ радиозонди кайҳонии “Умед” ба мадори Миррих ворид гардид. Ҳамаи шумо ва дар шахси Шумо мардуми шарифи кишвари дӯстро бо ин дастоварди илмӣ ва таърихӣ табрик менамоям. АМА аввалин кишварҳои араб ва панҷумин кишвари ҷаҳон аст, ки зондро ба Миррих фиристодааст ва ба Клуби кишварҳои кайҳонӣ шомил гардид. Мо аз чунин дастовардҳои АМА дар соҳаи кайҳонӣ бениҳоят ифтихор дорем ва шод ҳастем.

Боиси қайд аст, ки дар соли 2020 ду кишвари бародар ва дӯст 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро таҷлил намуданд. Дар ин робита, табодули барқияҳои табрикӣ миёни Роҳбарони олии ду кишвар ва вазирони корҳои хориҷӣ сурат гирифт, ки аз сатҳи баланди ҳамкориҳо дарак медиҳад”.
Файзулло Баротзода ҳамчунин иброз намуд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои мухталиф нақши муассир дорад. Боиси қайд аст, ки роҳандозии ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону АМА борҳо дар вохӯриҳои сатҳи олӣ байни Роҳбарони олии сиёсии Тоҷикистон ва АМА, инчунин дар сатҳи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону АМА муҳокима гардида буданд.
Мо боварии комил дорем, ки фаъолияти Гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва АМА дар таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин аз номи Парлумони Тоҷикистон ба Роҳбарияти олии сиёсии АМА барои расонидани кӯмаки хайриявии тиббӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо бемории  КОВИД-19 минатдории худро баён намуданд. Кӯмаки хайриявии тиббиро Амороти Муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои май ва октябри соли 2020 дар ҳаҷми умумии зиёда аз 20 тоннаи метрикӣ расонид. Дар давраи ҳамагирии КОВИД-19 АМА на танҳо ба кишварҳои минтақа, балки ба бештар аз 120 кишвари ҷаҳон дар ҳаҷми умумии зиёда аз 1650 тоннаи метрикӣ кӯмаки хайриявии тиббӣ расонидааст. Чунин икдоми роҳбарияти олии сиёсии АМА ва Ҳукумати АМА аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ шудааст.

Дар ҷаласа ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи вакилони парлумонӣ Амороти Муттаҳидаи Арабро бори дигар ба мавзӯи таъсиси Шӯрои соҳибкорон байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Федератсияи Палатаи савдо ва саноати АМА ҷалб намуданд. Изҳори умедвори карда шуд, ки зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Аморот ба имзо мерасад.
Ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба АМА, аз ҷумла меваи тару тоза, меваҳои хушк, сабзавот, асал, ки аз лиҳози сифати экологӣ тоза ва органикӣ мебошанд, инчунин чорвои зинда ва маҳсулоти гӯштӣ, метавонад яке аз самтҳои ҳамкории ояндадор маҳсуб гардад.
Дар Тоҷикистон барои фаъол гардонидани ширкатҳои аморотӣ ҷиҳати сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҳавасманд мебошанд. Бори дигар таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳузури сармоягузорони кишвари ба мо дӯст ва бародар истиқбол ва  пуштибонӣ хоҳад кард.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин  Раиси Гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Парлумони Амороти Муттаҳидаи Араб бо Маҷлиси намояндагон хонум доктор Низол Муҳаммад Ал-Тунайҷӣ баромад намуда, иброз намуд, ки ҳамкории наздик ва талошҳои мақомоти сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар СММ, ниҳодҳои махсусгардонидашудаи он ва Созмони ҳамкории исломӣ на танҳо мавқеи созандаи кишварҳоямонро дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳким месозад, балки фаъолияти ин созмонҳоро таъсирбахш мегардонад.
Дар мулоқот ҳамчунин имконияти тақвият бахшидани ҳамкорӣ, дар бахшҳои саёҳӣ, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштироки доираҳои фарҳангии ҳар ду кишвар дар ин чорабиниҳо таъкид карда шуд.

Илова кунед