Нақши хиради зан – модар дар тарбияи фарзандони баруманд.

26 Феврал 2021, Ҷумъа

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ояндаи ҳар фарзанд, модар саҳми ногусастанӣ мегузорад. Дар оилае, ки зани хонадон, бомаърифат, бо маданият ва бохирад аст, ҳатман дар он оила фарзандони некбину нексиришт ба воя мерасад. 
Ягон сиёсатмадор, ё олими барҷаста дар ҷомеа худ тасодуфан, танҳо бо таъсири таҳсил ё муҳит ба мартабаҳои арзанда ноил нагардидааст. Беҳуда устод Лоиқ нагуфтааст:
 
Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
Гар равад зери замин  ё ба фалак хайма занад
Ҳар куҷо марди бузургест, гирифтори зан аст.
 
Пешвои миллати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвари азизамон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ саҳми беандозаи модари азизашро дар таълиму тарбияи худ қайд намудааст. Аз гуфтаҳои Пешвои миллат бармеояд, ки модари ӯ ҳамчун зани хирадманду оқила ва дурандешу таҳаммулпазир буданд. Танҳо бо таъсири чунин модари меҳрубону хирадманд, чунин фарзанди баору номус ва боидроку бомулоҳизаи замон тарбия ёфта, ба воя расидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки хирад ба дониш вобастагӣ надорад. На ҳар инсони босаводу ҳатто соҳибилм метавон хирадманд бошад. Баъзан бо одитарин инсон ҳамсӯҳбат мешавед, ки натанҳо шаҳодатномаи таҳсилоти олӣ, балки саводи кофӣ надорад, лекин аз суханони хирадмандонаи ӯ баҳра бурда, дар ҳайрат мемонӣ.
Аз ин ҷост нақши модари хирадманд дар тарбияи фарзандон. Хиради Худододии Модари Сарвари кишвар буд, ки Пешвои миллатро тарбия намуда, ба воя расонид. Ва инак аз меваи хиради модари бузургвор на танҳо мардуми як кишвар, балки тоҷикони тамоми олам баҳра мебаранд. Ҳар лаҳза, ки Пешвои миллатамон дар бораи модари бузургворашон сухан гӯянд, аз чашмони он баръало дарк мекунӣ, ки то чӣ андоза Сарвари кишвар нисбати модари азиз меҳру садоқати беандоза дошта, дору мадори худро аз хираду наксириштии модар мебинад ва онро қадрдонӣ мекунад. Ин аст натиҷаи тарбияи хирадмандонаи модари миллат, ки ба тамоми тоҷикон Пешвои муаззамро ҳадя намудааст!
Дар қатори дигар мӯъҷизаҳо Зан беҳтарин муъҷиза аст, ки Офаридгор онро офарида, ба ӯ зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст.
Ҳар хонадоне, ки аз нусрату баракати зан баҳравар нест, онҷо баракат нест. Дар урфият гуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст».Ҳеҷ касс ва ҳеҷ чиз одамизотро аз гирудорҳои  зиндагӣ беҳтар  аз муҳаббати модар роҳбаладӣ ва ҳимоя карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик, ки дар идоракунии давлат ва ҷомеаи солим низ ҳиссаи арзанда гузошта метавонад, калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳост.
Занон натанҳо дар афсона, қиссаву ривоятҳо, балки дар асл ҳамчун сарлашкар, маликаи давлату миллати хешро чун шахсияти  таърихӣ солҳо сарварӣ намудаанд. ё сарлашкари мулки худ будааст. Чунончӣ, Сарвари махбуби мо дар яке аз суханрониашон қайд намудаанд «Дар саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон номҳои Гурдофарид, Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудот, Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зебуннисо ва садҳо модарону хоҳарони хирадманду фарзона, донишманду оқила, размандаву ҷасур бо ҳарфҳои зарин сабт шудаанд. Зеро кору пайкори онҳо то ҳанӯз намунаи ибрат, сабақи зиндагӣ, сазовори пайравӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад».
Фаромуш набояд кард, ки Марямбиби ва Аламбиби аввалин занҳое, мебошанд, ки чодар аз сар партофта, барои озодии хеш дар кӯҳистони Тоҷикистон муборизаи беамон бурда, дар натиҷа аз дасти ҳурофотпарастон кушта шудаанд. Ҳамзамон Ойгул Муҳаммадҷонова летчикзани тоҷик дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар зидди фашизм муборизаи беамон бурдааст. Имрӯз расонаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки Крупская Надежда, на танго ҳамсари вафодору хирадманди В.И.Ленин, балки омӯзгор-педагоги ва олими барҷастаи илми педагогӣ буда, дар дастовардҳои В.И. Ленин, ки ҳамчун дохии пролетариати ҷаҳон эътироф гардина буд, мавқеи бузург дорад. Дигар зани қаҳрамон - Зоя Космодемиянская партизани рус, ки барои ҳимояи ватан аз фашизм ҷонбозиҳо карда, мардонавор ҷони худро нисор намудааст. Ба амсоли ин, садҳо мисолҳои дигарро оварда метавонем, ки занон дар мардонагию матонат аз мардон кам нестанд.
Қайд намудан бомаврид аст, ки то даврони соҳибистиқлолӣ ҳарчанд занон дар ҳама давру замон қавииродагӣ, ҳисси баланди миллӣ доштани худро бо масъулияти баланд нишон медоданд, аммо қариб ягон саннади меъёрии ҳукуқӣ барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ба тавсиб нарасида буд.
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳ мешаванд, ки нисбати беҳуқуқии занон дар ҷомеа аз ҷониби мулкдорон ё фарҳангӣ диннӣ ягон чораҳо андешида намешуд. Мутобиқи сарчашмаҳои мавҷуда дар тамоми давру замон мақоми зан дар ҷомеа паст буда, ҳуқуқҳои занон мунтазам аз ҷониби мулкдорон ва воломақомҳо поймол карда мешуд. Занон пойбанди хурофот ва урфу одати гузаштагони худ буданд.
На ба хотири танқид, балки барои андеша мехостам байтеро аз  «Шоҳнома»-и безаволи устод Фирдавсӣ биёрам:
Занонро бас бувад ҳамин як ҳунар,
Ки шинанду зоянд шерони нар
Ё ин ки устод, Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ҳамчун асосгузори илми маорифпарварии форсу тоҷик дар таърихи илму адабиёт нақши арзанда гузоштааст ва дар соҳаи маорифи форсу тоҷик ислоҳоти куллӣ гузаронидааст, дар осори худ нисбати баҳои зан гуфтааст:
Зан аз паҳлӯи чап шуд офарида,
Кас аз чап ростӣ ҳаргиз надида. …
Дигар ин, ки Амир Унсурмаолии Кайковус «Кобуснома»-и худро ба писараш бахшида, дар китоби худ маъдане аз панду насиҳат ва роҳандозии фарзанд ба корҳои шоиставу зиндагии арзишмандро, ки ҳар як падари ѓамхору меҳрубон нисбати писари худ ҳидоят мекунад, дарҷ намудааст. Дар боби «Тарбияи фарзанд ва ба тартиб даровардани зиндагии ӯ» Унсурмаолии Кайковус гуфтааст, ки «…агар фарзанди ту духтар бошад, ӯро ба дояи хубе бидеҳ то ин ки намозу рӯза, тоату ибодатро аз диди шариат омӯзад. Ҳамзамон момодоя бигзор ба духтар таҳаммулпазирӣ ба шавҳарро тарбият диҳад, лекин ҳаргиз ба духтар хату саводро наомӯз. Вакте, ки духтарат ба балоѓат мерасад, ҳарчи зудтар ӯро ба шавҳар бидеҳ. Чунки беҳтар аст, ки  фарзанди духтар надошта бошӣ ва агар дошта бошӣ беҳтар, ки зудтар шавҳар дошта бошад, ё ин ки хубтар дар гӯр бошад. То он замоне, ки духтар дар хонаи падар аст, ӯ асири волидайн аст. Агар писар падару модар надошта бошад, худашро ӯҳдадорӣ мекунад, аммо духтар мӯҳтоҷ мемонад. То он даме, ки духтар бо туст барои ӯ харҷ кун, лекин кӯшиш кун, ки ин масъулиятро тезтар ба дӯши шавҳараш гузорӣ. Домодро аз сатҳи худат пасттар интихоб кун, то ин ки на ту, балки ӯ бо номи ту ифтихор кунад. Ҳар чӣ тавонӣ ба духтарат деҳ, то ин ки тезтар аз ӯ халосӣ ёбӣ…».
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки адабиёти классикии тоҷику форс, занпарвар набуда, занони он давраро побанди мақоми маҳдудияти муайяне намудааст.
Мусаллам аст, ки ба ҳама ин азобу машақат ва нобоварӣ нисбат ба ҷинси латиф нигоҳ накарда, занон тавонистанд дар ҷомеа нақшгузор бошанд, тавонистанд дар барқарорсозии ҷомеаи солим ва тарбияи хуби фарзандони накукор ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд.
Мо занони даврони соҳибистиқлолии далати куханбунёдамон бо як ѓурури бепоён шукргузорӣ аз он мекунем, ки имрӯзҳо даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мақому манззалати зан дар ҷомеа ба тавсиб расида, иҷроиши он таҳти назорати бевоситаи  Пешвои миллатамон мебошад. Мо аз он мефахрем, ки Ҷаноби Олӣ дар ҳар як баромади худ нисбати нақши созандаву ободкор доштани занон эътимод ва боварии комил дошта, мудом мо занону модаронро пуштибонӣ мекунанд.
Бешак, хизматҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба қадруқимат ва эҳтироми зан-модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ, бузургтарин ва муқаддастарин инсон, нахустустоди башарият бағоят бузург аст. Ин маънӣ дар ҷаҳду талошҳои пайвастаи Сарвари давлат, даъвату муроҷиат, дастуру супоришҳо, паёмҳои табрикотӣ ва суханрониҳояшон аз минбарҳои ватанию хориҷӣ, ҷамъомаду вохӯриҳо бо табақаҳои мухталифи ҷомеа равшан ифода ёфтаанд. «Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, руҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад. Дар қалби бузурги модар ҷахон ҷой мегирад»,- таъкид менамояд Пешвои миллат.
Имрӯз боиси хушнудист, ки мо дар мақомоти марказиву маҳаллӣ ва ҳатто дар мақомоти қудратӣ нақши занро ҳамчун созанда ва ободкунандаву идоракунанда мебинем, ки ин боиси ифтихору сарфарозии мо занҳо мебошад. Умуман, занони тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсисёбии давлати Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун схизмати боса зо намудаанд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба матнати зани тоҷик баҳои баланд додааст: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се зазор сол табл. Дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст». Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи занҳо дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ  қариб 68 фоиз, фарҳанг 51 фоизро ташкил медиҳад.
Аз таҳлилҳои Агентии хизмати давлатӣбар меояд, ки дар мақомоти давлатӣ 21113 воҳиди корӣ  муқаррар гардида, азон 1903 ҷойхолӣ буда, 19 210 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд, ки аз инҳо 4485 нафар, ё 23,4 фоизашонро занҳо ташкил медиҳанд.
Теъдоди занон дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 2896 нафар (24,5 фоиз) ва дар мансабҳои роҳбарикунандаи онҳо 509 нафар (16,6 фоиз); дар мақомоти иҷроия маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 986 нафар (26,5 фоиз) ва дар мансабҳои роҳбарикунандаи онҳо 305 нафар (20,9 фоиз), дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 550 нафар (16,5 фоиз) ва дар мансабҳои роҳбарикунандаи онҳо 230 нафар (19,9 фоиз) мебошад.
        Дар маҷмуъ теъдоди занон:
        -дар мансабҳои сиёсӣ -9 нафар (6,0 фоиз);
        -дар мансабҳои категорияи олӣ -88 нафар (22,6 фоиз);
        -дар мансабҳои категорияи якум -88 нафар (9,9 фоиз);
        -дар мансабҳои категорияи дуюм- 120 нафар (13,2 фоиз);
        -дар мансабҳои категорияҳои сеюм– 481 нафар (21,5 фоиз);
        -дар мансабҳои категорияи чорум 331 нафар (23,1 фоиз);
        -дар мансабҳои категорияи панҷум- 1190 нафар (24,3 фоиз);
        -дар мансабҳои категорияи шашум 1226 нафар (25,0 фоиз);
        -дар мансабҳои категорияи ҳафтум– 899 нафар (28,0 фоиз )-ро ташкил дода, аксари занон дар мақомоти давлатӣ дар мансабҳои категорияҳои 5,6 ва 7 кор мекунанд.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки ба мансабҳои хизмати давлатӣ мансабҳои сиёсӣ ва мансабҳои хизмати давлатӣ дохил мешавад.
Мансабҳое, ки бо тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти  мақомоти давлатӣ муқарар карда шудаанд онҳо аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ишѓол карда мешаванд ва таъйин, интихоб, озод, бозхонд намудани онҳо дорои хусусияти сиёсӣ ва умумидавлатӣ буда, барои тадбиқи мақсадҳои сиёсӣ, вазифаҳо ва салоҳияти мақомоти давлатӣ ҷавобгар мебошанд.
Мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ мансабҳое мебошанд, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ муқарар намудаанд.
Мансабҳои маъмурии давлатӣ мансабҳое мебошанд, ки дар дастгоҳи мақомоти давлатии шохаҳои қонунгузор иҷроия ва судии ҳокимияти давлӣ бо ҳаҷми муқараргардидаи мақомотҳо ва масъулиятҳо дохил мегарданд.
Мансабҳои сиёсии давлатӣ – мансаби давлатие мебошад, ки таъин, интихоб ва озод кардан аз он аз ҷониби мақоми олии кишвар, Президент, Праламент ва  сарвазир амалӣ мегардад.
Мансабҳои ҳокимияти давлатӣ – мансабҳое мебошанд, ки Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои ҶТ, барои бевосита иҷро намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ муқарар кардаанд. Масалан мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, мансаби раисони Маҷлисҳои Маҷлиси Олӣ, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Суди конститутсионӣ, вакилони МНМО ва ѓайра мебошад.
Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар дар Паёми худ аз 26 январи соли 2021 қайд намуданд, ки: “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳоба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои илованиро амалӣ мегардонад”.
 Аз натиҷаи интихоботи соли 2020 бармеояд, ки ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Оли 8 зан, ё ин ки 25,8 фоиз, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ 15 нафар занон, яне 23,8 фоизи вакилонро ташкил медиҳанд, ки ин нисбат ба интихоботи қаблӣ 4 фоиз бештар аст. Теъдоди вакилзанон дар Маҷлисҳои вакилони халки шаҳру ноҳияҳо низ чанд маротиба афзуд, ки шаҳодати эътимоди халқу миллати тоҷик буда, аз сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ дарак медиҳад.
Ҳамасола дар  самти тайёр намудани кадрҳои лаёқатманди хизмати давлатӣ дар ҷумҳурӣ чораҳои мушаххас андешида мешавад. Фаъолияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадаф равона гардидааст. Тайёр намудан, такмили ихтисос, бозомӯзӣ, таҷрибаомӯзӣ ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ пурра ба дӯши Академия вогузор гардида, ва бо ба истифода додани бинои нави таълимии Академия барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо, тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Имрӯз дар Академияи мазкур ҳамагӣ 3777 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз он 1666 нафар донишҷӯ дар зинаи бакалавр, 782 нафар дар зинаи магистратура, 1325 нафар дар маълумоти дуюм таҳсил мекунанд.  
Боиси хушнудист, ки ҳамасола даҳҳо нафар ҷавонони лаёқатманд Академияро хатм намуда, ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба кор қабул мегарданд, ки дар байни онҳо бонувони лаёқатманд кам нестанд.
Қайд намудан бомаврид аст, ки фаъолият дар самти хизмати давлатӣ масъулият ва ҷавобгарии бештарро аз инсон маҳс аз занон талаб мекунад. Фаъолият дар ин самт махсус ба зан-модар баръало душвор мегардад. Чунки фаъолияти хизматчии давлатӣ дар қатори бартариҳо маҳдудият ва мушкилиҳои зиёдеро доро мебошад, ки барои иҷроиши онҳо ба занон ва махсусан модарон вазниниҳои зиёд меорад. Ин номуайянӣ дар реҷаи кор ва рӯзи корӣ, ки ин метавонад ба таълиму тарбияи фарзандон ва нигоҳдории оила душворӣ орад. Лекин дар хизмати давлати бисёранд занону бонувоне, ки дар баробари хизмати софдилона, оилаҳои солим, фарзандони баруманду бофарҳангро тарбия намуда, бо ин дар таъсис ва бунйди ҷомеаи солим нақши арзанда гузоштаанд.
Мутаасифона, ба даъватҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонва ҷалб намудани бештари занон дар идора намудани хизмати давлатӣ  дар аксари мақомотҳо рӯз то рӯз ворид шудан ба хизмати давлатӣ ва саҳм гузоштан дар идоракунии давлатӣ аз ҷониби занон коҳиш ёфта истодааст. Масалан, таҳлилҳо нишон додаанд, ки то 1 июли соли 2020 дар 28 мақомоти марказӣ, 2 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, 9 мақомоти иҷроияи давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 23 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва 12 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ теъдоди занон аз фоизи миёнаи ҷумҳуриявӣ (23,5 фоиз) камтар мебошад.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳоло ҳам занон барои ҳамаҷониба истифода бурдани ҳуқуқу манфиатҳои худ мо занҳо кӯшиш намекунем. Барои баланд бардоштани маҳорату малакаи корӣ, дониш, забономӯзӣ саъйю кӯшиши арзанда намекунем. Мусаллам аст, ки занон дар баробари омӯхтани илмҳои муосир ва баланд бардоштани потенциали кории худ, инчунин як қатор масъулияти баланди зиндагӣ ба дӯш доранд, ки ин масъулият баръало дар минталитети мо занҳои тоҷик болотар меистад.
Дар ҷомеаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабулгардида, амали назаррас дорад. Бояд қайд кард, ки маҳз зан-модар дар тарбияи ахлоқии фарзанд нақши муҳиму боризе дошта онро, яъне фарзанди дар хонавода, гирди дастурхон бо муҳаббату самимият ва худшинос тарбият кардаи худро ба ҷомеаи солим роҳнамун месозаду дар идора намудани ин макони маърифат ҳиссаи худро мегузорад. Зеро ба қавли Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бо маърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо, ношукру носипосонро ба фурӯтаниву шикастанафсӣ роҳнамун месозад».
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ таҳти сарварии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионӣ, густариши фаъолияти ташкилотчигию ҷамъиятии мехнатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳалли проблемаҳои демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ тадбирҳои имконпазирро андешида амалӣ мегардонанд.
Тамоми дору дарахтони рӯи замин,
Агар ба дасти нависандагон қалам шавад,
Шавад сиёҳӣ, агар оби дарё,
Ва барги дору дарахтон, агар шавад дафтар,
В-агар навишта шавад дар ситоиши модар,
Шавад тамому сухан нотамом монад боз.
 
Абдулхолиқзода Лутфия
Вакили Маҷлиси намояндагон

Илова кунед