Мулоқоти Сафири Фаластин бо вакилони Маҷлиси намояндагон

26 Феврал 2021, Ҷумъа

Имрӯз вакилони парлумони касбии мамлакат,  узви Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин Раҳмонзода Зоир, Маҳмадмуродзода Ғисиддин ва Азизов Ғайрат бо Сафири фавқуллода ва мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исса мулоқот намуданд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки ҳамкорӣ ва  муносибатҳо  миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар ҳоли рушд қарор доранд. Тоҷикистон ба густариши ин ҳамкориҳо  таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Зимни баромади худ раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин Раҳмонзода Зоир иброз намуд, ки Тоҷикистон чун субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ имрӯз бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро, аз ҷумла бо Давлати Фаластин ба роҳ монда, муносибатҳояшро бо он дар сиғаи дуҷониба ва чорчӯбаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ фаъолона пеш мебарад. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Фаластин бар пояи устувори таърихӣ такя мекунанд. Ёдовар мешавам, ки ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ байни Тоҷикистон ва Фаластин робитаҳои дустиву ҳамкорӣ барқарор гардида буданд.
Мехостам қайд намоям, ки новобаста аз вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва буҳронҳои зиёди иҷтимоиву молиявии ҷаҳонӣ махсусан дар шароити паҳншавии вазъи манфии эпидемиологӣ дар ҷаҳон, пеш аз ҳама, пандемияи COVID-19 дар кишвари мо соли сипаригашта, ду чорабинии муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва хосса, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ин чорабиниҳои бузурги сиёсӣ, ки ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекард, мардуми шарифи кишвари мо бо истифода аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва фарҳанги волои сиёсии хеш дар он фаъолона ширкат вардиза, дар як фазои озоду демократӣ баргузор гардидани он, саҳми арзандаи хешро гузоштанд. Зоир Раҳмонзода ҳамчунин иброз намуд, ки“ - имрӯз дар парлумони мо намояндагони шаш ҳизбҳои сиёсӣ, ба фаъолият менамоянд.
Бо мақсади густариши робитаҳои дуҷониба миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶРаҳумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин амал мекунад.

Аз ин рӯ, мо омодагии худро баҳри таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва рушди робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид менамоем.
Мо, итминони комил дорем, ки вохӯрии имрӯза ба мо имкон медиҳад, ки дар густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди соҳаҳои номбаршуда байни давлатҳо фаъолона ширкат варзида, ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварҳоямон саҳми арзандаи хешро гузорем”.
Бо истифода аз фурсати муносиб,-гуфт Зоир Раҳмонзода,  дар охир, бори дигар рағбати самимонаи гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагонро баҳри фаъолияти муштарак ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити ду кишвар ва рушду шукуфоии онҳо иброз медорам.
Ба Шумо дар ҷодаи таъмини рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ва иҷроиши вазифаи пурмасъулиятатон, сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва ба мардуми дӯсту бародари Фаластин сулҳу суботи пойдор, тинҷию оромӣ ва пешрафту тарақиёти рӯзафзунро хоҳонам. 
Мулоқот дар рӯҳияи якдигарфаҳмӣ ва созандагӣ ҷараён гирифт.

Илова кунед