Раиси Вулуси Ҷиргаи (Парламенти) Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон омад

27 Феврал 2021, Шанбе

Шоми имрӯз Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии  (Парламенти) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон омад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳонашонро Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода истиқбол намуданд.  
Дар доираи сафари кори ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони олиқадр   бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода,  вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  пракурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот менамоянд.
Дар доираи сафари кори ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии  (Парламенти)  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ва ҳамроҳони ӯ ҳамчунин аз «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ва «Кохи Наврӯз» дидан менамоянд.

Илова кунед