Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ

01 Март 2021, Душанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот намуд.
Зимни мулоқоти судманду самимӣ Раиси парлумони касбии мамлакат иброз намуд, ки “-муҳтарам Мир Раҳмон Раҳмонӣ Шуморо дар Тоҷикистон ҳамчун як сиёсатмадори барҷаста ва ходими намоёни давлатӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.
Мутмаинам, ки фаъолияти пурсамари Шумо дар  ин мақоми олӣ ба рушди муносиботи дӯстонаи мо такони ҷиддӣ хоҳад дод.  
Бояд иброз намоям, ки тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи  Тоҷикистон ва Афғонистон  ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Сарвари давлати мо ҳамеша дар суханрониҳояшон густариши ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо ҳамсоягони наздики худ, бахусус Афғонистон, пайваста таъкид менамоянд. Натиҷаи мулоқот ва музокироти сатҳи олии ду кишвари дӯсту бародар омили асосии тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошанд”.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки дар заминаи гуфтушунидҳо пайваста ба раванди пайдо намудани роҳҳои самараноки истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ дар Афғонистон ва таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногун таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Дар доираи суҳбати анҷомёфта роҳбарияти олии ду кишвар масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди  Истамбул»-ро баррасӣ карда, ҷиҳати доир намудани ин ҳамоиш дар охири моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Афғонистон ба мувофиқа расиданд.     
Бояд иброз намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Албатта, умед дорем, ки ташрифи Шумо муҳтарам Раис ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Роҷеъ ба фаъолияти комиссияи муштараки ду кишвар ибрози андеша намуда, Маҳмадтоир Зокирзода афзуд, ки дар рушди робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар мулоқоти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақши муҳим мебозанд.
То ба имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳафт ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ доир гардидаанд.
Байни Тоҷикистону Афғонистон асоси қарордодиву ҳуқуқӣ сол ба сол тақвият меёбад ва то ба имрӯз беш аз 90 санади ҳамкории дуҷониба, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расида, мавриди амал қарор доранд.
Муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон рӯ ба инкишоф ниҳода, Афғонистон дар байни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон мақоми намоёнро касб кардааст.
Танҳо дар соли 2020 мубодилаи мол байни ду кишвар зиёда 70 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва бештар аз 68 млн. доллари он ба содироти молҳои Тоҷикистон рост меояд, ки асосан аз интиқоли барқ, семент, маҳсулоти сохтмон, нуриҳои минералӣ, маводи ғизоӣ, меваҷот ва сабзавот иборат мебошанд.
Мусаллам аст, ки кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз, ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро водор месозад, ки ҳарчи бештар ҳамкории воқеан судманду фарохро рушду густариш бахшем.
Ин иқдом имкон медиҳад, ки нақши геополитикӣ ва транзитию иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон ҷиддан боло бардошта шавад.     Афғонистон ва Тоҷикистон дар қалби қитъаи Осиё ҷой гирифта, пайвандгари минтақаҳои бузурги дунё маҳсуб мешаванд.
Ин амр тақозо менамояд, ки мо роҳу пулҳо ва нақбҳо созем. Дар чунин шароит Шоҳпули амалкунандаи “Дӯстӣ” кишварҳои моро пайванди ниҳоят матлуб бахшид.
Бояд тазаккур дод, ки байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳоло шаш пул фаъолият дорад, ки дар тавсеаи робитаҳо ва густариши тиҷорати дуҷониба нақши муҳим доранд.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишварро яке аз самтҳои муҳим арзёби намуда, изҳор дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо кишвари бародари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад.
Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил карда шуд.
Умедворам, ҷиҳати рушду тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ гурӯҳи дӯстии ташкилгардида саҳми босазо гузошта, иштироки фаъоли парламентҳои ду давлати дӯсту бародарро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъмин менамоянд.
Мо ҷонибдори рушди робитаҳои кишварҳоямон ҳастем ва омодаем, ки ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо талошҳои дучанд варзем.
Мо аз ояндаи дурахшони равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Афғонистон комилан мутмаинем.
Дар хотима, барои суҳбати пурмуҳтаво ба Шумо, ҷаноби Раис изҳори сипос намуда, бароятон сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дусту бародари Афғонистон сулҳу амонӣ, шукуфоии рӯзафзун ва дастовардҳои нав ба нав орзумандам,-гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ ҷоӣгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Афғонистон басо баланд арзёбӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “- мо аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр хушнуд ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд.
Дар фарҷом изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон минбаъд низ дар тамоми арсаҳо ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа бемаӣлон густариш меёбанд.

Илова кунед