Нақши занону бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ

02 Март 2021, Сешанбе

Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи ҷомеаи башарӣ ва таҷрибаи пешрафтаи аксари кишварҳои олам нишон медиҳад, ки мустақилияту соҳибистиқлолӣ ба эҷоди миллате бо пайванди иҷтимоии қавӣ ва давлати неруманд боис мегардад. Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил ёфта, равиши тоза гирифта истодааст. Зеро табиист, ки ҷое занону бонувон ҳаст, назму низом ва самимияту меҳрубонӣ пойдор аст. Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосса аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушду нумӯи онҳо дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ, як қатор барнома ва стратегияҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти занонро фаро гирифта, татбиқи амалӣ ва ҳаёту фаъолияти бонувони тоҷикро боз ҳам рангину раванди тоза мебахшанд. Интишори фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадрдшиносии онҳо мебошад. Пас, вобаста ба тақвияти омилҳои зикргардида, таъкид ба чанд нуктаи ҷиддӣ зарур аст. То аввали соли 2021 аз ҳудуди 9,5 миллион аҳолии кишвар наздики 49,5% - ро занон ташкил медиҳанд, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар нисбати дастгириву ғамхорӣ ба онҳо сол аз сол меафзояд. Боиси хушнудист, ки занон ташаббусро ба даст гирифта, дар соҳаҳои гуногуни кишвар аз худ масъулият ва фаъолияти бештар нишон медиҳанд. Ин аст, ки сафи бонувони соҳибкор ва роҳбар дар кишвар рӯ ба рушду пешравӣ дорад. Имрӯз, ки пас аз садсолаҳои маҳрумият мо дубора соҳиби давлати худ гардидем, дар канори он будану зери парчамаш сарбаландона саф кашидан вазифа ва масъулияти ҳар як бонуи тоҷиқ низ ҳаст. Воқеан ҳам, Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти зани тоҷик таъсири амиқе гузошт. Занону бонувон ҳамчун фарзандони ин сарзамини марзу буми аҷдодӣ ба раванди таҳким бахшидани корҳои созандагву бунёдкорӣ фаъолона ворид гаштанд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ онҳо тавонистанд собит намоянд, ки дар баробари рисолати модариву ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд.
Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, натиҷаҳои интихоботи соли 2020 нишон медиҳад, ки ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.
Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.
Чӣ хеле, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.01.2021 таъкид карданд, занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.
Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занону бонувон ташкил медиҳан, ки аз ин дар соҳаҳои илму маориф 73 фоиз, тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 67 фоиз ташкил медиҳад. Саҳми онҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро дар миқёси ҷумҳурӣ мебошанд.
Аз тарафи Ҳукумати мамлакат ҳамаи ташаббусҳои занону бонувони кишвар дастгирӣ карда шуда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда пайваста тадбирҳои иловагӣ амалӣ мегардад.
Бо ин мақсад, дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Воқеан ҳам дар даврони соҳибистлолии ватани азизамон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакатамон ҷиҳати ҷалби занону бонувон ба хизмати давлатӣ бисёр тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудааст, ки ҳамаи ин иқдомот масъулияту нақши занону бонувонро дар рушду таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам ҷиддитару муввазафтар мегардонад.
Бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои зикргардида ва тақвияти бештари омилҳои мавҷуда таъкиди як иқтибоси таърихии Асосгузори сулҳу вадати милли, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, дар ин фурсати муносибу арзанда хеле ба мавриду саривақтӣ мешуморем: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».
Дар мамлакати биҳиштосои мо, тамоми қишри ҷомеаи шаҳрвандӣ ба занону бонувон ҳамчун ба рисолати ЗАН – МОДАР, хоҳар, духтар ва ҳамсар бо эҳтирому самимият ва меҳру муҳаббати бепоён муносибат менамоянд.
Аз ҷониби дигар, фаро расидани фасли баҳору зиндагӣ, аз эҳёи табиат ва зебогии муҳити атроф мужда расонада, хираду наҷобат ва бузургии зан-модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш мешавад.
Албатта дар ин падида як рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон алоқамандии зич дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 8-уми мартро ба хотири эҳтирому қадршиносии бепоёни занону модарон ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан-модар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунад.
Воқеан ҳам, дар зиндагӣ мо ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.
Бузургони гузаштаи халқамон, ки аз худ барои наслҳои оянда одобномаву насиҳатномаҳои зиёд ба мерос гузоштаанд, фармудаанд, ки падару модар, муаллим ва ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва фарзандон дар назди ҷомеа масъулияти бештар доранд. Аз ин лиҳоз, мо-тоҷикон, ҳамчун миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги дунё назди оламиён нақши тамаддунсозу арзанда дорем.
Дар даврони Истиқлол баъзе қолабҳои шахшудаи ҷомеаи анъанавӣ шикаста шуданд. Зан – модари тоҷик тавонист ҳунару малакаи табии худро эҳё созад ва нақши густурдаеро дар пешрафти ҷомеаи худ иҷро намояд.
Мирзо Турсунзода, шоири маҳбуби мо гуфта буд, ки: «Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо».
Бонувони мо дар партави Истиқлолият тавонистанд ҳамон асолати оташ будани худро дарёбанд, дар баробари мардон қадам монанд, асолати зан будани худро ҳифз кунанд ва бори дигар симои модари тоҷикро нишон диҳанд.
Ҳамин тариқ, бо боварии комил метавон гуфт, ки модарону бонувони арҷманди мо чунин суннатҳои деринаи миллиамонро дар оянда низ идомаи нек бахшида, баҳри ободии кишвари азизамон, оромии ҷомеа ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши пурарзиш мегузоранд.
Дар охир, ҳамаи ҳамкасбони азиз занону бонувони меҳрубон ва хоҳарони хушбахту сарбаландро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми, модарони мӯнису ғамхори кишвари азизамон, пеш аз ҳама, саломатӣ, умри дарози бобаракат, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва иқболи нек орзу менамоем. Рӯзи модар муборак, модарону бонувони азиз!
 
Вакилони Маҷлиси намояндагон
Латифзода Рустам , Раҳмонзода Зоир,
Юсуфӣ Муҳаммадраҳим, Ахмедов Мирзоанвар, Умаров Абдуҷаббор.

Илова кунед