Аз иҷлосияи Маҷлиси намояндагон

03 Март 2021, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Rонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т. А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе, Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика», Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика“, Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»,  Протокол дар бораи қатъ кардани амали Созишномаи таъсиси Кумитаи байнидавлатии асъор аз 26 майи соли 1995, Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини омодагӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё ба вуқӯъ омадани ҳодисаи садамаи радиатсионӣ ва кумаки мутақобила ҳангоми рафъи оқибатҳои онҳо, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баромади Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода,  вакили мардумӣ Раҷабзода Равшан ва вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, хизмат дар мақомоти адлия, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ  ва  техникии  мақомоти  адлияро муайян менамояд.
Дар лоиҳаи номбурда мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дониста шудааст, ки дар доираи ваколатҳои худ таъмини сиёсати давлатиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ,баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, амалӣ менамояд.

Масъалаҳои дигари рузномаро ба вакилони мардумӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, вакилони мардумӣ  Холбойзода Неъматулло, Маҳмудзода Музаффарҷон,  Аҳмадзода Бахтиёр,  Содиқӣ Насиба, Обидзода Фозил, Матробиён Саодатшо ва  Сафаров Зайниддин  баррасӣ намуда аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.











Илова кунед