Ҷаласаҳои Кумитаи доимии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид

02 Март 2021, Сешанбе

Дар Қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаҳои Кумитаи доимии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, оид ба мудофиа ва амният, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаҳои мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи  ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, вакилони Маҷлиси намояндагон  Мавлуда Мирзозода, Зайниддин Сафаров, Равшан Раҷабзода, Толиб Азимзода ва Юсуфӣ Маҳмадраҳим ва намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Бахтовар Сафарзода ба таври реҷаи фосилавӣ (онлайн) иштирок ва суханрони намуданд.
 
Дар кори ҷаласа ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат варзиданд.
Дар рафти ҷаласаи мазкур иштирокчиёни он доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки дар ҷаҳони имрӯзаи муосир  хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср дар ҳамбастагӣ тақозо менамояд.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин якчанд қонунҳо ва санадҳои тавсиявиро мавриди баррасӣ қарор дода, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида якдилона қарорҳои дахлдор, ки аҳамияти муҳими амниятӣ доштанд қабул карданд.
Дар интиҳои ҷаласа нақша чорабиниҳои бастаи санадҳои нав ба имзо расид, ки он барои баррасӣ зимни ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ пешниҳод гардид.



Илова кунед