Мулоқоти аъзои фраксияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бо раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

03 Март 2021, Чоршанбе

3.03.2021. Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муаззаф гардид, ки аз санаи 28-уми феврал то 6-уми марти соли 2021 курси бозомӯзиро дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар видоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор намояд.
Имрӯз дар доираи чунин чорабиниҳо ва ба муносибати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар парлумони касбии мамлакат мулоқоти аъзои фраксияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон бо раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар назди иштирокчиёни ҷаласа  муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Дилрабо Мансурӣ баромад намуда, изҳор дошт, ки  таҷрибаи  таърихӣ  нишон  медиҳад,  ки асри ХХ дар раванди ташаккули давлатдории миллати тоҷик такони бузург бахшидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ масъалаи ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ ва низоми  бисёрҳизбӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида буд.  Нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» қабул гардид.  Қонуни  мазкур  нақш ва мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро мушаххас намуда, муносибатҳои иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи рушди иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худро  танзим менамояд.
Боиси зикр аст, ки роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ дар тӯли фаъолияташ роҳи мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат ҲХДТ борҳо ҳизби халқ будани худро дар амал собит кард. Исбот намуд, ки тамоми афкору маънавиёташ аз қаъри дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш ба манфиати халқ равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯли ин солҳо ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии  сиёсӣ  дар  ҷомеа  нуфузи  махсусро  соҳиб  гардида,  аз  оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар рушди кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо рисолати  созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона миёни мардум  ба  таври шоиста муаррифӣ гардида,  аз як  гурӯҳи хурд  ба ҳизби муосири қариб ниммиллионнафара, ба нерӯи пешсаф, ташаббускору созанда табдил ёфтааст.
Лозим ба зикр аст, ки фаъолияти назаррас ва ибратбахши бонувону духтарон мавриди таваҷҷӯҳ ва эътибори ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша занону бонувонро ҳамчун шахсиятҳои бомасъулият, меҳрубон, устувор ва ояндадор баҳо дода, иброз менамоянд, ки нисбат ба ин табақаи ҷомеа таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда мешавад. Тавре огоҳӣ доред, мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон (25,8 фоиз) ва ба Маҷлиси намояндагон 15 нафар (23,8 фоиз) интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.

Дар назди ҳозирин ҳамчунин Раиси Фраксияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Обидзода Фозил, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода баромад намуда,  роҷеъ ба рисолати  созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарваронаи  Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон миёни мардум ахбороти муфассал доданд.
Дар анҷоми мулоқот иштирокчиёни ҷаласаи мазкур  аз Осорхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.


Илова кунед